Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№АП-501

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қосимӣ Заробиддин роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№АП-502

ҚОСИМӢ Заробиддин

Аз 31 августи соли 2020 дар мансаби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср кор мекунад.

Соли таваллуд: 04.11.1967        Ҷои таваллуд: н.Данғара, в.Хатлон

Миллат: тоҷик                            Таҳсилот: олӣ

Соли 1991 Донишгоҳи милии Тоҷикистон хатм кардааст.

Ихтисос:  забонҳои шарқ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, арабӣ ва англисӣ

Вакили халқ хаст ё не: не

Бо мукофотҳои давлатӣ/соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:  не

Рутбаи дипломатӣ: Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи II

Рутбаи тахассусӣ: Мушовири давлатии дараҷаи 3

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 6 фарзанд

КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА

Солҳои 1990-1992 омӯзгори забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №48-и н.Шоҳмансури ш.Душанбе;
Солҳои 1992-1993 ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 1993-1996 нозир ва нозири калони Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 1996-2005 сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 2005-2015 машваратчии калон, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 2015-2016 Директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
28.03.2016-31.08.2020 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;
Аз 31.08.2020
то 29 январи соли 2024
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср, ш. Қоҳира.