Раҳим Санъат Асо «Ваҳдати миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи халқи тамаддунофари тоҷик гардидааст»

Ибораи «Ваҳдати миллӣ» дар зеҳни мардуми Тоҷикистон ва нафароне, ки ба таърихи солҳои соҳибистиқлолии мамлакатамон ошноанд, тасаввуроти гуногунро ба вуҷуд оварда, то ҳанӯз хотироти як давраи пурфоҷиаро аз пеши назарҳо мегузаронад.Барои насли нав ва наслҳои минбаъда ин мафҳум бояд чӣ гуна шарҳ дода шавад ва то куҷо мафкураи ҷомеа омода аст Ваҳдати миллиро на ҳамчун як марҳилаи баъдиҷангӣ, балки ҳамчун омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ барои ҳамаи давру замонҳо қабул намояд?! Ба ин хотир, дар нигоштаи мазкур кӯшиш кардем, ки то андозае Ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши фавқулодда муҳим дар низоми давлатдорӣ, аз дигар паҳлуҳо низ баррасӣ карда, аҳаммияти беназири онро барои ояндаи устувори мамлакат баён намоем.
Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо аҳаммияти сиёсиву иҷтимоӣ, балки аҳаммияти ҳаётӣ дошта, дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи ин халқи тамаддунофар гардидааст. Ин мафҳум муттаҳидии тамоми қишрҳои ҷомеаро бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, устувории давлатдорӣ ва дар маҷмуъ, рушди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ифода мекунад.
Хулоса, дар се даҳсолаи охир Ваҳдати миллӣ ба давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошта, барои рушду пешрафти ҷомеа мусоидат намуд. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳамкории мунтазами ҷомеа ва мақомоти давлатӣ, мубориза бо таҳдидҳои экстремистӣ ва идеологӣ танҳо тавассути ҳамоҳангии ҳама гуна қишрҳо ва созмонҳои ҷомеа имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, дар ояндаи дуру наздик ҳам мардуми аз ҳар ҷиҳат худогоҳу ташаккулёфта ҳамчун қувваи асосӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши калидӣ хоҳанд дошт. Боварию эътимоди комил дорем, ки минбаъд низ тавассути ҷалби пурра ва мутамаркази аҳли ҷомеа метавон ба ҳифзи Ваҳдати миллӣ, таъмини суббот ва рушди устувори Тоҷикистон ноил шуд ва ба ояндаи дурахшон устувор қадам гузошт.