НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳодисаҳои нохуш аз бемасъулиятии кормандон ва норасоии мутахассисони соҳавӣ ба амал меоянд
Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш- ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 нисбат ба 7 шахси ҳуқу
қӣ, 27 шахси мансабдор ва 5 шахси воқеӣ барои роҳ додан ба қоидавайронкунӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда, ҷарима гардиданд.
«Дар ин замина соҳибкоронро зарур аст сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии худро баланд бардошта, масъулиятшинос бошанд ва талаботи қонунҳоро иҷро намоянд. Дар баробари ин бояд мутахассисони баландихтисосро ба кор ҷалб намоянд. Дар ин ҳолат шумораи ҳодисаҳои нохуш коҳиш меёбад».
Ба иттилои сардори ин хадамот, дар самти сохтмон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ таҷҳизоти махсус пешбинӣ шудааст, ки кормандони техникӣ бобати пешгирии ҳодисаҳои нохуш бояд онро риоя намоянд, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе кормандон ин қоидаҳоро иҷро намекунанд. Ин яке аз сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои нохуш мебошад. Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод намуданд, ки ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.
Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим гуфт, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ то соли 2027 аз ҷониби кормандони хадамот танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд.