Табрикоти Роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар мамлакат муайян  менамояд, ҳамасола 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, ки ҳадаф аз он эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мебошад. Мавриди тазаккур аст, ки қаблан 22 июл ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мегардид, ки дар ин рӯз- 22 июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд. Баъдан 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар ин замина ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 21 июли соли 2010 тағйироти дахлдор ворид шуда, 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Забони давлатӣ рукни муҳимми давлатдорӣ ва муқаддасоти миллии ҳар давлату миллат маҳсуб мешавад. Мувофиқи қисми якуми моддаи 2 Конститутсияи мамлакат, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эътироф гардид. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад ва онро эҳтирому арҷгузорӣ намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳо ва суханронию паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва баҳри ҳифзу гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ дастуру машваратҳо дода, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Ҳамин тавр, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) қабул гардид. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, дар он вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ муайян ва истифодаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ёфтааст. Пас аз қабули қонун барои татбиқи самараноки он бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 дар назди Ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд. Кумита вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон дар доираи ваколаташ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон назорат мебарад ва маълумот талаб менамояд.