Гузаронидани Семинар-машварати техникӣ

Аз тарафи кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳо оиди гузаронидани семинар-машваратҳои техникии сайёр ҷиҳати риояи талаботҳои бехатарии саноатӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ дар нимсолаидуюми соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронидани семинар – машваратҳои техникӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

 

 

 

Санаи 13. 09 соли 2023 дар маҷлисгоҳи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар – машварат оиди риояи талаботҳои бехатарии саноатӣ ҳангоми омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул, самаранок ва оқилона истифодабарии конҳо, бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ дар ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолиятдошта, баргузор гардид.

Дар семинар – машварати мазкур роҳбарият ва кормандони Хадамот, намояндагони Кумитаи иттифоқҳои касабаи «Тоҷикметалл», МД «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, Фонди давлатии иттилотӣ геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз 42 корхонаҳои зериназоратӣ роҳбарият ва мутахассисони коркарди конҳои маъмул ва истеҳсоли семент ва ѓайраҳо ҷамъ 55 нафар иштирок намуданд.

Дар семинар-машварати техникӣ масъалаҳои зерин баррасӣ ва муҳокима карда шуданд.

  1. Таҳлили ҳодисаҳои нохуши ҷароҳатбардорӣ ва марговар дар нуҳ моҳи соли 2023.
  2. Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва тарзи дуруст супоридани ҳисоботи тавозунии шакли 5-кк;

3.Риояи талаботҳои бехатарии саноатӣ, дар корхонаҳои  коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул, корхонаҳои сементбарори ва таъмини ҳуҷҷатгузории техникӣ;

  1. Риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қаъри замин ва таҳлили санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа;
  2. «Камбудиҳои ҷойдошта дар ҳуҷҷатгузории шуъбаи кадрҳои корхонаҳои зериназоратӣ»,
  3. Бақайдгирии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатӣ.

Дар рафти семинар – машварати мазкур аз тарафи роҳбарияти корхонаҳои зериназоратӣ оиди мушкилиҳои дар фаъолияти онҳо ҷойдоштаи низ иброз карда шуд.

Инчунин санаи 15. 09 соли 2023 дар маҷлисгоҳи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар – машварат оиди риояи талаботҳои бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳои истеҳсолӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар нуқтаҳои газпуркунӣ, базаҳои нигоҳдории гази моеъ, кимиё ва металлургӣ, иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо, бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ дар ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолиятдошта, гузаронида шуд.

Дар семинар – машварати мазкур аз 57 корхонаҳои зериназорати 85 нафар роҳбарон ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок доштанд.

Инчунин дар рафти семинар – машварати мазкур аз тарафи роҳбарияти корхонаҳои зериназоратӣ оиди мушкилиҳои дар фаъолияти онҳо ҷойдоштаи низ иброз карда шуд.

Хадамот тасмим дорад, ки дар давраи минбаъдаи нимсолаи дуюми соли 2023 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, шаҳри Бустони вилояти Суѓд, шаҳри Роѓун ва ноҳияи Айнии вилояти Суѓд семинар – машваратҳои техникии сайёр ҷиҳати риояи талаботҳои бехатарии саноатӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ баргузор намояд.