Бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаву иншоот сабаби ҳодисаҳои нохуш мегардад.

Дар корхонаву иншооти зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2023  30 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 26 нафар ҳалок шуда, 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин нуктаро Сардори Хадамот Санъат Раҳим имрӯз дар нишасти матбуотӣ  ба хабарнигорон баён намуд.

Мавсуф тазаккур дод, ки сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш- ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошанд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2827 корхона ва 12127 иншоот сабти ном шудаанд. Аз ҷониби 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар корхона ва иншооти бақайдгирифта 117 назорати техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 100 назорат нақшавӣ ва 17 назорат ғайринақшавӣ мебошад.

Ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ нозирони Хадамот 902 банди вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 117 санад-нишондод ва 7 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 166 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои сабтиномшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 890 204,0 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Масъулин баҳри бехатарии корхонаҳо тамоми тадбирҳоро руи даст гирифтаанд.  Бо ин мақсад мутахасссисони Хадамот дар ҳама корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоливу хизматрасонӣ ва корхонаҳои кӯҳкорӣ вохӯриву машваратҳоро ба таври доимӣ гузаронида, барои дар амал татбиқ кардани қонуну қоидаҳои бехатарӣ маслиҳатҳои муфид дода, мубодилаи таҷриба мекунанд. Маҳз ҳамин гуна машваратҳо ва гузаронидани семинару омўзишҳо ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҳаёти одамон дар корхонаҳои саноатӣ мусоидат мекунанду камбудиҳои техникӣ саривақт бартараф карда мешавад.