Аёдати сарбозони қисми ҳарбии 0203-и дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Айнӣ
2-юми ноябри соли 2023 муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Мирзозода дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми низомии 0203-и дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, афсарону сарбозонро бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳа, ҳамчун ҳуҷҷати нодири ҳуқуқии дорои тамоми арзишҳои ҷомеаи демократӣ дар қатори беҳтарин конститутсияҳо пазируфта шуд, ки ин боиси ифтихори ҳар як фарзанди Тоҷикистони азиз мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.
Рӯзибой Раҳимзода ҳамзамон аз талошҳои Ҳукумати мамлакат барои беҳтарсозии вазъи қисмҳои ҳарбӣ ёдовар шуда, афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми низомӣ 100 кг гӯшт, 100кг сабзӣ, 100кг картошка, 100кг пиёз, 500кг орд, 50кг равған, 50кг биринҷ, 50кг гречка ва дигар маводи хӯрока ҳадя карда шуд.
Муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Мирзозода зимни суханрониаш гуфт, ки Шумо, афсарону сарбозони шуҷоъ то имрӯз дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва волоияти қонун саҳми бузург гузоштаед, бояд минбаъд низ барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ ва зиндагии осудаи мардум саҳми арзанда гузоред.