Табрикоти роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар

«Модар мазҳари муҳаббат, меҳру вафо, сабру таҳаммул ва чароғи равшани хонадони ҳар инсон аст. Бо шири поку дуои неки модарон фарзандон ба камол расида, накубахт мегарданд ва дар рушду пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Дар роҳи илму маърифат, тарбияи фарзандон ва рушди Ватан нақши модарон беназир аст». Бо назардошти нақши арзишманду муассири занону модарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар авлавияти сиёсати худ қарор додааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Модар чароғи хонадон, офтоби бахту саодати фарзандон ва сарчашмаи меҳру муҳаббат дар ҷомеа мебошад. Дастгирии занон, баланд бардоштани мақому манзалат ва таъмини зиндагии шоиста барои онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат мебошад».
Зан-Модар сарчашмаю офарандаи ҳаёт, рамзи покию зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад. Басе рамзист, ки Рӯзи Модар дар рӯзҳои нахустини эҳёи табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз таҷлил мегардад. Фасли баҳор ва зан ҳарду рамзи эҳёи зиндагӣ ва шодиву ормонҳо ҳастанд. Зан-Модар чун баҳор бо муҳаббат ва меҳру дуо дунёро ба сӯи нуру зиё мебарад. Маънӣ ва зебоии зиндагӣ барои ҳар инсон аз муҳаббати модар, хоҳар ва зан оғоз меёбад. Ин муҳаббат, ки дар вуҷудаш табиати некӯ ва фидокорӣ ҷо дорад, ҷаҳонро равшан месозад.