Паёми табрикотии роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳамасола дар тамоми дунё санаи 15-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад. Эълони ин сана соли 1993 бо қарори Маҷмааи умумии СММ ва ба хотири пос доштани арзишҳои фарҳангии оиладорӣ сурат гирифта, инак 31 сол мешавад, ки мардуми сайёра, аз ҷумла, сокинони кишвари соҳибистиқлоламон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
Ба муносибати ин санаи муборак шумо ва дар симои шумо тамоми оилаҳои хушбахти диёрро табрику шодбош гуфта, бароятон, пеш аз ҳама, бахту иқболи баланд, хушрӯзию хушбахтии хонаводагӣ ва саломатию сарбаландӣ таманно менамоям.
Таҷрибаи таърихӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки асоси ҷомеаи солим ва маҳаки иқтидору қудрати давлату давлатдорӣ аз устувории оила сарчашма мегирад. Ҳамон тавр, ки иморат аз хиштҳо бунёд мегардад, асоси ҷамъиятро низ оилаҳо ташкил медиҳанд. Оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат мақом ва аҳамияти хоса дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумӯи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ ҳамчун ҷавҳари ҷамъият ба кори оила робитаи ногусастанӣ дорад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад”.
Мафҳуми оила ва маърифати оиладорӣ барои миллати мо намунаи шоистаи суннатҳои баландро поя гузоштааст. Бузургони илму адаби миллати фарҳангсолори мо таҳқиқот, пажуҳиш ва рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёде дар мавзуи оила ва нақши он дар ахлоқу адаб ва худшиносии инсонии ҷомеа ба мерос гузоштаанд, ки маълуму машҳуранд. Хусусан, асарҳои ҷовидонаи адибони классики мо гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Дӯстони гиромӣ!
Таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ҷомеае, ки дар он институти оила мустаҳкам нест, ба нокомӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ печида, дар ниҳоят хавфи аз байн рафтан низ ба он таҳдид мекунад. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 – ро «Соли оила» эълон карда, таъкид намуданд, ки: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».
Мутаассифона, солҳои охир дар кишвар,ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд ба назар мерасад, ки ин ҳолат нигаронии амиқро ба миён овардааст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки сабаби аслии ҷудошавии оилаҳо ин омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии паст доштани онҳо ва аз арзишҳои муқаддасу фарҳанги волои оиладорӣ бехабар будан мебошад. Инҷо бештар падару модарон гунаҳкоранд. Бахусус, духтарон бояд хонанд, босавод бошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ва айёми худшиносии миллӣ Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба суннатҳои неки гузаштагон заминаҳои нави муосир ва созгор бо замонаро бунёд ниҳодаанд. Хусусан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки лоиҳаи онро Сарвари давлат пешниҳод намуданду он ҳамчун қонуни миллӣ эътироф шудааст, раҳнамои хубе барои хонаводаҳои имрӯзи кишвар гардидааст.
Дар ҳақиқат, ҳар қадаре, ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ тарбия намоянд ҳамон қадар ҷамъият устувор мегардад.
Бо ҳамин умеду ниятҳо таманно мекунем, ки бигузор ҳамеша чароғи хонадонатон фурӯзону қалбҳоятон гарму равшан бошад.
Рӯзи байналмилалии оила муборак бошад!