Маъракаи ниҳолшинонӣ

Имрӯз дар тамоми гӯшаҳои кишвар маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки васеи мардум баргузор гардида истодааст. Ин иқдоми муҳими экологӣ на танҳо ба зебоии муҳити атроф мусоидат мекунад, балки барои беҳтар шудани ҳолати экологии минтақа низ аҳамияти калон дорад. Роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо ва кули кормандони ин ниҳоди давлатӣ дар якҷоягӣ дар назди МТМУ рақами 91 пойтахт беш аз 400 донна ниҳоли ҳамешасабзӣ арча шинохтанд. Ҳадафи аслии ниҳолшинонӣ баланд бардоштани сатҳи сабзиши муҳити зист ва пешгирии эрозияи хок мебошад. Иштирокдорони ин маъракаи муҳим хушнудӣ аз он мекунанд, ки зери сиёсати ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин маърака иштирок дорем, зеро медонем, ки дарахтон ояндаи мост. Онҳо ҳаворо тоза мекунанд ва табиатро зебо мегардонанд.