Бо иштироки доираи васеъи хабаргинорон дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи назди Ҳукумати ҶТ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият,  муовинон ва масъулини тамоми бахшҳои Хадамот иштирок доштанд. Масъулин иброз доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии Ватан  ба рушди саноат ва бунёди корхонаҳои хурду бузурги аҳамияти стратегидошта ва ба коркарду истифодаи сарватҳои табии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад.  Дар ин самти ҳаётан муҳим, ки яке аз воситаҳои асосии баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат аст, фаъолияти  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимро доро аст.

Назорат кардани бехатарии корњо дар саноат ва кўҳкорӣ ин як масъулияти бузургест, ки аз ҳар як мутахассис масъулияти баланду дониши мукаммал ва таҷрибаи васеъро тақозо мекунадДар ҷаҳони муосир пешрафту тараққиёти  ҷомеа ва ҳар як кишвар аз бунёди корхонаҳои саноатӣ вобастагии зич дорад. То кадом андоза бехатар ба роњ мондани фаъолияти самтҳои саноат бошад устворӣ ва сифати маҳсулотро таъмин мекунад. Зимни натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2024 роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати ҶТ иброз гардид, ки  тамоми бехатарии корҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кўҳкории тамоми гўшаву канори кишвар таҳти назорати ќатъии гурўҳҳои корӣ қарор доранд.

Иброз гардид, ки дар Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 3045 корхона ва 12 њазору 819 объектҳо ба ќайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатии марказӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва объектҳои баќайдгирифташуда 225 назоратҳои техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 197 назорати нақшавӣ ва 28 назорати ғйринақшавӣ мебошад. Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 2270 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани қоидавайронкуниҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 225 санад-нишондод ва 11 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.

 

Масъулин баҳри бехатарии корхонаҳо тамоми тадбирҳоро руи даст гирифтаанд.  Бо ин мақсад мутахасссисони Хадамот дар ҳама корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоливу хизматрасонӣ ва корхонаҳои кўҳкорӣ вохўриву машваратҳоро ба таври доимӣ гузаронида, барои дар амал татбиқ кардани қонуну қоидаҳои бехатарӣ маслиҳатҳои муфид дода, мубодилаи таҷриба мекунанд. Махз хамин гуна машваратхо ва гузаронидани семинару омўзишхо ба пешгирии ходисахои нохуш ва хифзи хаёти одамон дар корхонахои саноатӣ мусоидат мекунанду камбудиҳои техникӣ саривақт бартараф карда мешавад.