Табрикоти роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди ҲҶТ Раҳим Санъат Асо ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ
«Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст». Мафҳуми истиқлол дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (Душанбе, 2008) ба маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии давлат дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ ташреҳ ёфтааст. Дар асари дигари Пешвои муаззами миллат «Уфуқҳои истиқлол», ки фарогири арзишҳои истиқлоли давлатӣ, аҳамияти ваҳдату сарҷамъӣ ва рушди тадриҷии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад, чунин омадааст:
«Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд. Ин давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣ ва таназзули фарҳангии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳала маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9 сентябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шуданд».
Таърихи башар, равандҳои ташаккул, рушд ва таназзули давлатҳову тамаддунҳо- ин воқеияти ғайриистисноиро гаштаву баргашта таъйид менамояд, ки тақдирномаи ҳар миллату давлат ба масири ҳаётии шахсиятҳои барҷаставу зимомдораш пайванди бевосита дорад.
Ҳарчанд истиқлоли воқеии сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳёи рукнҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, таъмини сулҳу субот дар қаламрави Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон солҳои 90-уми садаи гузашта барои мардуми мамлакат ниҳоят мудҳишу гарон афтод, вале маҳз зуҳури раҳмонии фарзанди фарзонаи миллат, родмарди ҷавону матини арсаи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлатдории мустақил аз вартаи нестшавӣ эмин монд. Тоҷикистони зебоманзар, ки ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба майдони ҷангу ҷидол табдил ёфта буд, инак, аз файзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдату якдилии халқи мамлакат ба мамлакати амну осоишта, зебову дилфиреб, бо инфрасохтори замонавию хидматрасонии технологияҳои рақамӣ мубаддал гашта, бо барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, бо муаррифии шоистаи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ва дурдонаҳои таърихии миллат, пешниҳод ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷаҳониёнро ҷалб намудааст.
Чунонки Пешвои миллат иброз медоранд: «Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва давлати маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд. Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, давлати мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи СОҲАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд».
Тоҷикистони тозаистиқлол дар шароити печидаи сиёсати байналмилалӣ бо ҳифзи вижагиҳои милливу таърихии халқи тоҷик, сиёсати хоссаи хешро пеш гирифт, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои ҳокимияти давлатиро густариш дода, самтҳои рушдро муайян намуд ва бунёди ҷомеаи озоду адолатпарварро ҳадафи олии миллату давлат эълом дошт. Бо саъю кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат барои расидан ба сулҳу салоҳ ва ваҳдату якдилӣ ва ҳамовозии умедворонаву заковати таърихии мардуми бонангу ватандӯст натиҷаҳои дилхоҳ ба бор омада, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Таъмини сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон омили қавию ҳаётбахши устувории истиқлоли давлатӣ гардид ва барои гузаронидани як силсила ислоҳоти муҳимми сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан, демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам омад. Дар масири бунёдкоронае, ки халқи азизи Тоҷикистон дар замони кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадбунёди Пешвои муаззами миллат паймуд, мактаби бузурги давлатдории навинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохт ва ба заминаҳои давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр таҳким бахшида шуда, қудрату нерумандии давлат ташаккул ёфт.