Ҳамоиш бо иштироки кормандони Хадамот дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

Намояндагони Хадамот Мирзозода А.А. – муовини якуми сардори Хадамот,  Назриев Х.Х. – сардори нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ ва Раҳматзода З.Р. – сардори нозироти давлатии назорати иншооти истеҳсолии хатарнок дар якҷоягӣ бо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш ва намоиши “Маъдани Чин-2024”, ки санаи 15-18 октябри соли 2024 дар шаҳри Тянтзини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҳадафи ин чорабинӣ таҳкими мубодилаи амиқтар ва ҳамкорӣ дар соҳаи иктишофи сабз, технологияҳо ва таҷҳизоти пешрафта, инчунин пешбурди сармоягузорӣ ва тиҷорат дар бахши ҷаҳонии истихроҷи маъдан мебошад.

Дар ин конфронс намояндагони беш аз 40 кишвар, минтақа ва созмонҳои байналмиллалии ҷаҳон ширкат доштанд. Дар конфронс форумҳои сершумор марбут ба истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва минтақавӣ дар атрофи мавзӯъҳои пешрафтҳои нав дар пажӯҳишҳои геологии дохилӣ ва хориҷӣ, тамоюлҳои нави рушди истихроҷи маъдан, назарияҳои нав, технологияҳои нав дар рушди истихроҷи маъдан, сармоягузорӣ ва тиҷорат дар соҳаи кӯҳкорӣ баргузор гардид.

Зимни иштирок дар чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини директори генералии Aluminium Corporation of China Limited љаноби Дун Цзианшун, сардори Хадамоти геологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тзинфа, ҳамчунин Вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия Алпарслан Байрактар вохуриҳои дуҷониба баргузор намуда, масоили ҳамкориҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Аз ҷумла, Ли Тзинфа ќайд намуд, ки Хадамоти геологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳсил дар зинаҳои бакалавр, магистратура, ҳамчунин курсҳои кутоҳмуддат дар соҳаи геология ва кӯҳӣ-техникӣ ҷалб намояд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар рафти сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тољикистон санаи 4-6 июли соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон ва Раёсати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи кўҳкории назди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шудааст. Дар ҳошияи иштирок дар чорабинї, намояндагони Хадамот санаи 17 октябри соли 2024 бо муовини сардори Раёсати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи кўҳкории назди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Мардумии Чин – Пэй Вэнтян ва сардорони раёсатҳои масъули бехатарии саноатии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохўрии дуҷониба баргузор намуданд. Зимни вохурӣ масъалаҳои тањкими ҳамкориҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум, баргузор намудани семинарҳои омўзишб, табодули афкор дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бехатарии саноати кўҳкорӣ, бехатарии полоишгоҳҳои саноатӣ, ҳамчунин бехатарии конҳои ангишт мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар маҷмуъ,  ҷонибҳо ҳамкориҳои байни мақомотҳои соҳавиро дар сатҳи баланд баҳогузорӣ намуданд.