Нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагири дар нимсолаи якуми соли 2024
Дар Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 3299 корхона ва 14275 иншоотҳо ба ќайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суѓду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва иншоотҳои баќайдгирифташуда 160 назорати техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 144 назорати наќшавӣ ва 16 назорати ғайринаќшавӣ мебошад.
Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ нозирони Хадамот 2019 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуќуќиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 160 санад-нишондод ва 3 нишондод оид ба боздошти кор пешнињод гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 180 нафар шахсони ҳуќуќӣ, мансабдор ва воќеии корхонаҳои баќайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблаѓи 792232.0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва иншоотњои баќайдгирифташуда 77 иҷозатномаи намудҳои фаъолият дода шудааст.
Дар корхонаву иншоотњои зериназоратии Хадамот дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳамагӣ 18 ҳодисаи нохуш ба ќайд гирифта шудааст, ки дар натиља 14 нафар њалок ва 6 нафар љароњатњои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани ќоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбати 7 шахси ҳуқуқӣ 28 нафар шахси мансабдор ва 2 нафар шахсони воќеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиќ гардида, яъне љаримабандӣ карда шудаанд. Маблаѓи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиќгардида 141120.0 сомониро ташкил медиҳад.