Табрикоти Роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо вобаста ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ.
Ваҳдат муҳимтарин рукни ҳаёт ва бақои миллат ва рамзи пирӯзӣ ва такмилу устувории Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки ҳамеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он ёд менамоянд.
Ҳифз ва таҳкими ваҳдат амри ҳаётии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Иттиҳод дар луғат ба маънии “ягона шудан”, “яктоӣ ва ягонагӣ” аст ва миллӣ аз назари луғавӣ мансуб ба миллат мебошад ва он чӣ дар ихтиёри миллат аст, миллӣ аст, яъне ваҳдат ва ягонагӣ моликияти миллат аст ва ҳамчунин миллист. Вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон, ҷангу хунрезӣ, амалҳои террористиву экстремистӣ, зери парчами ислом паҳншавии ғояҳои радикалӣ мазмун ва моҳияти ваҳдати миллиро боз ҳам бароямон гаронарзиштар муаррифӣ менамояд ва талқину тақозо дорад, ки беш аз пеш ҳушёру зирак ва аз дасисаву фиреби афроди муғриз дар канор бошем ва дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат даст ба дасти ҳам гирифта, чун сипар во истем, чун айни ҳол ваҳдати миллӣ зарурат, ҳадаф ва манфиатҳои миллиро зиёдтар касб кардааст.
Падидаҳои манфии ҷомеа, ки миёни муғризон домана паҳн намуда истодааст, чун пайвастани аҳён ҷавонон ба созмонҳои ифротию террористӣ, ба таҳсили ғайрирасмии динӣ майл кардани аҳён наврасон, тақлид кардани аҳён занон ба пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона, ба ришвахориву маҳалгароӣ роҳ додани баъзе хизматчиёни давлатӣ пояи ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро суст мекунад ва аз ин вазъ душманони миллат истифода мебаранд, то фитна миёни мардуми мамлакат андозанд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар зиндагии мардум, вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон солҳои 90-ум хисороти сангин ба миён оварда буд, ки то ҳанӯз таъсири манфии он эҳсос карда мешавад. Миллати тоҷик аз азал ба қадри неъмати бебеаҳо сулҳ расидаанд ва имрӯзҳо низ сулҳу суботи пойдори мамлакати азизамон чун бебаҳотарин арзиш эътироф шудааст. Мо, набояд ҳеч гоҳ фаромӯш намоем, ки сулҳу субот дар ивази талошҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осон ба даст наомадааст.
Саҳнаҳои ҷон ба гаравмониҳои Сарвари мамлакат ба хотири дастёб шудан ба Ваҳдат аз пеши назари мо набояд сутурда шавад, зеро хеле муҳим аст ва таҷрибаи мактаби ваҳдатофарини Пешвои миллатро имрӯз дигар мамлакатҳо боиси таҳқиқу пажӯҳиш қарор додаанд, дар ин радиф бояд тамоми намояндагони қишри ҷомеа аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ба даст омадааст, шукргузор ва сипосманд бошанд ва ба қадру манзалати арзишҳои гаромояи Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат ва Пешво расида бошанд ва баҳри зиндагии шоистаи худ пайваста беш аз пеш саъю кӯшиш намоянд.