Баргузории семинар-машварати техникӣ дар ноҳияи Айнӣ
Санаи 2-юми октябри соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода семинар-машварати техникӣ баргузор гардид.
Хотиррасон менамоем, ки имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони корхонаҳои саноатӣ, бахусус кормандоне, ки ба истихроҷи ангишт машғуланд, семинар-машварати техникӣ баргузор мегардад.
Бояд қайд намуд, ки Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси ваколатдори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ва назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, соҳаи кӯҳию техникӣ, назорати омӯзиши геологии қаъри замин, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, соҳаи хоҷагии газ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ фаъолият менамояд.
Дар чорабинӣ муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Мирзозода, мутахассисони хадамоти мазкур, роҳбарону кормандон ва дигар шахсони мутасаддӣ ширкат намуданд.
Дар семинар – машварат масъалаҳои:
- Таҳлили ҳодисаҳои нохуши бақайдгирифташуда дар нуҳ моҳи соли 2023.
- Дар бораи бақайдгирии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ.
- Коркарди зеризамини конҳои ангишт талаботҳои асосии бехатарӣ.
4.«Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва тарзи дуруст супоридани ҳисоботҳои тавозуни шакли 5-кк» ва “Истифодаи барномаи Micromine барои ҳисоби захираҳои конҳои маъданҳои кӯҳӣ”
- Талаботҳои оқилона ва самаранок истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ.
- Риояи талаботҳои қоидаи ягонаи бехатари ҳангоми корҳои таркишӣ.
Мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баромадҳо дар семинар-машварати техникии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулон дар мавзӯи: ҳолати кунунии конҳои ангишт, технологияи коркарди конҳо, аз тарзи кушод ба тарзи зеризаминӣ, оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар қитъаҳои истихроҷи ангишт ва истифодабарии техника ва таҷҳизотҳои муосири куҳкории зеризаминӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш, садамаҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои истихроҷи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд