Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари” Туркманистон
Намояндагони Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари” Туркманистон – Байрамов Мердан Арсланович – муовини сардори шуъбаи ҳифзи меҳнат ва қаъри замин ва Реджепов Назгылыч Бердигулыевич – сардори шуъбаи ҳифзи меҳнат ва қаъри замини Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари” Туркманистон дар вилояти Балкан аз санаи 16 то 21 октябри соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ташрифи намояндагони Хадамоти мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 4 Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари” Туркманистон, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидонида шудааст, ба нақша гирифта шуда буд.
Санаи 17 октябри соли 2023 ҳайати Туркманистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ КМ “Зарафшон” сафарбар шуда, аз кони кушоди “Ҷилав”, фабрикаи бойгардонии №2 ва коргоҳи металлургии истеҳсоли мис дидан намуданд.
Дар рафти боздид аз иншоотҳои истеҳсолӣ аз технологияҳои ҳозиразамони металлургӣ ва бойгардонии канданиҳои фоиданок шинос шуданд.
Санаи 18 октябри соли 2023 намояндагони Туркманистон ба ҶСП “Талко Голд” сафарбар шуда, аз кони зеризаминии “Канчоч”, кони кушоди “Чулбоӣ” ва фабрикаи бойгардонии корхона боздид ба амал оварданд. Роҳбарият ва кормандони муҳандисӣ-техникии Ҷамъият аз технологияи бойгардонии истеҳсоли Финляндия, шароити мусоиди корӣ барои коргарон, нақшаи чорабиниҳои барои иҷрои бехатаронаи корҳо, раванди корҳои қабаткушоӣ дар кони кушоди “Чулбоӣ” ба ҳайати Туркманистон маълумот доданд.
Санаи 19 октябри соли 2023 ҳайати Туркманистон аз заводи гидрометаллургии ҶДММ “Пакрут”, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат ва НБО “Норак” дидан намуданд. Дар Нерӯгоҳи барқии обии “Норак” аз сарбанди нерӯгоҳ, майдони тамошогоҳ, маркази идораи танзимгарӣ ва толори мошинҳо шинос шуданд.
Санаи 20 октябри соли 2023 тибқи барнома ҳайати болозикр дар якҷоягӣ бо намояндагони Хадамот ба ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” сафарбар шудаанд. Сараввал ҳайати Туркманистонро бо осорхонаи Шарафи меҳнатии Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи Ҷамъият шинос намуда, оиди таърихи сохташавӣ, дастовардҳо, ҳамкориҳои байналхалқӣ ва фаъолияти истеҳсолии Ҷамъият маълумот доданд. Сипас намояндагони Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари” аз иморати 4-уми истеҳсолоти электролизӣ, шуъбаи рехтагарии №1-и сехи рехтагарӣ дидан намуданд. Ҳангоми боздид аз объектҳои мазкур, кормандони муҳандисӣ-техникии Ҷамъият оиди тартиби пешбурди корҳо вобаста ба таъмини бехатарии саноатӣ, дастурдиҳии техникаи бехатарӣ, истифодабарии иншоотҳои борбардор маълумот дода, ба суолҳои ҳайати Туркманистон посухҳои мушаххас доданд.
Дар рафти сафари корӣ ҳайати Туркманистон барои шиносоӣ ба Қалъаи Ҳисор, воқеъ дар шаҳри Ҳисор ва ёдгории таърихии шаҳраки Саразм воқеъ дар шаҳри Панҷакент сафар намуда, аз ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Тоҷикистон шинос шуданд.