Иштирок дар ҷаласаи 13-уми конфронси ҷонибҳои Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария

Муовини якуми сардори Хадамот – Мирзозода А.А. ва сардори нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургии Хадамот – Назриев Х.Х. дар ҷаласаи 13 конфронси ҷонибҳои Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ, ки санаи 27-29 ноябри соли 2024 дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар конфрони ҷонибҳои Конвенсияи таъсири фаромарзии садамаҳои саноатии Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо (UNECE) ҷонибҳои Конвенсия (42 давлат) ва намояндагони кишварҳое, ки дар доираи лоиҳаҳои марбут ба фаъолияти Конвенсия ҳамкорӣ менамоянд, иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласаи конфронс 22 мавзўъ, аз ҷумла, бехатарии саноатӣ дар заминаи гузариши ҷаҳонии энергетикӣ, ҳисобот оид ба фаъолияти бюро баъди ҷаласаи дувоздаҳуми Конфронси ҷонибҳо, мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ: муколамаи стратегии ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ӯҳдадориҳо ва устувории Конвенсия ба чолишҳои оянда, интихоби аъзои гурўҳи корӣ оид ба татбиқи Конвенсия, идоракунии хавфи садамаҳои техногенӣ, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд, кумак ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубӣ Шарқӣ,  Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, нақшаи кории Конвенсия барои солҳои 2025-2026 ва маблағгузории он, пешгирии ифсолшавии садамавии обҳо, бехатарии полоишгоҳҳои саноатӣ, инноватсия ва бехатарии саноатӣ: технологияҳои мониторинги моҳвораӣ, аз ҷумла радари интерферометрии синтетикӣ барои таъмини бехатарии полоишгоҳҳо, системаи огоҳӣ дар бораи садамаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Семинар оид ба гузариши глобалии энергетикӣ: таҳкими бехатарии саноатӣ барои ҳалли хатарҳои пайдошаванда, ки дар доираи ҷаласаи 13 Конфронси ҷонибҳои Конвенсия ташкил гардида буд, иштирокчиёнро бо шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳонии иқтисодӣ ва экологии марбут ба декарбонизатсия шинос намуда, ба ҳадафҳо ва мушкилоти бехатарии саноатӣ дар заминаи гузариши ҷаҳонии энергетикӣ аҳамияти хоса дода шуд. Дар семинари мазкур презентатсияҳо аз рӯи панҷ самти зерин сохторбандӣ карда шуданд:

1) Давраи ҳаёти маъданҳои муҳим барои энергияи барқароршаванда ва технологияи батарея; 2) Системаҳои бузурги нигоҳдории энергияи батарея (BESS); 3) Технологияи гирифтан ва нигоҳдории карбон. 4) гидроген ва аммиак; ва 5)электрификация ва декарбонизатсияи объектхои саноатӣ. Ғайр аз ин, семинар барои фаҳмидани он, ки чӣ гуна Конвенсияи СММ оид ба садамаҳои саноатӣ метавонад минбаъд рушди сиёсат ва тавлиди донишро барои таҳкими бехатарии саноатӣ, ҳифзи муҳити зист ва саломатӣ дар заминаи рушди устувор дар давраи гузариш ба энергия дастгирӣ кунад, замина фароҳам овард.

Вобаста ба масъалаҳои 8b ва 13 рўзномаи конфронс муовини якуми сардори Хадамот – Мирзозода А.А. тибќи баромадҳои мувофиқашуда (супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.11.2024, №46957 (29-6.3)) суханронӣ намуда, оид ба ҳамкории Хадамот бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, захираҳои бузурги маъданҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои андешидашуда дар самти таъмини бехатарии полоишгоҳҳои саноатӣ, таъсиси гуруҳи кории байниидоравӣ дар Тоҷикистон оид ба бехатарии полоишгоҳҳои саноатӣ ва пешгирии ифлосшавии садамавии обҳо, семинар, ҷаласаҳо ва тренингҳои дар ин самт гузаронидашуда, ҷаласаи 22 Шӯрои байнидавлатӣ оид ба бехатарии саноатӣ, ҳамчунин қадамҳои Хадамот барои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ ва омодагии Хадамот барои ҳамкорӣ дар самти лоиҳаҳои нав дар мавзӯи таъмини бехатарии полоишгоҳҳо маъруза намуд.

Дар конфронс ҷаласаи махсус иштирокчиёнро бо истифодаи технологияҳои мониторинги моҳвораӣ, хусусан радарҳои Интерферометрии Синтетикӣ (InSAR) барои беҳтар кардани бехатарии полоишгоҳҳо шинос намуд. Муассисаҳои идоракунии полоишгоҳҳо барои одамон, иқтисод ва муҳити зист хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд ва нокомиҳо аксар вақт ба оқибатҳои фалокатбор, аз ҷумла ифлосшавии фаромарзӣ оварда мерасонанд. Дар ҷаласаи махсус потенсиали технологияи InSAR барои беҳтар кардани ошкор ва пешгирии вайроншавии сарбанди полоишгоҳҳо баррасӣ шуд. Сессияи мазкур бо баррасии технологияҳои мониторинги моҳвораӣ ва аҳамияти онҳо ба бехатарии саноатӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба қобилиятҳои InSAR дар чен кардани деформатсияҳои замин бо дақиқии миқёси миллиметр оғоз шуд. Баъдан баромадкунандагон аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноат, мисолҳои амалии истифодаи онҳо дар InSAR-ро барои беҳтар кардани мониторинги сарбандҳои партовгоҳҳо, саривақт ошкор кардани мушкилоти устуворӣ ва аз ин рӯ, пешгирии вайроншавии сарбанди партовгоҳҳо пешниҳод карданд. Дар сессияи махсус инчунин манфиатҳо ва маҳдудиятҳои мониторинги моҳвораӣ, инчунин ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва техникии ворид кардани чунин технологияҳо ба амалияҳои мавҷудаи бехатарии саноатӣ баррасӣ карда шуданд.