Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №15
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қурбонзода Ҳ.Ҷ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №16
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини
якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Каримзода Ҷ.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №17
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Гулмуродзода К.Г.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Гулмуродзода Карим Гулмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №18
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сафарзода Р.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сафарзода Рукмина Сафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №19
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи
давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Мирзозода Н.Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Нусратулло Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давалатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №20
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»
озод намудани Давлатзода С.Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №21
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд» озод намудани Шарифзода М.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Мумин Машокир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №22
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии
«Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
озод намудани Сайфзода Ш.Ҷ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сайфзода Шаҳло Ҷамол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №23
ш. Душанбе
Дар бораи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Файзиддинзода Б.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Файзиддинзода Бунафша раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ФАЙЗИДДИНЗОДА Бунафша
аз 14 марти соли 2022 дар мансаби Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон кор мекунад
Соли таваллуд 25 июли соли 1976 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 1999 Донишкадаи давлатии забонҳои Точикистонро (рӯзона), соли 2012 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст
Ихтисос омӯзгори фанни забони русӣ ва олмонӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, олмонӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотхои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1999-2001- | омӯзгори мактаби миёнаи №95 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2001-2006- | мутахассиси дараҷаи I шуъбаи умумии дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006-2007- | сармутахассиси шуъбаи сохтмон, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Соли 2007( 04-09) |
мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2007-2009- | мутахассиси пешбари шуъбаи савдо, хизмати маишӣ ва рушди соҳибкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2009-2011- | мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2011-2012- | таҳсил дар курси магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2012-2016 | мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
Солҳои 2016-2017 | Сармутахассиси Раёсати кор бо идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2017-2021 | Муовини Раиси ноҳияи Данғара |
11.2021 то 03.2022 | иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон |
аз марти соли 2022 |
Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон |
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №24
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри
Хуҷанд» таъин намудани Ҳошимзода Ҳ.Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №25
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»
таъин намудани Қурбонзода М. Р
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат
аз 24 августи соли 2022 дар Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб шуд
Соли таваллуд: 20 феврали соли 1985 Ҷои таваллуд: ноҳияи Восеъ
Миллат: тоҷик Таҳсилот:олӣ
Соли2007 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос: муҳосиб ва аудит
Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ. англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не: Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: соли 2021 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолиятисобиқа:
Солҳои 2022-2007 | Донишҷуи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
08.2007 то 10.2007 | Ходими хурди илмии шуъбаи «Шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ»-и Институти иқтисодиёт кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
10.2007 то 01.2008 | Иқтисодчии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
Солҳои 2008-2011 | Аспиранти рӯзонаи Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
04. 2011 то 05.2011 |
Ходими илмии шуъбаи «Омӯзиши бозорҳои кишоварзӣ»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
Солҳои 2011-2012 |
Муаллими калони кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
Аз 01.2012 то 01.2012 | Ходими калони илмии шуъбаи «Бозори воситаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
Солҳои 2012 — 2013 |
Мудири шуъбаи «Омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
Солҳои 2013 –2014 |
Мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
Солҳои 2014 –2020 |
Директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе | |
Аз 02.2020 то 11.2020 | Директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе | |
Солҳои 2020 -2022 |
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе | |
Аз моҳи августи соли 2022 то ҳол |
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иқтисод ва молия |
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №26
ш. Душанбе
Дар бораи муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии
«Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
таъин намудани Сафарзода Р.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сафарзода Рукмина Сафар муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон