БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ № 2023-1

Хадамоти

назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӣ

№ 2023-1

 

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи якуми соли 2023 бақайдгирифташуда.

 

 

Душанбе  –  2023

Ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармо тибқи тартиб ва шартҳое, ки дар қонунгузорӣ ва шартномаи коллективӣ (созишнома) пешбинӣ гардидаанд, ба суғуртаи ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар сабабҳои носолимии вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд.

Боби 2 моддаи 19 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1329

 

Зери роҳбарии:

Раҳим Санъат Асо – сардори Хадамот.

Таҳияи:

Мирзозода А. А. – муовини якуми сардори Хадамот. Аиззода Т. – муовини сардори Хадамот.

Олимӣ З. – садори раёсати илмию техникии Хадамот.

 

 

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои зериназоратӣ ва корбарии кормандони мақомотҳои зерсохтории Хадамот пешниҳод мегардад.

Дар бюллетени ахборотии мазкур ҳодисаҳои нохуши рухдода дар корхонаҳо таҳлил карда шудаанд, ки иншооти истеҳсолии хатарнокро истифода мебаранд.

Дар таҳияи бюллетен маълумотҳои бахшҳо ва нозиротҳои Хадамот, инчунин маводҳои комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохуш истифода шудааст.

ИСТИЛОҲОТ

Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣназорати давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ мақоми ваколатдор мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ доранд:

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок дароянд;

-бо ҳуҷҷатҳое, ки барои тафтиши аз тарафи ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок иҷро намудани талаботи бехатарии саноатӣ заруранд, шинос шаванд;

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ҷиҳати рафъи вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи бехатарии саноатӣ нишондодҳо диҳанд;

-дар доираи ваколатҳои худ оид ба бехатарии саноатӣ, аз ҷумла нисбати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии биноҳо ва иншооти воқеъ дар объектҳои хатарнок нишондодҳо диҳанд;

-шахсони дар вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ гунаҳкорро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, инчунин барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони зикршуда ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристанд.

Бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок

(ё худ бехатарии саноатӣ) – ҳолати ҳимоявии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз садамаҳои хатарноки иншооти истеҳсолӣ ва оқибатҳои садамаҳои номбаршуда;

Садама – вайроншавии иншоотҳо ва (ё) таҷҳизоти техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда ва (ё) ба ҳаво хориҷ шудани моддаҳои хатарнок, инчунин вайронкунии ҷараёни технологӣ, расонидани зарар ба механизму таҷҳизотҳо ва иншооте, ки боиси ҳалокати одамон, зарар ба саломатии онҳо, муҳити зист ва хароб кардани объектҳои хоҷагидорӣ, зарари калони моддӣ, вайрон шудани шароити фаъолияти зиндагии одамон гардидаанд, ё боиси он гардида метавонанд.

Ҳодиса – аз кор баромадан ё вайрон шудани таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, баромадан аз тартиби ҷараёни технологӣ, вайрон намудани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии муайянкунандаи қоидаҳои пешбурди кор дар иншооти истеҳсолии хатарнок.

Иншооти истеҳсолии хатарнок – корхона, сех, қитъа, майдончаҳои онҳо, инчунин дигар иншоотҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки дар онҳо моддаҳои хатарнок (даргиранда, оксидшаванда, сӯзанда, тарканда, заҳрнок, заҳрнокиашон баланд ва моддаҳои барои муҳити зист хатарнок) истеҳсол менамоянд, истифода мебаранд, аз нав коркард мекунанд, ба вуҷуд меоранд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, нобуд месозанд. Инчунин механизмҳо, таҷҳизотҳо ва ҷараёни истеҳсолии технологии зерин мансуб аст:

-таҷҳизоте истифода бурда мешуд, ки таҳти фишори зиёда аз 0,07 мегапаскал ё ҳангоми зиёда аз 115 дараҷа селсий гарм шудани об кор мекунад;

-механизмҳои сайёр ва доимӣ васлшудаи борбардор, экскаваторҳо, лифтҳо, роҳҳои танобӣ, фуникулёрҳо истифода мешаванд;

-гудохтаҳои металлҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳое, ки дар асоси ин гудохтаҳо истеҳсол мешаванд.

-корҳои куҳӣ маъдантозакунӣ, инчунин корҳои зеризаминӣ гузаронида мешаванд;

-иншооти гидротехникӣ. *

Бехатарии меҳнат – маҷмӯи чорабиниҳо, ки барои таъмини ҳифзи кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равона шуда, таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолиро истисно мекунанд.

Ҳифзи меҳнат – низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иштимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирӣ ва барқароркунӣ, ки мутобиқи кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кори инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунад;***

Шароити бехатарии меҳнат – шароити меҳнате, ки дар он таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истисно карда шудааст ё дараҷаи таъсири онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд набошад.***

*   Моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»;

** Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»;

** Моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»;

*** Моддаи 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҳлили

ҳодисаҳои нохуши истеҳсолии рухдода дар корхонаҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023.

Дар Хадамот 30 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши рухдода 26 нафар ба ҳалокат расида, 21 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ки аз онҳо 21 нафар шахсони ба ҳалокат расида шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Аз шахсони ҷароҳатбардошта бошад 17 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд.

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи якуми соли 2023 рухдода вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ (вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) чунин аст:

 

р/т Ҳодисаҳои нохуши рухдода Ҳамагӣ ВМКБ Вилояти

Суғд

вилояти

Хатлон

НТҶ Шаҳри

Душанбе

1. Миқдори умумӣ 30 0 19 1 7 3
2. Дар онҳо зарар диданд: (нафар) 47 0 28 8 7 4
аз ҷумла:
2.1 Ҳалок гардиданд: 26 0 18 2 5 1
2.2 Ҷароҳат бардоштанд: 21 0 10 6 2 3

 

Вилояти МКБ:

дар вилоят хушбахтона ягон ҳодисаи нохуш ё садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Вилояти Суғд:

19 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 28 нафар зарар дидаанд, ки аз онҳо 18 нафар ба ҳалокат расида ва 10 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Вилояти Хатлон:

-1 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 8 нафар зарар дидаанд, ки аз онҳо 2 нафар ба ҳалокат расида ва 6 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ:

7 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 7 нафар зарар дидаанд, ки аз онҳо 5 нафар ба ҳалокат расида ва 2 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Шаҳри Душанбе:

– 3 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 4 нафар зарар дидаанд, ки аз онҳо 1 нафар ба ҳалокат расида ва 3 нафар ҷароҳат бардоштааст.

.

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдода вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ  ба ҳисоби фоиз чунин аст:

Аз 100 фоизи умумӣ ба Вилояти Суғд 63,5 %, Вилояти Хатлон 3,5%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 23,0 % ва ба шаҳри Душанбе 10,0 % рост меояд. (ниг. ба расми 1).

Аз ин рӯ масъулини назоратӣ ва ташкилоту корхонаҳои дахлдор барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш бояд тамоми чораҳои заруриро андешанд.

 

расми 1.

Тавсифи

мухтасари ҳодисаҳои нохуш дар нимсолаи якуми соли 2023 вобаста ба санаи рух додан чунин аст:

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 26 декабри соли 2022 тақрибан соати 1518 дақиқа дар нақби «Тагикамар”-и км. 32+398 қитъаи 2 ПК 32+398+00 сохтмони роҳи нақлиётии «Обигарм – Нуробод» дар натиҷаи ба амал омадани резиши ҷинсҳои кӯҳӣ бо устои нақбкани ФК «Жечианг Комуникейшн Констракшн Груп Ко ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Яо Чжи, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, соли таваллудаш 1973, рух додааст.
  2. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 27.12 соли 2022 тақрибан соати 15-30 дақиқа бо коргари зеризаминии ҶСК «Ангишт» Абдумоминзода Зубайдулло, соли таваллудаш 1980 дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази карбони СО2, рух додааст.
  3. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 26 декабри соли 2022 тақрибан соати 21-50 бо ронандаи ҶДММ «Чжесзян Сзянхуэй инжиниринг» дар Тоҷикистон Абдухалилов Алишер Баҳодирович, соли таваллудаш 2002, рух додааст.
  4. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 09 январи соли 2023 тақрибан соати 09-15 дақиқа бо Бобомирзоев Хушрӯз Маҳмаддиллоевич – ронандаи нақлёти боркаши тамғаи Хова №41, соли таваллудаш 1994 дар роҳи технологии сатҳи 1640 м кони кушоди Тарори ҶДММ КМ «Зарафшон», рух додааст.
  5. Ҳодисаи нохуши ҳoлати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 10 январи соли 2023 бо Салимов М.И., – коргари ҶДММ «Осиё Лифт Техник» ҳангоми насби лифти мусофиркаш дар бинои баландошиёнаи ҶДММ «Нил Сохтмон», рух додааст.
  6. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 10 январи соли 2023 бо Лу Ҷиҳонг – анборчии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», рух додааст.
  7. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 6 январи соли 2023, бо Мадалиев Фозилбек Ҳайдаралиевич – кӯҳкор оид ба ғалтонидани санговезҳо, дар кони Зарнисори Шимолӣ уфуқи 13, сатҳи 845м, орти 40 дар бригадаи истихроҷии 1-и ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон Со», рух додааст.
  8. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 23 январи соли 2023 соати 08-00 дақиқа дар сохтмони заводи миси минтақаи ЗИФ-1-и ҶДММ КМ «Зарафшон» бо коргари ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон Со» Эшов Сарвин Абдухалилович, соли таваллудаш 1996 рух додааст.
  9. Ҳодисаи ҳодисаи нохуши ҷароҳатбардоӣ, ки санаи 01 феврали соли 2023 тақрибан соати 0945 дақиқа бо Ҷабборов Абдуразоқ Мухторович – ёвари мененҷери кони кушоди Тарори ҶДММ КМ «Зарафшон», соли таваллудаш 1970 дар сати 1660м рух додааст.
  10. Ҳодисаи нохуши гуруҳии марговар ва ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 30 январи соли 2023 тахминан соати 13 45 дақиқа дар ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент» рух додааст, ки дар натиҷа сардори шӯъба Лю Вей ва кафшергар Тешаев Т. М. ба ҳалокат расида, кафшергарон Маҷнунов Л. М. Назаров Ш. С. Алиев А.Қ. Алиев Р. А. Лан Тян ва Хан Баогян ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
  11. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 18 феврали соли 2023 соати 09 30 дақиқа дар қитъаи корхонаи автомобилӣ, воқеъ дар шаҳри Роғун бо челонгари таъмири автошинаҳои ҶСК «ТГЭМ», дар шаҳри Роғун Шарипов Абубакр Зикруллоевич, соли таваллудаш 2000, рух додааст.
  12. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 18 феврали соли 2023 соати 08 10 дақиқа ҳангоми баромадан аз утоқи корӣ, воқеъ дар бинои устохонаи барқии майдончаи сохтмонии №5-и сохтмони НБО «Роғун» бо сарэнергетики Филиали «Вибилд С.п.А. дар ҶТ» Ли Ксинг, соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Халқиии Хитой, вилояти Джелин, шаҳри Мейхекоу, шаҳраки Хайлонг, деҳаи Шуандинг, рух додааст.

13 Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 07 марти соли 2023 тахминан соати 9-00 дақиқа бо Наримбетов Охунҷон Туйчиевич – коргари кӯҳии бригадаи истихроҷи маъдан №5-и ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон», дар уфуқи 8-2, сатҳи 1120 метри нақби иктишофии кони Зарнисори Шимолӣ, рух додааст.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 08 марти соли 2023 тахминан соати 19 00 дақиқа дар кони Зарнисори Шимолӣ орти 22 уфуқи 1238 метри нақби иктишофӣ, бригадаи истихроҷи маъдан №2 бо пармагари ҶДММ «Луқмон – 2012» Раҳматуллоев Раҷабмурод соли таваллудаш 1981, рух додааст.
  2. Ҳодисаи нохуши гурӯҳии марговар, ки санаи 24 марти соли 2023 тахминан соати 13-10 дақиқа бо кафшергарони барқии Филиали ҶДММ «Енцзиен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудрадчии ҶДММ КМ «Зарафшон» Ёров Баҳманёр Бахтиёрович, соли таваллудаш 1992 ва Ҳомидов Имомиддин Икромиддинович, соли таваллудаш 1999, рух додааст.
  3. Ҳодисаи нохуши гуруҳии ҳолати марговар, ки санаи 27 марти соли 2023 тахминан соати 18-40 дақиқа, бо Содиқов Комил Раҳимович-нақбкани зеризаминӣ соли таваллудаш 1966 ва Додобаев Музафар Амонович-ангишткан соли таваллудаш 1978 дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази карбон, дар нишебии I2 кони ангишти 1/2 -и ҶСК «Ангишт», рух додааст.
  4. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 21 марти соли 2023 тахминан соати 13-30 дақиқа дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Ҳисор бо ноболиғ Ҳамрозода Ҳабибулло Фируз санаи таваллудаш 18 апрели соли 2019, рух додааст.
  5. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 4 апрели соли 2023 тахминан соати 16-30 дақиқа дар натиҷаи ба кор даровардани дастгоҳи борбардор (кран-манипулятор) бо натиҷаи расиш бо қувваи барқ бо устои дастгоҳи заршӯии ҶДММ «Заринк» – Холов Н.Б, рух додааст.
  6. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 25 апрели соли 2023 тахминан соати 10 45 дақиқа бо барқчии департаменти истихроҷи зеризамини ҶСП «Талко Голд» Одинаев Қобилҷон Равшанбекович, соли таваллудаш 1994, воқеъ дар минтақаи Канчочи ноҳияи Айнӣ, рух додааст.
  7. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар ва ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 28 апрели соли 2023 тақрибан соати 15 30 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Соро Компания», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Борбад 30/1 бо шаҳрвандон Равшанова Салтанат Аҷиковна, соли таваллудаш 1971 ва Саидзода Сунатулло Саъдулло, соли таваллудаш 2006, рух додааст.
  8. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 01 майи соли 2023 тахминан соати 14-20 дақиқа бо челонгари Филиали ҶДММ «Гуруҳи илмӣ – техникии Хуайеи Хитой дар Тоҷикистон», пудрадчии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой», Лиянг Чин Ен, соли таваллудаш 1976, рух додааст.
  9. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 1 майи соли 2023, тахминан соати 10-30 дақиқа дар ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб», бо коргар Сафаров Наимҷон Бойҷонович – соли таваллудаш 1981, рух додааст.
  10. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 10 майи соли 2023 тақрибан соати 01-20 бо пармагари ҶДММ «Чжесзян Сзянхуэй инжиниринг» дар Тоҷикистон – Чен Пейшен, соли таваллудаш 1979, рух додааст
  11. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговари гуруҳӣ, ки санаи 13 майии соли 2023 тақрибан соати 18-30 дақиқа дар насоси пойгоҳи ташнобкашии (КНС №2) КФД «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳри Панҷакент, бо роҳбари корхона Исломзода Баҳром Ҳасан, соли таваллудаш 1996, коргарон Мустафоев Ризо Эсоевич, соли таваллудаш 1958, Самадов Саидҷон Баҳодурович, соли таваллудаш 1996, Самадов Ҳамроқул Баҳодурович, соли таваллудаш 1995, Назиров Ҷамолиддин Сафарович, соли таваллудаш 1992, Мустафоев Ғайрат Ризоевич, соли таваллудаш 1984 ва Маҳмудҷонов Дилшод Давронович, соли таваллудаш 1980, рух додааст.
  12. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 05 майи соли 2023, тахминан соати 16-30 дақиқа бо Хоҷаназаров Усуп –ронандаи нақлиёти боркаши тамғаи Белаз №6, дар партовгоҳи №2 кони кушоди Фархунда (Бургунда)-и ҶМТКММ «Апрелевка», рух додааст.
  13. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 14 майи соли 2023 тахминан соати 9-30 дақиқа бо Ҳе Ҷӣ Юнг – ангишткани ҶДММ «Анавак», соли таваллудаш 1964, дар нақби №1 штреки №1 (востающий) болобарандаи №3, 40-ум метри ПК+250, рух додааст.
  14. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 26 майи соли 2023, соати 23-30 дақиқа дар бинои сохтмонӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамова 13, ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе садамаи истеҳсолӣ бо ҷароҳатбардории корманд Мирзоев Пайрав соли таваллудаш 2002 ҳангоми истифодабарии крани маноравӣ рух додааст.
  15. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 24 майи соли 2023 тахминан соати 19-30 дақиқа бо ёрдамчии коргари нақбкани уфуқӣ дар департаменти истихроҷи зеризаминии ҶСП «Талко Голд» Саидаҳрори Саидаброр санаи таваллудаш 19 феврали соли 1997, дар шифти нақби уфуқи 2456 м хати 14, рух додааст.
  16. Ҳодисаи нохуши ҳoлати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 31 майи соли 2023 тақрибан соати 02-30 дақиқа дар сатҳи 2065м кони кушоди Ҷилави ҶДММ КМ «Зарафшон» бо идоракунандаи дастгоҳи пармагарии тамғаи Сунвард №5, Бердиёров Ибодулло Элмуродович – соли таваллудаш 1983, рух додааст.
  17. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 08 июни соли 2023 тақрибан соати 01-00 дақиқа бо ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман» рақами давлатиаш 005 В 384 – Юсуфзода Аброриддини Ҷамшед соли таваллудаш 1997 дар Филиали Ширкати «Хунан Роуд Энд Бридж Констракшн Груп Компании Лимитед» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рух додааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар корхона ва ҷамъиятиҳои зерин, ҳодисаҳои нохуш рух додааст:

 

1 Сохтмони иншооти НБО «Роғун» -2 ҳодиса
2 ФК «Жечианг Комуникейшн Констракшн Груп Ко ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -1 ҳодиса
3 ҶСК «Ангишт» -2 ҳодиса
4. ҶДММ «Чжесзян Сзянхуэй инжиниринг» -2 ҳодиса
5. ҶДММ КМ «Зарафшон» -3 ҳодиса
6. ҶДММ «Осиё Лифт Техник» -1 ҳодиса
7. ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой» -1 ҳодиса
8. ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон» -3 ҳодиса
9. ҶДММ ШБИ «Чунгтсай Моҳир Семент» -1 ҳодиса
10. ҶДММ «Луқмон 2012» -1 ҳодиса
11. ҶДММ «Енцзиен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудрадчии ҶДММ КМ «Зарафшон» -1 ҳодиса
12. Боғи фарҳангии ш. Ҳисор -1 ҳодиса
13. ҶДММ «Заринк» -1 ҳодиса
14. ҶДММ «Талко Голд» -2 ҳодиса
15. ҶДММ «Соро Компания» -1 ҳодиса
16 Филиали ҶДММ «Гуруҳи илмӣ-техникии Хуайеи Хитой дар Тоҷикистон», (пудратчии ҶДММ «ШКСТХ») -1 ҳодиса
17. ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» -1 ҳодиса
18. КВД «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и ш. Панҷакент -1 ҳодиса
19. ҶМТКММ «Апрелевка» -1 ҳодиса
20. ҶДММ «Анавак» -1 ҳодиса
21. ҶДММ «Сипар Ком» -1 ҳодиса
22. Филиали Ширкати «Хунан Роуд Энд Бридж Констракшн Груп Компании Лимитед» -1 ҳодиса

 

Яъне 30 ҳодисаи нохуш дар нимсолаи якуми соли 2023 дар 22 корхона ва ҷамъиятҳо рух додааст.

Дар ҶСК «НБО-и Роғун» дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 ҳамагӣ 2 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 2 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдодаи нимсолаи якуми соли 2023 вобаста ба корхонаҳои зертобеъ ва зериназоратии Вазорату идораҳо ва дигар иншоотҳо чунин аст:

1 Сохтмони иншооти НБО «Роғун» -2 ҳодиса

 

Вазорати саноат ва технологияҳои

нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 ҶСК «Ангишт» -2 ҳодиса
2. ҶДММ «Чжесзян Сзянхуэй инжиниринг» -2 ҳодиса
3. ҶДММ КМ «Зарафшон» -3 ҳодиса
4. ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой» -1 ҳодиса
5. ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон» -3 ҳодиса
6. ҶДММ ШБИ «Чунгтсай Моҳир Семент» -1 ҳодиса
7. ҶДММ «Луқмон 2012» -1 ҳодиса
8. ҶДММ «Енцзиен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудрадчии ҶДММ КМ «Зарафшон» -1 ҳодиса
9. ҶДММ «Заринк» -1 ҳодиса
10. ҶДММ «Талко Голд» -2 ҳодиса
11 Филиали ҶДММ «Гуруҳи илмӣ-техникии Хуайеи Хитой дар Тоҷикистон», (пудратчии ҶДММ «ШКСТХ») -1 ҳодиса
12. ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» -1 ҳодиса
13. ҶМТКММ «Апрелевка» -1 ҳодиса
14. ҶДММ «Анавак» -1 ҳодиса

Яъне дар нимсолаи якуми соли 2023 дар 14 корхонаю ҷамъиятҳои дар боло зикргардидаи зертобеи Вазорат, 21 ҳодисаи нохуш рух додааст, ки дар натиҷа 31 нафар зарар дидаанд, аз онҳо 15 нафар ҳалок гардида ва 16 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Маълумот оид ба ному насаби зарардидагон, номи корхонаҳо, синну соли онҳо, маҳалли зисти онҳо, вазъи оилавӣ ва шумораи шахсон ва ноболиғони дар таъминоти онҳо буда.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 26 декабри соли 2022 тақрибан соати 1518 дақиқа дар нақби «Тагикамар”-и километри 32+398 қитъаи 2 ПК 32+398+00 сохтмони роҳи нақлиётии «Обигарм – Нуробод» дар натиҷаи ба амал омадани резиши ҷинсҳои кӯҳӣ бо устои нақбкани ФК «Жечианг Комуникейшн Констракшн Груп Ко ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Яо Чжи, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, соли таваллудаш 1973, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Яо Чжи, санаи таваллудаш 03 октябри соли 1973 шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, муввақатан истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод ҷ/д Комсомолобод кучаи Сомонӣ 4, миллаташ хитоӣ.

Тибқи фармони ФК «Жечианг Комуникейшн Констракшн Груп Ко ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; №22 аз 12. 12 соли 2022 – Яо Чжи., ба ҳайси устои нақбкан ба кор қабул гардидааст.

Собиқаи умумии корӣ – маълумот мавҷуд нест.

Дар ташкилоти мазкур – 15 рӯз.

Вазъи оилавӣ – оиладор соҳиби 1 фарзанд.

        Маълумот оиди гузаронидани дастурдиҳиҳо оиди риояи техникаи бехатарӣ ба ҷабрдида:

-гузаронидани дастурдиҳии муқаддимавӣ – санаи 10.12.2022;

-гузаштан аз дастурдиҳии такрорӣ – гузаронида нашудааст;

-гузаштан аз дастурдиҳии дар ҷои корӣ – гузаронида нашудааст.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 26 декабри соли 2022 тақрибан соати 15 18 дақиқа дар нақби «Тагикамар»-и километри 32+398 қитъаи 2 ПК 32+398+00 сохтмони роҳи нақлиётии «Обигарм – Нуробод» баъд аз ба анҷом расидани кор, ҳангоми азназаргузаронии сифати кори коргарон аз тарафи шифти нақб резиши ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҳаҷми 3 м3 ба амал омадааст, ки дар натиҷаи он устои нақбкани бригадаи васлгарони ФК «Жечианг Комуникейшн Констракшн Груп Ко ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Яо Чжи ҷароҳатҳои вазнин бардошта ба ҳалокат расидааст.

Оиди ҳодисаи нохуш дар баёноти хатии худ аз 30.12 соли 2022 коргари нақби №2 ФК «Жечианг Комуникейшн Констракшн Груп Ко ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳомидов Умедҷон чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 26. 12. 2022 тахминан соати 7-00 хӯроки субҳонаро истемол намуда, чун ҳарвақта дар ҷойи истироҳаташ интизор будааст, ки ӯро ба ҷойи корӣ даъват намоянд, зеро соатҳои кориашон вақти муайян надоштааст. Онҳо то шурӯъ намудан ба кор яъне то соати 12-00 дақиқа онҳоро устои кӯҳӣ Яо Чжи ва тарҷумон огоҳ кардаанд, ки ба кор омода шаванд. Баъдан онҳо лавозимотҳои кориро гирифта ба минтақаи корӣ ҳозир шудаанд, ба онҳо бо тарзи шифоӣ муҳандиси минтақавӣ оид ба техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҷиҳати риоя кардани техникаи бехатарӣ дастур дода ба китобӣ «бақайдгирии шахсони ба нақб воридгашта» имзо кардаанд, аммо ба онҳо ягон ҳуҷҷат оид ба ТБ ва ҲМ аз тарафи шахсони масъул пешниҳод карда нашудааст. Соати 13-00 дақиқа ба кор шурӯъ намуда, тақрибан соати 15-00 дақиқа корҳоро ҷамъбаст кардаанд, яъне аркаҳоро васл намудаанд, баъдан ҳамаи коргарон аз болои эстакада фаромадаанд ва Яо Чжи ба болои эстакада баромада кори онҳоро аз назар мегузаронидааст, ки ногаҳон аз қисмати болоии нақб резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омада аркаҳоро пахш намуда ба болои ҷабрдида афтидааст. Ҳомидов У, бо 3 нафар коргарон ба болои эстакада баромада бо ёрии экскаватор аркаҳоро бардошта ҷабрдидаро аз зери ҷинсҳои кӯҳӣ бароварда ба ковши худборкунак гузоштаанд, ки ӯро аз нақб бароранд. Баъдан духтури минтақави маълум намудааст, ки ҷабрдида вафот кардааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

  1. Пеш аз оғози корҳо дар қитъаи мазкур қисмати шифт ва деворҳои нақб тибқи талабот аз санговезаҳо тоза карда нашудааст.
  2. Қитъаи кории зеризаминӣ бо ҳавои тозаи кофӣ таъмин карда нашудааст, яне масофаи байни синакор ва рӯдаи ҳаводиҳӣ 45 метрро ташкил медиҳад.
  3. Шиносномаи мустаҳкамкунӣ тибқи талабот таҳия карда нашуда, аз тарафи шахсони масъул тасдиқ карда нашудааст.
  4. Аз ҷониби роҳбарияти ФК «Жечианг Комуникейшн Констракшн Груп Ко ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайси масъули корҳои кӯҳӣ-техникӣ дар сохтмони иншооти зеризаминӣ таъин намудани шахсоне, ки маълумоти тахассусии соҳавӣ надоранд:
  5. Қитъаҳои кории дохили нақбҳо бо равшаннокии кофӣ таъмин карда нашудааст.
  6. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 27.12 соли 2022 тақрибан соати 15-30 дақиқа бо коргари зеризаминии ҶСК «Ангишт» Абдумоминзода Зубайдулло, соли таваллудаш 1980 дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази карбони СО2, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

  1. Абдумоминзода Зубайдулло санаи таваллудаш – 23.02.1980, коргари зеризаминӣ, собиқаи кори умумӣ, 1 солу 6 моҳ 26 рӯз, аз рӯӣ касб дар ҶСК «Ангишт» аз 21. 12 соли 2020, дастури муқаддимавӣ санаи 21. 12 оли 2022, дастур дар ҷойи кор санаи 21. 12 соли 2022, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Завҷааш – Ҳоҷиева М, соли таваллудаш 1983.

Писараш – Амруллозода Шукрулло, соли таввалудаш 2001.

Писараш-  Ҳоҷиев М, соли таввалудаш 2003.

Писараш – Ҳоҷиев Субҳиллоҳ,, соли таввалудаш  2008.

Писараш- Ҳоҷиев Амонуллоҳ, соли таввалудаш  2019.

Истиқоматкунандаи шаҳри Исфара ҷамоати деҳаи Сурх, кӯчаи А. Ҷомӣ № 12.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти Тошбоев Искандар- сардори кони 1/2 бармеояд, ки санаи 27.12.соли 2022 ба кор омада ба коргарони зеризаминии басти 1- ум супориши корӣ додааст, ки дар роҳкушоии зерқабат кор кунанд. Ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ риоя кунанд ва пеш аз фаромадан ба устои кӯҳӣ Ахмедов Б, оиди санҷидани ҳаво ва гузоштани рамаҳо дар роҳкушоӣ супориш додааст. Ахмедов Б. Ҳалимов З. Қодиров М. Қаҳҳоров Қ ва Абдумоминзода З. ба тамоили I2 ба ҷойи корӣ омадаанд. Ахмедов Б. пеш аз фаромадани коргарҳо ҳавои тамоилро чен карда, баъд барои кор иҷозат додааст. Қаҳҳоров Қ. барои хизматрасонии ғарғара дар майдончаи даромадгоҳи тамоил ба кор истодааст. Ахмедов Б. Ҳалимов З. Қодиров М ва Абдумоминзода З. ба тамоил фаромада дар зерқабат то вақти хӯроки нисфирӯзи ангишт истихроҷ намуда, ду маротиба, бо воситаи қуттӣ ангишти истихроҷшударо ба боло баровардаанд. Каҳҳоров Қ. барои хӯроки нисфирӯзи коргарҳоро ба боло фарёд задааст. Коргарон ҳамакаса баромада хӯроки нисфирӯзи хӯрда сипас ба ҷойи кориашон ба тамоил фаромадаанд. Ҳалимов З. бо метини барқӣ (перфаратор) кор менамудааст, Ахмедов Б. халта медоштааст, Абдумоминзода З. бошад бо бел ангишти истихроҷшударо ба халта меандохтааст. Пас аз ангиштро ба халта андохта шудан Абдумоминзода З. ба Ахмедов Б. гуфтааст, ки ӯ барои қазои ҳоҷҷат кардан меравад. Ахмедов ба Абдумоминзода З. гуфтааст, ки ба боло барояд ба поён наравад. Пас аз 3-4 дақиқаи аз назди Ахмедов Б. рафтани Абдумоминзода З., ки дар ин муддат Қодиров М. бошад даҳони халтаҳои ангишро баста ба назди саршавии зерқабат кашонидааст, ногаҳон чашмаш ба равшании чароғак ба нишебӣ меафтад. Қодиров М. дарҳол ба Ахмедов Б. хабар додааст, ки Абдумоминзода З. ба нишебӣ афтидааст. Ахмедов Б. дарҳол ба нишебӣ рафта Абдумоминзода З-ро бардоштани мешавад, аммо қувваташ намерасад ва худ ҳам аз таъсири газ меафтад. Дар ин муддат Қодиров М. ба Ҳалимов З. хабари афтидани Абдумоминзода З.-ро медиҳад. Ҳалимов З. низ барои ёрӣ расонидан меояд, ки устои кӯҳӣ Ахмедов Б. гуфтаст, ки ба сардор хабар диҳанд. Ҳалимов Зикридин ҳам бо таъсири газ ба боло баромада бачаҳоро газ бурд гӯён бо воситаи ратсия ба сардори кон хабар додааст. Сардори кон Тошбоев И. дарҳол ба тамоили I2 омада барои наҷот додани коргарон ба нишебӣ фаромадааст. ӯ омада мебинад, ки устои кӯҳӣ Ахмедов Б. ва Абдумоминзода З. дар охири нишебӣ хобидаанд. Тошбоев И. дарҳол Ахмедов Б.-ро бо ҳамроҳии Қодиров М. ба назди зерқабат ба ҷойи корӣ бароварда мемонанд. Дилашро каме маҳс карда ба рӯяш каме об пошида ба ӯ чойи гарм додааст, ки ӯ ба ҳуш омадааст. Дар ин вақт Ҳалимов З. ба назди зерқабат расида омадаааст ва Тошбоев И. ба ӯ гуфтааст, ки Ахмедов Б.-о ба қуттии ангишбарор савор намуда ба боло барорад. Тошбоев И. Кодиров М. ва Ҳалимов З. Ахмедов Б.-ро ба қуттии ангиштбарор савор намуда бо ҳамроҳии Ҳалимов З. ба боло равон кардаанд. Дар ин муддат Тошбоев И. боз барои наҷот додани Абдумомоминзода З. ба нишеби мефарояд ва Абдумоминзодаро аз дасташ қапида кашола мекунад, аммо аз таъсири газ бемадор шуда қувваташ намерасад ва ба Қодиров М. гуфтааст, ки ӯро гирад. Қодиров М. Тошбоев И.-ро аз дасташ кашида ба зерқабат даровардааст. Тошбоев И. ҳам бемадор будааст, ӯро ба болои хока шинонида ба ӯ чойи гарм додааст. Дар ин вақт Ҳалимов З. қаиқро кашола карда фармадааст ва Тошбоев И.-ро савор намуда, якҷоя ба боло бароварда бо воситаи нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи шаҳраки Шӯроб гусел мекунанд. Табибони ёрии таъҷилии шаҳраки Шӯроб Абдумоминзода Зубайдулло ташхис гузаронида, фавти ӯро тасдиқ кардаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

– аз меъёр зиёд ҷамъшавии гази турши СО2 дар қисми поёнии тамоили сарбастаи I2;

– таъмин набудани ҳавои тоза дар қисми поёнии тамоили сарбастаи I2;

– назорати суст оид ба риояи бехатарии саноатӣ дар минтақаи корӣ аз тарафи кормандони муҳандисию – техникии ҷамъият.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 26 декабри соли 2022 тақрибан соати 21-50 бо ронандаи ҶДММ «Чжесзян Сзянхуэй инжиниринг» дар Тоҷикистон Абдухалилов Алишер Баҳодирович, соли таваллудаш 2002, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Абдухалилов Алишер Баҳодирович, санаи таваллудаш 14 марти соли 2002, ронандаи ҶДММ «Чжесзян Сзянхуэй инжиниринг» дар Тоҷикистон, собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур -2 моҳу 7 рӯз, дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ – тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи ҷамъият санаи 15.11.2022 дастурдиҳӣ гузаронида шудааст, аммо дар варақаи дастурдиҳӣ насаб ва имзо ҷабрдида, инчунин имзои дастурдиҳанда низ мавҷуд нест. Аз ҷониби корфармо тартиби пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ ва гузаронидани дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ риоя нашудааст. Вазъи оилавӣ – муҷаррад.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёнот ва протоколҳои пурсиши шоҳидони ҳодисаи нохуш, шахсони масъули корхона ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҷамъият маълум мешавад, ки шаби 26.12.2022 Ли Ёнгканг – муҳандис-сохтмончӣ ҳамчун роҳбари баст ба танзимгари басти шабона Лу Шенгҷун оиди итмом расидани корҳои таркишӣ ва барои баровардани хоку сангрезаҳо аз дохили нақб ба партовгоҳ супориш додааст, ки ронандагони автомашинаҳои боркашро сафарбар намояд. Дар ин маврид тақрибан соати 21-30 дақиқа Лу Шенгҷун тариқи тарҷумони басти шабона – Муҳиддинов С. 4 нафар ронандаи боркаш, аз он ҷумла Абдухалилов А.Б.-ро ба кор сафарбар намудааст.

Аз баёноти шоҳиди асосии ҳодисаи нохуш – Султонов Нозим – ронандаи ҷамъият бармеояд, ки ҳангоми ӯ бо ҳамроҳи Абдухалилов А.Б. ҳангоми қабул намудани супориш ба самти нақби №4 ҷиҳати баровардани ҷинсҳои кӯҳӣ аз дохили нақб раҳсипор шуданд. Баъдан аз дохили нақб Султонов Н. аввал бо автомашинаи боркаш баромада, ба ҷойи партовгоҳи ҷинсҳои кӯҳӣ раҳсипор шудааст. Абдухалилов А.Б. баъди Султонов тақрибан 15 дақиқа пас аз дохили нақб баромадааст. Султонов ҳангоми ҷинсҳои кӯҳиро дар партовгоҳ рехтан ва ба сӯи нақб раҳсипор шудан дар роҳи технологӣ мушоҳида кардааст, ки 30-40 метр дуртар автомашинаи боркаши Абдухалилов А.Б. дар канораи роҳ будааст. Баъдан Султонов Н. автомашинаи худро боздошта, ба назди Абдухалилов А.Б. давида ва дидааст, ки Абдухалилов А.Б. дуртар аз автомашина дар замин афтода буда, олудаи хун будааст. Дар ин ҳолат, Султонов Н. ба самти утоқи вахтавӣ давида, намояндагони корхонаро оиди ҳолати мазкур бо ишора хабардор намудааст. Дар ин ҳолат намояндагони корхона бо бародари тиббии корхона – Тошев Хуршед Баҳорқулович дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бародари тиб муайян намудааст, ки Абдухалилов А.Б. аллакай вафот намудааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Ба кор ҷалб шудани ҷабрдида бе шаҳодатномаи тахассусӣ барои рондани автомашинаҳои боркаши зеризаминӣ.
  2. Бе муоинаи тиббӣ ба кор ҷалб шудани ҷабрдида.
  3. Пайи ҳам дар ду баст кор фармудани ҷабрдида.
  4. Аз экспертизаи бехатарии саноатӣ нагузаронидани мошини боркаши зеризаминии тамғаи «Син-Теиен-Ли-7YT».
  5. Ба таври дахлдор нагузаронидани дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ.
  6. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 09 январи соли 2023 тақрибан соати 09-15 дақиқа бо Бобомирзоев Хушрӯз Маҳмаддиллоевич – ронандаи нақлёти боркаши тамғаи Хова №41, соли таваллудаш 1994 дар роҳи технологии сатҳи 1640 м кони кушоди Тарори ҶДММ КМ «Зарафшон», рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Бобомирзоев Хушрӯз Маҳмаддиллоевич – санаи таваллудаш 21 марти соли 1994, корманди ҶДММ КМ «Зарафшон», собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 24. 05 соли 2022, дастури муқаддимавӣ санаи 24. 05 соли 2022, дастурдиҳӣ дар ҷойи кор санаи25. 05 соли 2022, Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 3 ффарзанд.

Бобомирзоева Сорогул – ҳамсараш соли таваллудаш 1998;

Бобомирзозода Мардон – писараш соли таввалудаш 2018:

Бобомирзода Мижгона – духтараш соли таваллудаш 2021.

 

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти устои куҳӣ Эрматов Б. бар меояд, ки санаи 09.01.202 тақрибан соати 6 00 дақиқа ба ҷои кор рафта, аз устои кӯҳӣ басти шабона Сиддиқов Ф. басти кориро қабул намуда аз Ҳамроев И.- ёрдамчии менеҷери кони кушоди Тарор, супориши кори гирифта, баъдан ба кормандон корҳои фаҳмондадиҳи оид ба техникаи бехатари гузаронида ба онҳо супориши корӣ додааст. Эрматов Б. – устои куҳи бо ҳамроҳии Ҳамроев И.- ёрдамчии мененҷери кон ҷойҳои кориро аз назар гузаронида ба сатҳи 1640 м омадаанд ва аз онҷо ҳамаи ҷойҳои корӣ, ки намоён будааст, назорат кардааст. Ҳамроев И. бошад ба дигар ҷои кори рафта барои васеъ намдани роҳ, бо ронандаи экскаватори тамғаи Лебхери №4 корҳои фаҳмондадиҳи гузаронидааст. Тахминан соати 9 10 дақиқа, Бобомирзоев Х. – ронандааи нақлёти тамғаи Хова рақами тартибиаш №41 ба сатҳи 1640 м, ки устои куҳи Эрматов Б. дар онҷо қарор доштааст, омада нақлиёташро дар канори роҳ монда ба назди устои куҳи омада супориши корӣ оиди кашонидани ҷинсҳои куҳӣ аз сатҳи 1630 м гирифта ба тарафи нақлиёт рафтааст, дар ҳамин вақт нақлёти тамғаи RX90YQ бо рақами тартибии №69, ки ронандааш Остонаев Н. будааст пур аз ҷинсҳои куҳӣ барои роҳ додани дигар нақлиёте, ки аз тарафи муқобил ҳаракат менамудааст, маън намуда мунтазир шудааст. Дар ҳамин вақт тахминан соатҳои 9 15 дақиқа ногаҳон нақлёти боркаш тамғаи Хова бо рақами тартибии №41 ба ҳаракат даромада ба тарафи рости нақлёти тамғаи RX90YQ бо рақами тартибии №69 бар хурдааст. Остонаев Н. – ронанда нақлёти тамағаи RX90YQ №69 аз нақлиёт фаромада мебинад, ки Бобомирзоев Х. дар байни нақлиётҳо бо шикам хобидааст ва аз сараш ҷароҳат бардоштааст. Устои куҳи Эрматов Б. ба Муҳиддинов М. – ронандаи нақлёти боркаши тамғаи Хова ҳангоми супориши кори додан, ки дар назикии онҳо қарор доштаанд, садои бархурдро шунида ба назди нақлётҳо омадаанд. Остонаев Н. ронандаи ба таги нақлётҳо даромада ҷабрдидаро аз китфаш қапида аз зери нақлётҳои боркаш кашонда ба оқиби нақлиёт ба ҷои бехавф гузаронидааст. Муҳидинов М. аз даруни нақлёташ об оварда ба рӯӣ ҷабрдида пошида мебинад, ки нақлёти тамғаи Хова №41 муҳарикаш дар ҳолати корӣ аст, бо сабаби дарҳои кабинааш маҳкам будан, ӯ ба таги нақлёт даромада муҳарики онро хомуш менамояд. Баъд Эрматов Б. аз ин ҳолат хабардор шуда дарҳол омада Бобомирзоев Х.-ро ба нақлёти сабукрави худ бор намуда ба бунгоҳи тибби овардааст. Духтури навбатдори корхонаи Тошев М, ҷабрдидаро қабул намуда моинаи тибби гуаронида муйян менамояд, ки Бобомирзоев Хушрӯз ба ҳалокат расидааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Нигоҳ доштани автомашинаи худхоликунанда дар фароз ва нишебӣ бо мақсади додани супориши корӣ аз тарафи устои куҳӣ.
  2. Бе назорат мондани мошин бо муҳаррики кор карда истода.
  3. Боздоштани мошин дар нишеби ва барозиҳои роҳ бе хомуш кардани муҳаррик ва нагузоштани ашёҳои боздоранда дар зери чархҳо ва инчунин нагузоштан дар манъкунаки дасти.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳoлати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 10 январи соли 2023 бо Салимов М.И. – коргари ҶДММ «Осиё Лифт Техник» ҳангоми насби лифти мусофиркаш дар бинои баландошиёнаи ҶДММ «Нил Сохтмон», рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Салимов Иброҳим Мирзокалонович, санаи таваллудаш 20.10.1991.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти хатии ҷабрдида Салимов И. М. бар меояд, ки ӯ рузи рух додани ҳодиса тахминан соати 07-45 дақиқа ба ҷои корӣ, яъне ба бинои истиқоматии сохташудаистодаи ҶДММ «Нил сохтмон», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода бинои №29 ҳозир шуда, ба ошёнаи 3 бино ба хонаи мошинолоти лифт баромада, тақрибан то соати 11 30 дақиқа бо ҳамроҳии Пирзода Ф. танобҳои борбардории лифтро ба ҷои лифтиравона намуда аз ошёнаи поёнӣ Гулов М танобҳоро аз чархакҳои дар болои хоначаи лифт мегузаронидаанд. Онҳо бояд танобҳои пулодини борбардории лифтро пайваст менамудаанд. Бо мақсади бор кардани сангҳои мувозинатӣ 2 адад тахтачӯби дарозиашон 2 метр ва паҳноиашон 10 сантиметраро гирифта дар зери пояш барои дастрас шудани ҷойи сангҳои мувозинатӣ гузошта, як тарафи тахтачубҳоро дар фарши дари даромади чоҳи лифт гузошта, тарафи дигарашро ба болои каркаси металлии роҳнамоҳои сангҳои мувозинатӣ гузоштаанд. Баъдан сангҳои мувозинатиро аз роҳрави ошёнаи 16 гирифта, бо ҳамроҳии Пирзода Ф. ба чорчӯбаи сангҳои мувозинатӣ бор менамоянд. Ҳангоми бор намудани санги навбатии мувозинатӣ тахтачубҳои зери пояшон яку якбора лағжидааст ва онҳо афтиданд. Дар натиҷа Пирзода Ф. ва Салимов И. дар миёнбандҳояшон овезон мондаанд, баъди лаҳзае Пирзода Ф. ба худ омада дидааст, ки Салимов И. ба ӯ гуфта истодааст, ки санги мувозинатро бардорад. Салимов И. гуфтааст, ки санги мувозинатро бардорад, ки дасташро пахш кардааст. ӯ дарҳол сангро бардошта, дасташро аз зери санги мувозинатӣ кашида гирифтааст. Баъдан ба наздашон Сафаров Лутфулло – корманди ҶДММ «Осиё Лифт гурӯҳ» расида омада дар якҷояги бо дигар кормандон ҷабрдидаро ба МД «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – «Шифобахш» мебаранд. Баъди азназаргузаронӣ ва ташхиси ҷароҳатҳо муайян карда шуда, ҷабрдидаро боарои муолиҷа дар беморхона бистарӣ намуданд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

–ба меъёрҳои стандартии сохтмонӣ ҷавобгуй набудани тахтасуфаи муваққатӣ (временные подмости);

–назорати суст аз тарафи сармуҳандиси корхона ҳангоми иҷрои корҳои васлу насбгарии лифтҳо;

–беаҳамияти зоҳир намудан дар ҷои кор аз тарафи ҷабрдида.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 10 январи соли 2023 бо Лу Ҷиҳонг – анборчии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», рух додааст.
  2. Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Лу Ҷиҳонг, санаи таваллудаш 5 феврали соли 1983, анборчӣ;

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 5 моҳу 26 рӯз;

-дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ – 17.07.2022 ва 20.07.2022. Вазъи оилавӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти хатии ҷабрдида ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Лу Ҷиҳонг бармеояд, ки ӯ санаи 10.01.2023 тақрибан соати 7-30 дақиқа аз хобгоҳ баромада, ба тарафи ошхонаи корхона барои гирифтани хӯроки субҳона рафтааст. Дар роҳи мошингарди шаҳраки Зарнисор наздикии даромадгоҳи корхона аз сабаби ях ва лағжон будани замин ногаҳон пояш лағжида ба пушт меафтад. Дар ҳамин ҳолат якчанд кормандон ӯро бардошта ба истгоҳ мондаанд ва сипас ӯро ба нақлиёти корхона савор намуда, ба беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Дар беморхонаи мазкур табибон ӯро ташхис намуда, ҷароҳати бардоштаи ӯро мансуб ба зарари миёнаи ба саломатӣ эътироф менамоянд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-ях будани роҳи автомобилгарди шаҳраки Зарнисор, назди даромадгоҳи идораи маъмурии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой».

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 6 январи соли 2023, бо Мадалиев Фозилбек Ҳайдаралиевичкӯҳкор оид ба ғалтонидани санговезҳо, дар кони Зарнисори Шимолӣ уфуқи 13, сатҳи 845м, орти 40 дар бригадаи истихроҷии 1-и ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон Со», рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Мадалиев Фозилбек Ҳайдаралиевчи, санаи таваллудаш 28 сентябри соли 1977, кӯҳкор оид ба ғалтондани санговезаҳо, собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 1 моҳу 6 рӯз, дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ санаи 22. 12 соли 2022 ва 26. 12 соли 2022, вазъи оилавӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз рӯи баёноти ҷабрдида Мадалиев Фозилбек – кӯҳкор оид ба афтондани санговезаҳои бригадаи №1 ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон Со» бармеояд, ки ӯ санаи 06.01.2023 тахминан соати 7-30 дақиқа ба корхона омада, ба назди таҷҳизоти болобаранда (клеть) рафта, ба воситаи он бо ҳамроҳии Намозов Д. ва Охунов Ҳ. ба минтақаи кории уфуқи 13, сатҳи 845, орти 40 кони Зарнисори Шимолӣ ба қитъаи корӣ рафта тоза намудани санговезаҳои шифти нақб машғул шудааст. Тахминан соати 10-00-10-35дақиқа ҳангоми тоза намудани шифти нақб аз санговезаҳо ногаҳон резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омада ба қисмати сару китфи ҷабрдида  рехтааст ва дар натиҷаи ӯ ба замин афтидааст. Дар ҳамин вақт Намозов Д., ҷинсҳои кӯҳии рехташударо аз болои Мадалиев Ф. тоза намуда, ӯро ба ҷойи бехавф бурдааст. Баъдан ҷабрдидаро ба беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ бурда, дар беморхонаи мазкур бистарӣ намудаанд.

Cабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-нокифоя будани дарозии асбоб барои тоза кардани санговезаҳо;

-таъмин нагардидани ҷойи корӣ бо системаи равшанидиҳӣ;

– таъмин нагардидани ҷойи корӣ бо системаи ҳаводиҳӣ;

-бе лоиҳаи техникии коркарди кон бурдани корҳои кӯҳӣ дар қисмати шимолу шарқии кони Зарнисори Шимолӣ, ки дар он ҳодисаи нохуш рух додааст;

-аз муоинаи навбатии тиббӣ нагузаштани ҷабрдида;

-назорати сусти кормандони муҳандисиву техникии корхона вобаста ба ҳолати бехатарии нақб, ки дар он ҳодисаи нохуш рух додааст (системаи ҳаводиҳӣ, равшанӣ).

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 23 январи соли 2023 соати 08-00 дақиқа дар сохтмони заводи миси минтақаи ЗИФ-1-и ҶДММ КМ «Зарафшон» бо коргари ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон Со» Эшов Сарвин Абдухалилович, соли таваллудаш 1996 рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Эшов Сарвин Абдухалилович, санаи таваллудаш 16 декабри соли 1996, коргари ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон Со», собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 6 рӯз, бе фармони ҷамияти мазкур ба кор қабул карда шудааст, дастури муқаддимавӣ гузаронида нашудааст, дастури дар ҷои кор гузаронида нашудааст дастури кории ҳаррӯза гузаронида нашудааст, оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

 

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Оиди ҳодисаи нохуши мазкур ҷабрдида – коргари ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон Со» чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 23. 01 соли 2023 ӯ чун ҳарвақта ба ҷойи корӣ ҳозир шудааст. Яке аз кормандони хитоӣ тариқи телефони мобилӣ оид ба риояи техникаи бехатарӣ дастур гузаронидааст. Баъдан ба ӯ аз тарафи ҷамъият либосу пойафзолӣ корӣ дода шудааст. Тақрибан соати 07-40 дақиқа ӯ ба кор шурӯъ намуда, бо ҳамроҳии Субҳонов А, балкаҳое, ки бо ёрии автокран васл менамудаанд, ба таноби автокран мебастаанд. Баъди хӯроки нисфирӯзи боз ба ҳамин кор машғул шудаанд. Тақрибан соати 15-45 дақиқа ҳангоми васл намудани балкаи ниҳоӣ устои қитъаи ба ронандани борбардор гуфтааст, ки балкаро бардорад, баъд аз бардоштани балка ҷабрдида хостааст, ки ба тарафи дигар гузарад, вале ҳангоми гузаштан пойи ӯ дар байни балкаҳои бардошташуда ва дар замин гузошташуда дар монда ҷароҳат бардоштааст. Баъдан ҷабрдидаро тариқи автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ба беморхонаи шаҳри Панҷакент интиқол додаанд ва дар беморхонаи мазкур табибон кафидани устухони пойи чапи ӯро муайян намуда, ӯро бистарӣ намудаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

-барои бастани бор роҳ додани шахси бегона, ки ҳуқуқи борбандӣ ва фармони корхонаро барои иҷрои ин корҳоро надорад;

-роҳ додани шахсоне, ки аз дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат нагузаштаанд;

-якбора бардоштани борҳо аз тарафи ронандаи кран, зеро тибқи талаботи қоида ронандаи кран борҳоро бояд барои муаяйян намудани дуруст будани стропҳо ва мустаҳкамии боздорандаи кран аз сатҳи замин ба баландии аз 20 то 30 см зиёд набардорад.

  1. Ҳодисаи ҳодисаи нохуши ҷароҳатбардоӣ, ки санаи 01 феврали соли 2023 тақрибан соати 0945 дақиқа бо Ҷабборов Абдуразоқ Мухторович ёвари мененҷери кони кушоди «Тарор»-и ҶДММ КМ «Зарафшон», соли таваллудаш 1970 дар сати 1660м рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Ҷабборов Абдуразоқ Мухторович – санаи таваллудаш 04 январи соли 1970, – ёвари мененҷери кони кушоди Тарори ҶДММ КМ «Зарафшон», собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 26. 09 соли 1996, дастури муқаддимавӣ аз санаи 24. 09 соли 1996, оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти Рустамқулов Фахрулло – пармагар бар меояд, ки санаи 01.02.2023 ба басти рӯзона ба кор омада, аз устои баст Эрматов Б. супориши корӣ оид ба бурдани дастгоҳи пармагариро гирифта, ба сатҳи 1677 метр омада дастгоҳи пармагариро аз назар гузаронида камбудиҳои ошкор намудаашро ислоҳ намудааст. Тахминан соати 10-30 дақиқа ба назди ӯ Ҷабборов А. – ёрдамчии менежери кони «Тарор» бо ҳамроҳии Ёров Б.- устои барк омадаанд. Ҷабборов А. ба Ёров Б. супориш оид ба кучонидани симчӯби барқиро ба тарафи шарқӣ додааст. Баъди гирифтани супориши кори Ёров Б. ба пармагар Хоҷамов тариқи телефони мобили занг зада гуфтааст, ки то хӯроки нисфирузӣ корҳои паврмагариро ба хотима расонанд. Дар ин вақт Ҷабборов А. бо телефони мобилӣ ба Усмонов Б. занг зада оиди интиқоли дастгоҳи пармагарӣ аз сатҳи 1677 метр ба сатҳи 1640 метр супориш додааст. Дар ҳамин ҳолат Усмонов Б. аз ӯ мепурсад, ки шумо дар куҷо ҳастед. ӯ мегӯяд, ки дар сатҳи 1677 метр қарор дорад. Усмонов Б. ҷабрдидаро мебинад, ки тариқи телефон суҳбат намуда ба самти шимолӣ ба сатҳи 1677 метр рафта истодааст. Дар ҳамин ҳолат алоқа қатъ гардидааст. Усмонов Б. ба ӯ такроран занг задааст, аммо ӯ ҷавоб надодааст. Ин ҳолатро ба Зиёвуддинов А. – устои корҳои пармагарӣ, ки дар наздаш будааст фаҳмонида аз ӯ хоҳиш намудааст, ки ба Рустамқулов Ф. занг зада муайян намояд, ки ҷабрдида дар куҷо бошаду чи ҳол дорад. Рустамқулов Ф. ба қисми поёни сатҳ фаромада дидааст, ки Ҷабборов А. дар сатҳи 1660 метр хобидааст. ӯ дарҳол ба назди Ҷабборов А. рафта ӯро ба пушт хобонида ба Зиёвуддинов А. оиди ҳодисаи хабар дода, ба автомошина савор намуда ҷабрдидаро ба беморхона интиқол додаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-беэҳтиёти намудани ҷабрдида ҳангоми иҷрои корҳо дар роҳҳои кон.

  1. Ҳодисаи нохуши гуруҳии марговар ва ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 30 январи соли 2023 тахминан соати 13 45 дақиқа дар ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент» рух додааст, ки дар натиҷа сардори шӯъба Лю Вей ва кафшергар Тешаев Т. М. ба ҳалокат расида, кафшергарон Маҷнунов Л. М. Назаров Ш. С. Алиев А.Қ. Алиев Р. А. Лан Тян ва Хан Баогян ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Маълумот дар бораи ҷабрдидагон:

  1. Лю Вей, санаи таваллудаш 27. 12 соли 1981, сардори шуъбаи ашёи хом дар ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент», собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 01. 09 соли 2020, вазъи оилавӣ – муҷаррад, соҳиби 1 фарзанд.

1.1. Тешаев Талбак Музаффарович, санаи таваллудаш 09. 11 соли 1966, кафшергари ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент», собиқаи умумии корӣ дар корхонаи мазкур аз 06.03.2017, вазъи оилавӣ-оиладор соҳиби 4 фарзанд.

1.2. Маҷнунов Латиф Маҳмадуллоевич,  санаи таваллудаш 12. 04 соли 1967, кафшергари ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент», собиқаи умумии корӣ аз 01. 03 соли 1989, собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 18. 07 соли 2016, вазъи оилавӣ -оиладор соҳиби 4 фарзанд.

1.3. Назаров Шерали Сайдалиевич, санаи таваллудаш 06. 04 соли 1987, кафшергари ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент», собиқаи умумии корӣ аз 04. 08 соли 2016, собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур  аз 04. 08 соли 2016, вазъи оилавӣ – оиладор.

1.4. Алиев Абдуқаҳор Қубоналиевич, санаи таваллудаш 02. 08 соли 1984, кафшергари ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент», собиқаи умумии корӣ аз 18. 07 соли 2019, собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 18. 07 соли 2019,  вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

1.5. Алиев Расул Алиевич, санаи таваллудаш 18. 06 соли 1975, кафшергари ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент», собиқаи умумии корӣ аз 30. 01 соли 2014, собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 14. 10 соли 2022, вазъи оилавӣ –  оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

1.6. Лан Тян, санаи таваллудаш 12. 12 соли 1982, кафшергари ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент»,  собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 01. 11 соли 2021.

1.7. Хан Баоган, санаи таваллудаш 30. 04 соли 1973, кафшергари ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент», собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 06. 03 соли 2017.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти ва протоколи пурсишу посухи ҷабрдида Назаров Ш. С. бар меояд, ки санаи 30. 01 соли 2023 тақрибан соати 13 45  дақиқа ҳангоми дар назди лабораторияи ҶДММ ШБИ «Чжунгтсай моҳир семент», дуртар дар масофаи 70-80 метр аз ҷои ҳодиса қарор доштааст, ки ногаҳон садои баланде ба гушаш расидааст, ба тарафи садои баромада нигоҳ кардааст, ки аз зери манораи таркунанда хоку чанг ба ҳаво хеста истодааст. Зуд ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст, ки дар онҷо садои доду фиғони одамон аз даруни хоктуда баромада истода будааст, баъдан ба дохили он даромададааст. Ҳангоми даромадан аз ҳарорати баланд ва хоку чанг чашмонашро кушода натавониста, бо мушкилӣ ба назди онҳо расида, аз либоси яке аз ҷабрдидагонро қапида ӯро ба ҷойи бе хавф бароварда, баъдан ба болои зинапоя баромада ҷабрдидаи 2-юмро баровардааст. Баъдан аз ҳисоби нафас кашидани газҳои зараровар аз ҳуш рафта, дигар ҳолатҳои минбаъдаро дар ёд надоштааст ва ҳангоми ба худ омадан дар беморхона қарор доштааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Сохтани даричаҳои худсоз (люк) дар қисми поёнии манораи таркунанда, ки дар он шнеки интиқолдиҳандаи ашёи хом мегузарад.
  2. Тоза кардани шнеки интиқолдиҳандаи ашёи хом бе хомуш кардан аз ҷараёни барқӣ ва хомӯш накардани хатти технологии оташдон (печ). Ҳамчунин пеш аз оғоз кардани кор ҳарорати оташдони даврзананда ва камераи таҳшиншавандаи чангҳо бояд то 400 С расонида мешуд.
  3. Аз экспертизаи бехатарии саноатӣ нагузарониданӣ манораҳои гармидиҳанда (циклонные теплообменники) ва манораи тарккунанда.
  4. Таъмин накардани ҷабрдидагон бо сару либоси махсуси муҳофизати барои кор дар ҷойҳои кории ҳарорати баланд.
  5. Бе лоиҳа иҷрои корҳо тоза кардани қисми поёнии манораи таркунанда.
  6. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 18 феврали соли 2023 соати 09 30 дақиқа дар қитъаи корхонаи автомобилӣ, воқеъ дар шаҳри Роғун бо челонгари таъмири автошинаҳои ҶСК «ТГЭМ», дар шаҳри Роғун Шарипов Абубакр Зикруллоевич, соли таваллудаш 2000, рух додааст.
  7. Маълумот дар бораи шахси ҷабрдида:

Шарипов Абубакр Зикруллоевич., соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ховалинг, ҷамоати деҳоти Ҷомбахт, деҳаи Доробӣ, собиқаи умумии корӣ 1 (як) моҳу 2 (ду) рӯз, ар ташкилоти мазкур 1 (як) моҳу 2 (ду) рӯз, муҷаррад.

Маълумот оиди гузаронидани дастурдиҳиҳо оиди риояи техникаи бехатарӣ ба ҷабрдида:

-гузаронидани дастурдиҳии муқаддимавӣ – санаи 18. 01 соли 2023;

-гузаштан аз дастурдиҳии такрорӣ – 27. 01 соли 2023;

-гузаштан аз дастурдиҳии дар ҷойи корӣ – 28. 01 соли 2023.

 

 

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Санаи 18 феврали соли 2023 соати 09 30 дақиқа аз ҳисоби риоя нагардидани талаботҳои риояи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ дар қисмати чархи қафои (озод намудани чархи қафо аз 2 адад сангҳои қутри тақрибан 15-20 см) автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман» бо рақами қайди дохилӣ 318Е дар қитъаи кории корхонаи автомобилӣ, воқеъ дар шаҳри Роғун, ҳангоми озод намудани чархи қафо аз санги қутри тақрибан 15-20 см бо истифода аз тахтачӯби худсохти андозааш 0,65х0,20х0,04 метр бо усули зер намудани он бо бордони автомашинаи мазкур аз тарафи ронанда Чаудхару Рагхвендра, ногаҳон таркиши яке аз чарх ба амал омадааст, ки дар натиҷа тахтачӯби мазкур шикаста қисми он бо зарбаи сахт ба қисмати даст ва пешонаи челонгари таъмири автошинаҳои сехи таъмири автошинаҳои Корхонаи нақлиётии автомобилии Раёсати сохтмони истеҳсолии ҶСК «ТГЭМ» дар шаҳри Роғун Шарипов А. З., задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

-аз тарафи масъулини ҷамъият додани иҷозат ба ҷабрдида, барои иҷрои корҳои мустақил оиди кушодан ва часпондани чархҳои автомашинаҳо, ки омӯзиш ва таҷрибаомӯзии дар ҷойи кор гузаронида нашудааст.

-гузаронидани корҳои таъмирӣ аз тарафи челонгар Шарипов А. З., ва ронандаи автомашинаи боркаш Чаудхару Рагхвендра., дар ҷойи хавфнок, ҷавобгӯ набуда ба равиши технологӣ ва талаботҳои санитарӣ.

-ҳангоми гузаронидани корҳои хизматрасонии автомашинаи боркаши №318Е беэҳтиётӣ зоҳир намудани челонгар Шарипов А. З., ва ронандаи автомашинаи боркаш Чаудхару Рагхвендра.

-гузаронидани корҳои хизматрасонии автомашинаи боркаши №318Е дар ҳолати фаъол будани муҳаррики автомашина аз тарафи челонгар Шарипов А. З., ва ронандаи автомашинаи боркаш Чаудхару Рагхвендра.

-гузаронидани корҳои хизматрасонии автомашинаи боркаши №318Е, аз тарафи челонгар Шарипов А. З., ва ронандаи автомашинаи боркаш Чаудхару Рагхвендра., ки бордони автомашина қобилияти ҳаракаташро дар зери таъсири вазни худ орад ва бо таври механикӣ гузошта нашудани он бо такягоҳи эҳтимоли барои худҳаракати онро истисно намояд.

-гузаронидани корҳои хизматрасонии автомашинаи боркаши №318Е, аз тарафи челонгар Шарипов А. З., ва ронандаи автомашинаи боркаш Чаудхару Рагхвендра., бо воситаҳои худсози ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 18 феврали соли 2023 соати 08 10 дақиқа ҳангоми баромадан аз утоқи корӣ, воқеъ дар бинои устохонаи барқии майдончаи сохтмонии 5-и сохтмони НБО «Роғун» бо сарэнергетики Филиали «Вибилд С.п.А. дар ҶТ» Ли Ксинг, соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Халқиии Хитой, вилояти Джелин, шаҳри Мейхекоу, шаҳраки Хайлонг, деҳаи Шуандинг, рух додааст.
  2. Маълумот дар бораи шахси ҷабрдида:

Ли Ксинг., санаи таваллудаш 24. 04 соли 1970, истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Халқиии Хитой, вилояти Джелин, шаҳри Мейхекоу, шаҳраки Хайлонг, деҳаи Шуандинг, миллаташ хитоӣ, муваққатан дар шаҳри Роғун, кӯчаи Ҳ. Зайд, шаҳраки вахтавӣ истиқомат мекунад, оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 18 феврали соли 2023 соати 08 10 дақиқа ҳангоми баромадан аз утоқи корӣ, воқеъ дар бинои устохонаи барқии майдончаи сохтмонии №5-и сохтмони НБО «Роғун», сарэнергетики Филиали «Вибилд С.п.А. дар ҶТ» Ли Ксинг., шаҳрванди Ҷумҳурии Халқиии Хитой дар зинапояи зинаи ошёнаҳои 2 ва 1 дар натиҷаи ногаҳон лағжида афтидааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар баёноти хатии худ ҷабрдида – сарэнергетики «Филиали «Вибилд С.п.А. дар ҶТ» Ли Ксинг чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 17 феврали соли 2023 соати 7 00 дақиқа ба утоқи кориаш, воқеъ ба майдончаи сохтмонии №5 иншооти НБО «Роғун» ҳозир шудааст, баъдан ҷиҳати бехатарона иҷро намудани корҳо дар қитъаҳои зеризаминӣ ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда ба энергетики ширкат Абрам Траппа ва мухандиси техникии бехатарии маҳаллӣ Маҷнунов Т., пешниход намудааст. Баъдан такрибан соати 800 дақиқа бо мақсади ба қитъаи зеризаминии нақби Т-2 рафтан бо худ дар дасташ асбобҳои лозимаро гирифта ба қитъаи корӣ равон шудани будааст, аммо дар майдончаи зинаи оҳанин бинобар сабаби тар будани пойафзоли корияш лағжида афтида ба самти пеш ба масофаи тақрибан 2-3 метр рафта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

-аз тарафи Филиали «Вибилд С.п.А. дар Ҷ Т» ба истифода дода шудани бинои устохонаи барқии майдончаи сохтмонии №5-и сохтмони НБО «Роғун», ки санади Комиссияи корӣ дар бораи ба истифода қабул кардани иншоотҳои сохтмонаш анҷомёфтаи №373-Ф аз 27 декабри соли 2021 ба пуррагӣ ба имзо расонида нашудаи дар ҳолати мутобиқ набудан ба талаботи ҳифзи меҳнат ҷавбгӯ набуда, инчунин дар муддати муқарраргардида пешниҳод нашудани он ба Комиссияи давлатии қабули иншоотҳои сохтмонаш анҷомёфта;

-аз тарафи корхонаи пудратӣ – ҶСП «ТадЭС» ба инобат гирифта нашудани омилҳои муқовимати зиддилағжишӣ аз лағжидан нигоҳдоранда дар зинаҳои зинапояҳо ва фарши майдончаҳои зинапояҳо;

-ҳангоми ҳаракат намудан дар зинапояи оҳанин беэҳтиётӣ зоҳир намудан аз тарафи сарэнергетики Филиали «Вибилд С.п.А. дар ҶТ» Ли Ксинг.

13 Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 07 марти соли 2023 тахминан соати 9-00 дақиқа бо Наримбетов Охунҷон Туйчиевич – коргари кӯҳии бригадаи истихроҷи маъдан 5-и ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон», дар уфуқи 8-2, сатҳи 1120 метри нақби иктишофии кони Зарнисори Шимолӣ, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида

Наримбетов Охунҷон Туйчиевич санаи таваллудаш 07.08 соли 1997, коргари кӯҳӣ дар ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон»:

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур: аз 01.11 соли 2022;

– дастури  муқаддимавӣ: 01.11.2022;

– дастур дар ҷои корӣ: 05.11 соли 2022;

-бахисобгири хониш пеш аз воридоти техникаи бехатарӣ: 05.11.2022.

Вазъи оилавӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти ҷабрдида Наримбетов О. Т., бар меояд, ки ӯ санаи 07 марти соли 2023 тақрибан сооати 0700 дақиқа ба назди даромадгоҳи шахта омада ба китоби даромаду-баромад имзо намуда, баъди хӯроки субҳона ба ҷойи кор рафтааст. Устои кӯҳӣ Ли Чо Сун ба ӯ ва ронандаи болоборкунак Алибердиев Б. супориши корӣ оиди гузоштани таҷҳизоти обкаширо ба дохили обро гирифта, тақрибан 20 метр дуртар аз ҷои кори будааст, бурда гузоштаанд. Баъдан Ли Чо Сун ба онҳо оиди иваз намудани қубурҳои ҳавокашро дар уфуқи 8-2, сатҳи 1120 м додааст. Наримбетов О. ва Алибердиев Б. бо нақлиёти болоборкунак ба ҷои кор рафтаанд. Алибердиев Б. нақлиёти болоборкунакро ба ҷои бехавф бурда гузоштааст. Наримбетов О. ба назди нақлёти болоборкунак рафта амбурро аз даруни бели нақлёти боркунак гирифтааст, Алибердиев Б. бошад барои овардани қубури ҳаводиҳанда ба дигар тарафи нақб рафтааст. Наримбетов Охунҷон ба назди қубури ҳаводиҳанда омада хостааст, ки симтоби қубурро бо амбур кушояд. Ногаҳон қубури ҳаводиҳандаи плакстикии дар паҳлубудаи бо краник муҷҷаҳазбуда, аз ҷояш канда шуда бар пешонии Наримбетов О. бар хурдааст, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Баъдан ӯро тариқи автомобил ба беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бурда бистарӣ намудаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

  1. Риоя нагардидани корҳои васлкунӣ дар магистрали системаи ҳавогузар.

а) Магистрали ҳавогузарӣ штреки 8-2 ба талаботи лоиҳавӣ ҷавобгӯ набуда, қубурҳои системаи магистрали хавогузар аз тарафи мутахассисон муоинаи техникӣ ва экспертизаи бехатаарии саноати гузаронида нашудааст.

б) Қубурҳои магистрал ва краникҳои часпон фарсуда шуда, дар қубурҳо шикофиҳо чой дорад.

в) Корҳои пайвасткунӣ аз тарафи мутахассисони соҳа гузаронида нашудааст.

  1. Назорати сусти кормандони муҳандисиву техникӣ вобаста ба ҳолати ногувор.
  2. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 08 марти соли 2023 тахминан соати 19 00 дақиқа дар кони Зарнисори Шимолӣ орти 22 уфуқи 1238 метри нақби иктишофӣ, бригадаи истихроҷи маъдан 2 бо пармагари ҶДММ «Луқмон – 2012» Раҳматуллоев Раҷабмурод соли таваллудаш 1981, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Раҳматуллоев Раҷабмурод Мирзомуродович, санаи таваллудаш 24. 01 соли 1981, пармагар;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур: аз 01.09 соли 2020;

– дастури муқаддимавӣ: 26.02.2023;

– дастур дар ҷои корӣ: 26.02 соли 2023;

-дастур оид ба ТБ дар ҷои кор ва такрорӣ: 26.02.2023;

Вазъи оилавӣ,  оиладор, соҳиби 3 фарзанд, аз ҷумла:

-Ҷураева Рисолат – ҳамсараш соли таввалудаш 1982;

-Раҳматуллоев Муҳриддин – писараш соли таваллудаш 2011;

Раҳматуллоев Зуҳриддин- писараш соли таввалудаш 2009;

Мирзомуродова Бибиробия- духтараш соли таввалудаш 2014.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 8 марти соли 2023 пармагар бо ҳамроҳии дигар кормандон баъди хурдани хӯроки субҳона бо наклиёти тамғаи Мусо савор шуда ба нақб ба ҷойи корӣ рафтаанд. Пармагарон Ташрифов Р. Раҳматулоев Р. ва Ҷураев Т. аз устои куҳӣ Нураматов Р. супориши корӣ оиди парма намудани нақб дар орти 22 уфуқи 1238 м гирифтаанд. Онҳо якҷоя ба ҷойи кори рафта машғули кор шуда то нисфирузи 15 адад пармачоҳ парма намудаанд. Устои кӯҳӣ ба пармагарон хӯроки нисфирузӣ оварда, дар ҷои кори то соати 1330 дақиқа хурок хурдаанд. Баъди хурдани хуроки нисфирузӣ аз соати 1400 дақиқа коро идома дода 15 адади дигар пармачоҳҳоро то соати 1700 дақиқа парма намудаанд. Дар ҳамин ҳолат устои кӯҳӣ Нурматов Р. супориш додааст, ки бинобар дар орти 22 уфуқи 1238м гузаронида шудани корҳои таркшӣ корҳоро манъ намуда, идомаи онро баъди анҷоми корҳои гузоштааст. Пармагарон аз ҷойи корӣ ба ҷойи бехавф гузашта мунтазири корҳои таркиши шудаанд. Баъди анҷоми корҳои таркишӣ, тахминан соати 18 50 дақиқа устои кӯҳӣ бо ҳамроҳии пармагарон боз ба ҷойи корӣ омада ҷойи кориро аз назар гузаронида, барои тоза намудани санговезаҳо аз шифти нақб машғули кор шудаанд. Тахминан соати 19 00 дақиқа онҳо корҳоро анҷом дода, ҳамаи олотҳои кориро ҷамъ намуда ба ҷойи бехавф гузоштаанд. Дар ин ҳолат пармагар Раҳматуллоев Р. хостааст, ки таҷҳизоти пармагариро аз даромади нақб гирифта ба синакори нақб гузорад, ки ногаҳон аз шифти нақб як адад ҷинси кӯҳии бо ҳаҷми калон канда шуда ба болои ӯ афтидааст. Ташрифов Р., ки дар онҷо қарор доштааст ин ҳолатро дида дарҳол ба назди ӯ рафта, бо ҳамроҳии Ҷураев Т. ва дигар кормандон ҷинсҳои кӯҳиро аз болои ҷабрдида тоза намуда, ба роҳбарият оиди ҳодисаи нохуш хабр додааст. Баъдан ҷабрдидаро тавассути автомашинаи сабукрав ба беруни нақб бароварда ба беморхонаи шаҳраки Зарнисор бурдаанд. Духтури навбатдори беморхона ҷабрдидаро аз назар гузаронида, фавти ӯро тасдиқ менамояд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

  1. Нагузоштани аломатҳои огоҳкунанда ё бо панҷараи оҳанин мустаҳкам накардани даромадгоҳи нақби истифоданашуда.
  2. Назорати суст аз ҷониби муҳандисони техникӣ дар нақби 1238 м орти 22.
  3. Беаҳмияти зоҳир намудан аз ҷониби шахси ҷабрдида, яъне риоя накардани дастурамали соҳавӣ – бе супориши шахси масъул дар нақби муваққатан боздошташуда даромадан.
  4. Ҳодисаи нохуши гурӯҳии марговар, ки санаи 24 марти соли 2023 тахминан соати 13-10 дақиқа бо кафшергарони барқии Филиали ҶДММ «Енцзиен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудрадчии ҶДММ КМ «Зарафшон» Ёров Баҳманёр Бахтиёрович, соли таваллудаш 1992 ва Ҳомидов Имомиддин Икромиддинович, соли таваллудаш 1999, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдидаҳо.

  1. Ёров Баҳманёр Бахтиёрович санаи таваллудаш 06.12 соли 1992, кафшергари Филиали ҶДММ «Енцзиен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, аз ҷумла:

– Мирзоева Гулнавоз – ҳамсараш, соли таваллудаш 1996,

-Ёрзода Шуҳратёр – писараш соли таваллудаш 2016,

-Ёрзода Бахтовар – писараш соли таваллудаш 2018,

-Ёрзода Алиҷон – писараш соли таваллудаш 2021,

-Ёрзода Юсуфҷон – писараш соли тавллудаш 2022.

  1. Ҳомидов Имомиддин Икромиддинович – санаи таваллудаш 27. 01 соли 1999, кафшергари Филиали ҶДММ «Енцзиен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиладор-хамсараш Ғиёсзода Сабрина, соли таввалуд 2003.

Ҳолати рух додани ҳодиса.

Аз баёноти ронандаи кран Роибов Н. бар меояд, ки санаи 24 марти соли 2023 соати 7 30 дақиқа ба ҷои корӣ омада ба кабинаи крани маноравӣ баромада корро шуруъ менамояд, пас аз 10 дақиқа кафшергарон Ёров Б. Ёров Ш. ва Ҳомидов И. барои кафшер намудани қисмати болоии завод аз ронандаи кран хоҳиш намудаанд, ки онҳоро тавассути крани маноравӣ ба баланди барорад. Роибов Н. бошад ба онҳо ҷавоби рад додааст. Онҳо ба кафшергар Су Шиаоганг муроҷиат намудаанд ва ӯ ба ронандаи кран супориши шифоҳи додааст, ки кафшергаронро бо тариқи кран ба болои сохтмони завод бардорад. Баъдан Ёров Б. Ёров Ш. ва Ҳомидов И. ба сабади оҳанини худсоз савор шуда, онро ба чангаки кран пайваст намудаанд. Роибов Н. онҳоро ба болои сохтмони завод баровардан машғул шудааст. Ҳангоми бардоштан ба баландии тахминан 18-20 м ногаҳон таноби крани манорави канда шуда, сабати оҳанини худсоз бо кафшергарон ба даруни қуттии оҳанин, ки барои овардани таҷҳизотҳои завод оварда шуда будааст, меафтанд. Ронандаи кран Роибов Н. ин ҳолатро дида дарҳол кранро хомуш намуда аз кабинаи кран ба ҷои ҳодисаи нохуш омадааст, ки дигар кормандони завод ин ҳолатро дида дарҳол омада ҷабрдидаҳоро аз даруни қуттии оҳанин бароварда ба нақлиёти Хундай Портер савор намуда ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бурдаанд. Духтури навбатдор онҳоро аз муоинаи тибби гузаронида фавти Ёров Бахманёрро тасдиқ намуда ва Ҳомидов Имомиддинро аз чароҳатҳои гирифтаашон дар беморхона бистарӣ менамоянд. Аз маълумотномаи беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бар меояд, ки санаи 27 марти соли 2023, Ҳомидов И. низ дар беморхона фавтидааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

– канда шудани троси крани маноравӣ ҳангоми бардоштани сабати оҳанини худсоз.

-нагузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии крани маноравӣ барои соли 2023.

-дар соли 2023 нагузаронидани муоинаи техникӣ ( периодическое техническое освидетельствование) крани маноравӣ.

-истифодабарии троси корношоям.

-аз ҷониби масъулини корхона сохтани сабади оҳанини худсоз барои бардоштани кормандон тавасути крани маноравӣ, ки қатъиян манъ аст..

-дар корхона таъсис дода нашудани хадамот барои таъмир ва хизматрасонии крани маноравӣ ё баста нашудани шартнома ба ширкатҳои махсусгардонидашуда иҷозатномадор.

-ба таври дахлдор нагузаронидани дастурдиҳи оид ба техникаи бехатарии кормандон. Аз руи маълумономаи пешниҳоднамудаи ҷамъият маълум гардид, ки дастури техникаи бехатари дар қоғазҳо бе нишон додани ному насаби кормандон ташкил гардидааст. Китоби дастурдиҳи ташкил карда нашудааст.

-аз ҷониби корфармо таъмин накардани шахси масъул барои истмифодаи бехатаронаи крани маноравӣ ва шахси масъул барои назорати бехатарона кашонидани борҳо.

  1. Ҳодисаи нохуши гуруҳии ҳолати марговар, ки санаи 27 марти соли 2023 тахминан соати 18-40 дақиқа, бо Содиқов Комил Раҳимовичнақбкани зеризаминӣ соли таваллудаш 1966 ва Додобаев Музафар Амонович-ангишткан соли таваллудаш 1978 дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази карбон, дар нишебии I2 кони ангишти 1/2 –и ҶСК «Ангишт», рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдидагон:

  1. Содиқов Комил Раҳимович, санаи таваллудаш 22. 04 соли 1966, нақбкани зеризаминӣ, собиқаи кори умумӣ – 22сол, аз рӯӣ касб дар ҷамият аз 01. 06 соли 1988.

Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 3 фарзанд;

-завҷааш – Содиқова Рафихон, соли таваллудаш 1969;

-духтараш –Комилзода Зуҳрохон, соли таваллудаш 2001;

-духтараш – Комилзода Фотимахон, соли таваллудаш соли 2001;

– духтараш – Содиқова Уғулхон, соли таваллудаш 2005;

Истиқоматкунандаи шаҳри Исфара ҷамоати деҳаи Чоркӯҳ, кӯчаи И. Файзуллоев 297.

  1. Додобаев Музафар Амонович, соли таваллудаш 08. 02 соли 1978, ангишткани зеризаминӣ.

Собиқаи корӣ:

– собиқаи кори умумӣ – 16 сол;

– аз руи касб дар ҶСК «Ангишт» аз 28. 08 соли 1998;

Вазъи оилавӣ – оиладор,  соҳиби 5 фарзанд.

– завҷааш – Додобаева Матлуба, соли таваллудаш 08. 04 соли 1978;

– духтараш – Додобаева Манижа, соли таваллудаш 2002;

– духтараш – Додобаева Миҷгона, соли таваллудаш  2004;

– духтараш – Додобаева Мадина, соли таваллудаш 2005;

– писараш-Додобаев Муҳаммадиқбол, соли таваллудаш 2010;

– духтараш Додобаева Эсмира, соли таваллудаш 2018.

Истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати Шӯроб, кӯчаи Олимпӣ №132.

Ҳолати рух додани ҳодиса.

Аз баёноти кормандони басти дуюми ҷамъият Қаҳҳоров Қ., Қодиров М. ва Қосимов И. бар меояд, ки пас аз гирифтани супориши корӣ онҳо ба ҷойи корӣ – кони 1/2 рафтаанд. Содиқов К., Додобаев М. ва Қосимов И. ба нишебии Iзерқабати 2 фаромада корҳоро дар роҳкушоии нақби пайвасти оғоз намудаанд. Сипас Содиқов К. ба Қосимов И. гуфтааст, ки халтаҳоро тайёр намояд ва худи ӯ бо ҳамроҳии Додобоев М. ба нақби пайвастии 3/2 барои ҳамвор намудани ҷинсҳои кӯҳӣ мераванд. Сипас баъд аз 10-15 дақиқа овози онҳо набаромадааст ва Қосимов И. аз ин ҳолат хавотир шуда онҳоро фарёд кардааст, аммо аз тарафи онҳо садо набаромадааст. Қосимов И. хостааст, ки аз аҳволи онҳо хабардор шавад ва ба назди нақби пайвастӣ рафта дидааст, Содиқов К. дар ҳолати ба пушт хобида ва Додобоев М. бошад дар канори нақб дар ҳолати нишаста қарор доштааст. Қосимов И. фарёд задааст, аммо овози ҷавобӣ нашунида, ба қафо гашта аз Қодиров М. либосашро гирифта, онро тар намуда, даҳону биниашро баста боз ба нақби пайвастӣ барои наҷоти Содиқов К. ва Додобаев М. ҳаракат намудааст. Ҳангоми рафтан мадори пойҳояш суст шуда ба самти қафо бар гаштааст. Дарҳол ба Қодиров М. гуфтааст, ки ба боло хабар диҳад ва ба боло баромада оиди ҳодиса ба сардори ҳавза, қисми наҷотдиҳии кӯҳӣ (ВГСЧ), навбатдорӣ ҶСК «Ангишт» ва ёрии таъҷилии ш. Шуробро хабар додааст. Қодиров М. аз нишебии 1/2 Қосимов И.-ро ба қутии ангишбарор савор намуда ба беруни нақб баровардааст. Дар ин муддат ба кони 1/2 ёрии таъҷили ш. Шуроб сармуҳандиси ҷамъият Ҳасанов М. сардори кони 1/2 Махкамов Х. командири қисми ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ Маликов И. ва дигар кормандони расида омадаанд.

Кормандони қисми ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ бо ҳамроҳии дигар кормандони ҷамъият ба ҷойи ҳодиса ффаромада, ҳавои дохилиро чен намуда, муайян намудаанд, ки миқдори гази СО2 6% ва О2 18 такил медодааст. Содиқов К.-ро ба зерқабати 3 бароварда ба Махкамов Х. маҳси дил намуда ва нафаси сунъӣ додаанд, аммо ӯ нафасро қабул накардааст. Дигарон бошанд барои наҷот додани Додобоев М. рафта ӯро овардаанд. Маҳкамов Х, бошад Додобаев М.-ро низ маҳси дил ва нафаси сунъӣ додаанд, аммо ӯ низ нафасро қабул накардааст. Сипас ҷабрдидагонро ба қутти ангиштбарорӣ хобонида ба беруни нақб баровардаанд. Табибони ёрии таъҷилии шаҳраки Шӯроб онҳоро ташхис гузаронида, фавти онҳоро тасдиқ намуда, баъдан ба воситаи автомашини ёрии таъҷилӣ барои ташхиси биологӣ ба беморхонаи марказии ш. Исфара бурдаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

-аз меъёр зиёд ҷамъшавии гази турши СО2 дар қисми поёнии нақби пайвастии зерқабати 2/3;

– ихроҷи гази СО2 аз нақбҳои пештар коркардшуда;

– назорати суст оид ба риояи бехатарии саноатӣ дар минтақаи корӣ аз тарафи кормандони муҳандисию техникии ҷамъият.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 21 марти соли 2023 тахминан соати 13-30 дақиқа дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Ҳисор бо ноболиғ Ҳамрозода Ҳабибулло Фируз санаи таваллудаш 18 апрели соли 2019, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Ҳамрозода Ҳабибулло Фируз, санаи таваллудаш 18 апрели соли 2019, ноболиғ, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Гаҷак

Ҳолати рух додани ҳодиса.

Аз баёнотҳои шоҳидон бармеояд, ки субҳи санаи 21 марти соли 2023 ба боғи фарҳангу фароғатӣ омада ба кор шурӯъ намудаанд. Султонов А. ба Узбеков Ш. ва Азизов М. гуфтааст, ки аз сабаби бисёр будани одамон дар боғ дар рузҳои иди Наврӯз ба ӯ ёрӣ расонанд. Тахминан соати 13 20 дақиқа Узбеков Ш. дар аттраксиони «Паровоз» кор карда истода будааст, ки ногаҳон фарёди баланд баромадааст, ӯ нигоҳ кардааст, ки як зан ба тарафи релси аттраксион давида истода будааст. ӯ ин ҳолатро дида, дарҳол тугмаи аттраксионро хомӯш карда ба назди релси аттраксион рафтааст, ки пеш аз ӯ Султонов А. ҳозир буда, дар ҷойи ҳодиса як кӯдаки ноболиғро аттраксион пахш намудааст. Узбеков Ш. бо ҳамроҳии гуруҳи одамон аттраксионро бардошта, ҷабрдидаро тариқи автомашинаи тамғаи опел Астра бо рақами қайди давлатии 1999 КМ 01 таҳти идораи Қосимов М. ба беморхонаи шаҳри Ҳисор бурдаанд. Дар беморхона табибон ҷабрдидаро аз назар гузаронида, фавти ӯро тасдиқ кардаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

-беаҳамиятӣ зоҳир намудан аз тарафи модари фавтида, яъне назорат накардани фарзанди ноболиғ дар ҷойи хатарнок;

-назорати суст аз ҷониби танзимгар.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 4 апрели соли 2023 тахминан соати 16-30 дақиқа дар натиҷаи ба кор даровардани дастгоҳи борбардор (кран-манипулятор) бо натиҷаи расиш бо қувваи барқ бо устои дастгоҳи заршӯии ҶДММ «Заринк» – Холов Н.Б, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Холов Насрулло Баҳодурович санаи таваллудаш 16 декабри соли 1993, устои дастгоҳи заршӯӣ дар минтақаи истеҳсолии ноҳияи Сангвори ҶДММ «Заринк», собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз санаи 04. 06 соли 2017 то 04. 04 соли 2023.

Дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ санаи 16. 03 соли 2023. Вазъи оилавӣ-оиладор, соҳиби 5 фарзанд, аз ҷумла:

-Ҳамсараш (бе шаҳодатномаи ақди никоҳ) – Холматова Шаҳбону Муҳиддиновна, санаи таваллудаш 04.07.1996;

-писараш – Холзода Каюмарс Насрулло, санаи таваллудаш 06.09.2018;

писараш – Холзода Амирҷон Насрулло, санаи таваллудаш 03.12.2019;

писараш – Холзода Сулаймон Насрулло, соли таваллудаш 2021.

Ҳамсари ҷабрдида (шаҳодатномаи ақди никоҳ АА№ 0478698 аз 18.07.2015, №67) – Бобохонова Азиза Баҳриевна, санаи таваллуд 14.07.1996;

писараш – Холов Муҳаммадалӣ Насруллоевич, санаи таваллуд 09.09.2014;

духтараш – Холзода Сабина Насрулло, санаи таваллуд 10.06.2016.

Аз баёноти шоҳиди ҳодиса – устои дастгоҳи заршӯии ҶДММ «Заринк» Ғаффоров Ш. А. бармеояд, ки ӯ санаи 04. 04 соли 2023, тахминан соати 16-30 дақиқа бо таъмири дастгоҳи заршӯӣ машғул будааст, ки дар ҳамин ҳол ӯро Холов Н. даъват намудааст, ки варақаҳои оҳанинро аз болои бордони кран-манипулятор фароранд. Ғаффоров Ш. ба болои манипулятор баромада, занҷираҳои манипуляторро ба варақаҳои оҳанин баста, сипас поён фаромада, аз автомашина дуртар истодааст. Баъдан Холов Н. ба идоракунии автомашина оғоз намудааст, ки ӯро барқ зада, дар ҷояш афтидааст. Сипас Ғаффоров Ш. дилаши ҷабрдидаро масҳ карда ба ӯ об додааст. Баъдан ба ҷои ҳодиса Салоҳиддини Н.-ро, ки таҷрибаи духтурӣ доштааст, даъват намудаанд ва ӯ омада ҷабрдидаро аз назар гузаронида муайян кардааст, ки дилаш аз таппиш мондааст ва ӯ ҷабрдидаро зуд ба нуқтаи тиббӣ оварда, фишорашро санҷиданд ва маълум гардидаст, ки Холов Насрулло алакай фавтидааст.

 Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

  1. Риоя накардани талаботҳои бехатарӣ ҳангоми кор дар зери ноқилҳои ҳавоии барқии зери шиддати баланд.
  2. Бе заминваслак кор кардан дар наздикии минтақаи муҳофизавӣ хати интиқоли барқ.
  3. Надоштани шаҳодатномаи тахассуси оиди идоракунии кран-манипулятор аз тарафи Холов Н.
  4. Иҷро намудани корҳои хатарнокияш баланд бе супориш-иҷозат (наряд-допуск) дар наздикии хатти ҳавоии баландшиддати барқ.
  5. Аз ҷониби корфармо барои истифодабарии бехатарии кран-манипулятор таъин нагардидани шахси масъул.
  6. Аз ҷониби корфармо таъин карда нашудани шахси масъул барои назорати бардоштан ва фаровардани борҳо тавассути кран-манипулятор.
  7. Санаи рух додани ҳодисаи нохуш аз ҷониби корфармо таъмин накардани шахсони масъул барои назорати истеҳсолӣ, яъне таъмин накардани корхона бо сармуҳандис ва сардори минтақа барои пешбурд ва назорати корҳои истеҳсолӣ.
  8. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 25 апрели соли 2023 тахминан соати 10 45 дақиқа бо барқчии департаменти истихроҷи зеризамини ҶСП «Талко Голд» Одинаев Қобилҷон Равшанбекович, соли таваллудаш 1994, воқеъ дар минтақаи Канчочи ноҳияи Айнӣ, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Одинаев Қобилҷон Равшанбекович, санаи таваллудаш 8 июни соли 1986, барқчии департаменти истихроҷи зеризаминии ҶСП «Талко Голд», собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур -1 солу 2 моҳу 1 рӯз, дастурдиҳии муқаддимавӣ санаи 24. 02 соли 2022, дастурдиҳӣ дар ҷойи корӣ санаи 05. 01 соли 2023, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Аз баёноти ҷабрдида Одинаев Қ. Р. бар меояд, ки санаи 25 апрели соли 2023 Одинаев Қ. бо ҳамроҳии Қаюмов К. соати 730 дақиқа ба маҷлисгоҳ омада, аз сардори шуъбаи истеҳсолӣ Ян Пингей супориши корӣ оиди иваз намудани чароғҳои даруни нақби 2456 м гирифта, ба китоби техникаи бехатарӣ имзо гузоштаанд. Ян Пингей ба кормандон оиди риояи талаботҳои техникаҳои бехатарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан, тахминан соатҳои 08 00 дақиқа Қаюмов К. бо ҳамроҳии Одинаев Қ. ба нақби 2465 м рафта, ба иваз намудани чароғҳо шурӯъ намудаанд. То соатҳои 0930 дақиқа онҳо якҷо чароғҳоро иваз намуда, корҳоро ба анҷом расонидаанд. Сипас барои таъмир намудани таҷҳизотҳои барқӣ дар дастгоҳи омехтакунандаи бетон, ки 50 м дуртар дар назди анбори маводи тарканда муҷаҳҳаз будааст, омада машғули кор шудаанд. Онҳо тугмаҳои бакордарории дастгоҳро иваз намуда, барои кори дастгоҳро санҷидан Қаюмов К. тугмаи бакордарориро пахш кардааст. Одинаев Қ, ки дар болои соға (бункер) ҷои омехтакунии дастгоҳ қарор доштааст, ҳангоми ба кор даромадани дастгоҳ ба даруни соға ба қисми даврзанандаи дастгоҳ афтида пойи чапаш ҷароҳат бардоштааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

