Табрикоти роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди ҲҶТ бахшида ба Рӯзи модар
Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғўши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накў дар зиндагони ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ ќадри зан надонад аз хирад бегона аст.
Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.
Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст.
Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на Иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.
Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд.
Ҳарчанд барои ин кор рӯзҳои бисёр сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии “Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад ва он бояд «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд.
Дар Русия Рӯзи байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Санкт-Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали Ҳокимияти Шўравӣ, 8-уми март иди давлатиӣ пазируфта шуд. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста — оҳиста Рӯзи байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ эълон гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ-расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдабаи давлатӣ гузаронида мешуданд ва аз натиљаҳояшон ба роҳбарият оид ба сиёсаташ нисбат ба занон ҳисобот медоданд.
Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун Иди бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд.
Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз ќабили Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина чун Рӯзи байналхалқии занон; дар ҷумҳуриҳои Бела-рус ва Ӯзбекистон чун Рӯзи Модар; дар Арманистон 7-уми апрел чун Рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.
Рўзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рўзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сўи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд
Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо таќдим мегарданд .
Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини Зан-Модар аст, ки дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст.
Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин: дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.
Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!
Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасо-нандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.
Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.
Зан-модар беҳтарин мӯъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик – ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.
Дар арафаи фарорасии Иди бонувон, ошноӣ пайдо намудан бо ҳаёту фаъолияти кории онҳо аз манфиат холӣ нест. Имрӯз боиси хушнудист, ки занони босаводу лаёқатманд дар тамоми зинаҳои давлатӣ ва мақомотҳои давлатӣ фаъолона кору фаъолият менамоянд. Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Воқеан, имрӯз мо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ хусусан шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд.
Донистани қадру қимати Зан-Модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии Зан-Модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.
Зани боҷасорати тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлӯи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурдааст. Илова бар ин, занон, ки имрӯз як паҳлӯи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту густариши кишвари хеш саҳми арзанда дошта бошанд.
Дар ҷомеаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гаштааст ва хело хуб амал дорад. Бояд қайд кард, ки маҳз Зан-Модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳим мебозад.
Зеро ба қавли Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад».
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!
ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ.