Табрикоти роҳбатияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо вобаста ба таҷлили 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар даврони соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ ислоҳот гузаронида шудааст, ки яке аз онҳо ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ имкон дод, ки роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеа ва давлат муайян карда шавад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти конститутсионӣ маҳз бо таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд, ки гардиши куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии ҷумҳурӣ гардид.  

Ба андешаи коршиносон, Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 принсипҳои нави ташкилӣ-ҳуқуқии соҳибихтиёрӣ ва оғози ташкили давлати муосири Тоҷикистонро замина гузошт, ки ва онро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян намуд.

Дар шароити муосир Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз унсурҳои асосии давлат буда, дар танзими муносибатҳои муҳимми давлатию ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад. Он маҳсули иродаи халқи Тоҷикистон буда, бунёди ҷомеа ва давлат аз ин санади олии олии ҳуқуқӣ ибтидо мегирад. Хусусияти муҳимми Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, сарчашмаи низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошад.

Таҷрибаи бунёди давлати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки нақш ва саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории Тоҷикистон ба таври арзишманд арзёбӣ мегардад. Хидматҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон беинтиҳо буда, ин абармарди таърих на танҳо аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон, балки аз тарафи ҷомеаи башарӣ мавриди эътироф қарор гирифтааст. Дар яке аз сарчашмаҳои илмии ватанӣ саҳми Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллии Тоҷикистон пажӯҳиш гардида, иброз шудааст, ки «воқеан, агар мо фаъолияти Сарвари давлатро дар тӯли солҳои сипаришуда аз рӯйи инсоф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, хоҳем дид, ки маҳз аз баракати роҳбарии дурусту сиёсати хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллат бино ниҳодани давлат, ба таври мушаххас муайян намудани тарзу усули давлатдорӣ, поягузории соҳаҳои ҳуқуқи муосир ва таъсиси дастгоҳи нави давлатии қодир ба хизмати мардум амалӣ гардид. Гузашта аз ин, маҳз дар ҳамин солҳо худшиносии миллӣ ва ташаккули афкори ватанхоҳиву ватанпарастӣ дар қалбҳои мардуми мамлакат ба таври густурада нуфуз пайдо кард ва устувор шуд. Ба ибораи дигар, раванди миллатсозӣ ва таъмини воқеии миллати тоҷик оғоз гардид.

Пешвои миллат дар таърихи навини халқи тоҷик дар саргаҳи ҷомеаи навини Тоҷикистон қарор дошта, дар рушду инкишоф ва мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ ва ҷомеа саҳми арзанда ва бузург доранд.Яке аз муҳаққиқони ватанӣ иброз менамояд, ки «барои қабул намудани Конститутсия нақши Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бориз аст.                   Зеро, пас аз Иҷлосияи таърихӣ масъалаи таҳия, муҳокима ва қабули санади ишорашуда аз нав ба миён гузошта шуд. Метавон гуфт, ки Конститутсияи амалкунанда натиҷаи амалӣ гаштани қарорҳои Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ мебошад» Ҳамин тариқ, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави бунёд ва инкишофи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистони муосир буда, таҳия ва қабули ин санади олии ҳуқуқӣ бо саъю талош ва азму иродаи қавии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамзамон нақш ва саҳми ин шахсияти таърихии халқи Тоҷикистон дар такмили меъёрҳои он бағоят бузург ҳисобида мешавад.