Ҷаласаҳо

 Ҷаласаи кормандони Хадамот бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешгирии омилҳои корупсионӣ ва нақши Стратегия дар таъсири он        

                                        5.11.2020с.                                       ш.Душанбе

                                     Аламзода И.Б.                             -муовини якуми сардори Хадамот

                                     Мирзозода А.                              –муовини сардори Хадамот

                           

                                     Иштирок доштанд:

                                     Кормандони Хадамот                -23 нафар

                                

                                     Ҷаласаро муовини якуми сардори Хадамот Аламзода И.Б. бо суханҳои табрикотӣ оғоз намуд.

                                     Дар ҷаласа ду масъала      мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

                           1.Таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                           2.Пешгириҳои омилҳои корупсионӣ.

         Аз рӯи масъалаи якум дар мавзӯи “Мафҳум ва моҳияти Конститутсия” Мизонов Сайидо-нусхабардор ва таъминотчии сомонаи Хадамот суханронӣ намуд.

Ҳозирини гиромӣ !


Истилоҳи «Конститутсия» ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Дар замони сохти ҷамъияти феодалӣ мазмуни он тағйир ёфта, муносибатҳои ба сохтори марзӣдавлатӣ алоқамандро танзим менамуд. Аввалин конститутсияҳо дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нав дар Амрик

Мувофиқи мазмунашон меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳолати ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатиро аз рӯи таҷзияи ҳокимият, тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти онҳо мустаҳкам менамоянд. Меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ аз меъёрҳои қонунҳои одӣ ба он фарқ мекунанд, ки онҳо ба маънои васеашон усул ва шаклҳои баамалбарории ҳокимияти давлатиро муқаррар ва таҳким мебахшанд. Гузашта аз ин, меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ба талаботи ҳаёти ҷомеа алоқаманд буда, ба устувории Конститутсия замина мегузоранд.осоли 1787, Фаронсасоли 1791 ва Лаҳистонсоли 1791 таҳия ва қабул шудаанд.

Қувваи олии Конститутсия дар маҷмӯи хусусиятҳои ҳуқуқии он ниҳон аст, ки онҳо дар якҷоягӣ мавқеи ин санадро дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ муайян менамоянд. Конститутсия на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад.
Конститутсияи ҳоло амалкунандаи мо хусусиятҳои махсуси худро дорад. Дар он хусусиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, миллӣ, сиёсӣ, таърихӣ, динӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд. Дар як вақт барои ҳамаи конститутсияҳо хусусиятҳои умумӣ хос мебошанд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии давлат буда, мувофиқи хусусияти сиёсии худ ҳуҷҷати муттаҳидсозандаи тамоми мардуми ватани азизамон-Тоҷикистон ба шумор меравад. 

  1. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Конститутсия раванди давлатдорӣ ва сиёсати пешгирифтаи давлатро нишон медиҳад. Дар Тоҷикистон ҳар сол 6-уми ноябр рузи Конститутсия қайд карда мешавад. шањрвандон боло бурда шавад.

Баъдан Қосумбеков А.- мутахассиси пешбари нозироти давлатии назорати маводи тарканда дар мавзўи “Конститутсия кафолати демократияи кишвар” чунин сухан кард.

 Мо дар пешоруи санаи муҳими таърихӣ, ҷашнгирии 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахтномаи давлат қарор дорем. Конститутсия ин ҳуҷҷати таърихӣ мебошад, зеро агар давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамаги зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро аниқ мекунад. Дар таърихи башарият маҳз Конститутсияҳо сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва прогресси ҷамъият гаштаанд.

Ҳамасола, 6 – ноябрро мардуми кишварамон  ҳамчун рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ҷашн мегиранд.  26  сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсоз  – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд, ки  дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон сафҳаи тозаеро боз намуд ва  он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор ва  дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон қадамҳои устувор гузошта шавад.  Ифтихори ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон аз он аст, ки дар давоми 26 соли амали Конститутсия – ин санади асосии миллӣ арзишҳояш  ба куллӣ собит гаштанд.  Он дар воқеъ ифодагари манфиатҳои волои Ватану миллат, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминсозандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ   эътироф гардид.

 

Дар мавзуи  «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва нақши Стратегия дар таъсири он» сармутахассиси бахши илмӣ техникӣ Абдуллоев З.С. суханронӣ намуд.

Ҳозирини гиромӣ !

Коррупсия- зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи ичтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатї табдил ёфтааст

 (Эмомалӣ Раҳмон)

Муқовимат ба коррупсия-мафњуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсати роҳбарияти давлат огоз гардида, самаронокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.

Асосан мафҳуми муқовимат ба коррупия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва муборизаи ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.

 

Дар охир Аламзода И.Б.- муовини якуми сардори Хадамот барои иштирок дар ҷаласа  бахшида ба рӯзи Конститутсия ба иштирокчиён бо суханони табрикотӣ аз номи роҳбарияти Хадамот  суханронӣ намуда, кори ҷаласаи навбатии Хадамотро  пӯшида  эълон намуд.

Ташаккур барои иштирокатон.