-гузаронидани корҳои таъмирӣ ҳангоми фаъол будани  механизм;

-аз ҷониби шахсони масъули корхона таҳия карда нашудани дастурамал оиди бехатарии кор ҳангоми таъмири дастгоҳи омехтакунандаи бетон;

-истифода намудани дастгоҳи омехтакунандаи бетон дар ҳолати мавҷуд набудани шиносномаи техникӣ, хулосаи экспетизаи бехатарии саноатӣ ва дастури истифодабарӣ;

-бе супоришнома ба корҳои таъмири дастгоҳи

омехтакунандаи бетон машғул шудани коргарон.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар ва ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 28 апрели соли 2023 тақрибан соати 15 30 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Соро Компания», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Борбад 30/1 бо шаҳрвандон Равшанова Салтанат Аҷиковна, соли таваллудаш 1971 ва Саидзода Сунатулло Саъдулло, соли таваллудаш 2006, рух додааст.
  2. Маълумот дар бораи фавтида:

Шаҳрванд Равшанова С. А. санаи таваллудаш 8. 10 соли 1970, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик, ҷамоати деҳоти Кангурт, деҳаи Қарқамиш, директори мактаби №30, муҷаррад, соҳиби 2 фарзанд, маълумоташ олӣ.

  • Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Шаҳрванд С. С. санаи таваллудаш 02 августи соли 2006, зодаи вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, деҳаи Заргарон, донишҷуи курси якуми Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон мебошад.

Ҳолати рух додани ҳодиса.

Аз баёноти язнаи марҳума Тураев Ф. бармеояд, ки марҳума санаи 28 апрели соли 2023 тахминан соати 1130 ба утоқи кории хоҳараш бо мақсади дидорбинӣ ба назди хоҳараш ҳозир шуда, то рух додани дар инҷо мондааст. Соати 1530 дақиқа ногаҳон ба гӯшашон садои баланди таркиш расидааст ва марҳума бо мақсади огоҳ шудан давида ба балкон баромадааст, ки  дар ин ҳолат таркиши дуюм ба амал омада, аз натиҷаи зарбаи таркиш марҳума аз болои балкони ошёнаи дуюми бинои қарордоштааш ба замин афтидааст. Онҳо марҳумаро бо ёрии дигар шахсони дар онҷо қарордошта ва кормандони тиби ҳозиршуда ба беморхона бурдаанд ва баъди як чанд соат марҳума вафот кардааст.

Оиди ҳодисаи нохуши мазкур чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 28. 04 соли 2023 тақрибан соати 15-30 дақиқа ӯ аз тарафи хобгоҳи донишгоҳ ба тарафи маркази тиҷоратии Мардон ҳаракат менамудааст, ки чашмаш ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ сӯхтаистода афтидааст. ӯ ҳам ҳамроҳи дигар одамон ба назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ сӯхтаистода рафта, дар онҷо қарор доштааст, ки ногаҳон таркиш ба амал омадааст. ӯ хостааст, ки аз ҷойи ҳодиса гурезад, аммо ҳангоми гурехтан пешпо хурда афтидааст. Бори дуюм ҳангоми аз ҷояш хестан таркиши дуюм ба амал омада, ҷароҳат бардоштааст. Баъдан ӯро кормандони милитсия ба беморхонаи клиникии №3-шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

-аз кор баромадани муҳаррики насоси газпуркунӣ;

-холи намудани гази моеъ аз ҷониби роҳбарияти нуқтаи фуруши сузишворӣ ба роҳ монда нашудани назорати зарурӣ;

ҳангоми холи намудани гази моеъ аз автомашинаи Зил-130 ба зарфи нигоҳдорӣ, аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи Зил-130 Холов З. Н. риоя нагардидани талаботҳои бехатарӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 01 майи соли 2023 тахминан соати 14-20 дақиқа бо челонгари Филиали ҶДММ «Гуруҳи илмӣтехникии Хуайеи Хитой дар Тоҷикистон», пудрадчии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣсаноатии Тоҷикистону Хитой», Лиянг Чин Ен, соли таваллудаш 1976, рух додааст.
  1. Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Лианг Чиян Ен, санаи таваллудаш 29.12 соли 1976, челонгар, собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 25. 02 соли 2023, дастури муқаддимавӣ санаи 25. 02 соли 2023, дастур дар ҷои корӣ санаи 10. 03 соли 2023, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Яенг Ар Гуо –ҳамсараш соли таввалудаш 1970.

Лиянг Сай Я- духтараш соли таввалудаш 2001.

 

 

Ҳолати ҳодисаи нохуш.

Санаи 01 майи соли 2023 тахминан соати 7 00 дақиқа дар маҷлисгоҳи корхона, устои куҳӣ Чен Шу Чиян ба кормандон оиди риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида ба кормандон Ванг Ёнг ва Лиянг Чин Ен оиди корҳои мустаҳкамкунӣ дар даромадгоҳи сатҳи 1560 м супориши корӣ додааст. Ванг Ёнг ва Лиянг Чин Ен ба анбори уфуқи 5 барои гирифтани лавозимотҳои корӣ рафта лавозимотҳои лозимаро гирифта ба сатҳи 1560 м  барои иҷрои кор рафтаанд. Баъдан устои кӯҳӣ Чен Шу Чиан ба уфуқи 6 рафта дар онҷо корҳои насб намудани қубурҳои обгузарро назорат намудааст. Тахминан соатҳои 1230 дақиқа ба уфуқи 3 омада корҳои коргаронро назорат намуда ба беруни нақб баромадааст. Сипас ба сатҳи 1560 м ба назди кормандон Ванг Ёнг ва Лиян Чин Ен рафта ҷойи кории онҳоро аз назар гузаронида мушоҳида намудааст, ки ҳангоми корҳои мустаҳкамкунӣ арматурҳое, ки дар девори синакор васлгардида барои иҷрои корҳои мустаҳкамкунӣ халал мерасонидааст. ӯ ба онҳо супориш додааст, ки зарфҳои кислород ва газро оварда, арматурҳоро бурранд. Онҳо барои буридани арматурҳо таҷҳизоти газиро ба назди синакор меоранд. Чен Шу Чиан устои кӯҳӣ барои буридани арматурҳои девори синакор машғули кор шудаанд Лиян Чин Ен ба устои куҳӣ ёри мерасондааст ва Ван Ёнг бошад барои мушоҳида намудани бехатарӣ дар ҷойи кор вобаста шудааст. Чен Шу Чиан ва Лиян Чин Ен то соатҳои 1420 дақиқа 10 дона арматурро бурридааст, ки дар ин ҳолат аз тарафи рости синакор аз баландии тақрибан 8-10 метр ногаҳон резиши ҷинсҳои куҳӣ ба амал омадааст. Лиянг Чин Ен ин ҳолатро дида хостааст ба беруни синакор гурезад, аммо як санги калон ба арматураҳои девори синакор бархурдаан баъд ба сари ӯ задааст. Чен Шу Чиан бо ҳамроҳии Ван Ёнг фавран ӯро аз зери ҷинсҳои кӯҳӣ бардошта ба ҷойи бехатар гузоштаанд. Чен Шу Чиан ба директори техникаи бехатарӣ Бао Ёнг оиди ҳодисаи нохуши рухдода хабар додааст. Сипас ба ҷои ҳодисаи нохуш кормандони Взводи 4-уми алоҳидаи ҳарбикунонишудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ шаҳраки Зарнисор омада, марги ӯро тасдиқ намуда ба нақлиёти хизматиашон бор намуда ба сардхонаи шаҳри Хуҷанд бурдаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

– пеш аз оғози корӣ тоза накардани санговезаҳо дар наздикии даромадгоҳи нақб;

– дар ҷойҳои ҷинсҳои куҳии суст нагузоштани мустаҳкамкунии муваққатӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 1 майи соли 2023, тахминан соати 10-30 дақиқа дар ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб», бо коргар Сафаров Наимҷон Бойҷонович соли таваллудаш 1981, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида

Сафаров Наимҷон Бойҷонович, санаи таваллудаш 21. 10 соли 1981, ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб», собиқаи умумии корӣ аз 14. 09 соли 2022, собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур 7 моҳу 16 рӯз, дастурдиҳии муқаддимавӣ санаи15. 09 соли 2022, дастурдиҳӣ дар ҷойи корӣ санаи 16. 09 соли 2022, вазъи оилавӣ –  оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодиса.

Аз баёноти ҷабрдида Сафаров Н. Б. санаи 1. 05 соли 2023 тақрибан соати 6-15 дақиқа ба ҷойи корӣ ҳозир шуда бо ҳамроҳии коргар Одинаев О. машғули суфта кардан будаанд. Тақрибан аз 24 то 26 адад тагмонаки металлӣ тайёр намудаанд. Дар онҷо ронандаи механизми борбардо Ҷумъаев Н. бо кашонидани тагмонакҳо ба анбор машғул будаст. Тақрибан соати 10 30 дақиқа ӯ бо ҳамроҳи Одинаев О. ба болои тагмонак нишаста истироҳат менамудаанд, ки дар ин ҳолат 5-6 метр дуртар Ҷумъаев Н. бо механизми борбардор як адад тагмонакро бардоштааст, ки аз болои ӯ 2-3 дона металл афтидааст. ӯ хостааст, ки ба вай кӯмак расонад, аммо дар роҳ, Ҷумъаев Н. бо механизми борбардор ӯро бо қубури оҳанин зер кардааст, ки дар натиҷа ҷароҳат бардоштааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

  1. Беаҳамиятӣ зоҳир намудан аз тарафи ронанда ҳангоми корҳои идоракунии мошинаи борбардор
  2. Бе зарурият қарор доштани коргарони ҷамъият дар ҷоий хатарнок.
  3. Дар қитъаи корӣ мавҷуд набудани овезаҳо ва аломатҳои огоҳкунанда.
  4. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 10 майи соли 2023 тақрибан соати 01-20 бо пармагари ҶДММ «Чжесзян Сзянхуэй инжиниринг» дар Тоҷикистон – Чен Пейшен, соли таваллудаш 1979, рух додааст

                   Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Чен Пейшен, санаи таваллудаш 27 июли соли 1979, пармагари ҶДММ «Чжесзян Сзянхуэй инжиниринг»,  дар Тоҷикистон, собиқаи кории умумӣ дар корхонаи мазкур 6 моҳу 11 рӯз, аз рӯӣ касб дар корхонаи мазкур 6 моҳу 11 рӯз, дастурдиҳӣ дар ҷойи кор санаи 02. 01 соли 2023 ва 03. 02 соли 2023. Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

  1. Сю Менмей, ҳамсараш соли таваллудаш 1981;
  2. Чен Зисуен, духтараш соли таваллудаш 2007;
  3. Чен Тянюй, писараш соли таваллудаш 2009.

Ҳолати ҳодисаи нохуш.

Аз баёнотҳо ва протоколҳои пурсиши шоҳидони ҳодисаи нохуш,  шахсони масъули корхона ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҷамъият бар меояд, ки санаи 9 майи соли 2023 дар вақти нисфирӯзӣ сардори қитъаи нақби 2436 м Се Ю Бин, пармагарон Ҷоу Шоу Ю ва марҳум Чен Пейшенро барои кор даъват намудааст. Онҳо баъди истемоли хӯроки нисфирӯзӣ дар китоби даромад ва баромад ба нақб имзо намуда, ба нақби 2436 барои иҷрои корҳои пармагарӣ даромадаанд. Ҷоу Шоу Ю ва Чен Пейшен тахминан соати 18-00 дақиқа корҳои пармагариро ба анҷом расонида ва аз ҷойи корӣ баромада, бо сабабҳои номаълум такроран ба қисмати синакор рафтаанд. Дар ин ҳолат резиши ҷисҳои кӯҳи ба амал омада як адад санг ба сари Ҷоу Шоу Ю бар хурдааст, ки дар натиҷа ӯ аз ҳуш рафтааст. Баъдан ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ расонида ӯро ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Дар беморхона табибон ҷабрдидаро аз назар гузаронида, муайян намудаанд, ки ӯ осеб надидааст ва саломатиаш хуб будааст.

Санаи 10 май тахминан 01-30 дақиқа масъулини ҷамъият ҷойи хоби коргаронро аз назар гузаронида муайян менамоянд, ки Чен Пеншен дар ҷойи хобаш қарор надоштааст. Баъдан сардори қитъаи нақби 2436 Се Ю Бин ва сардори шуъбаи техникаи бехатарӣ Юан Бияо ба нақби 2436, дар ҷойе, ки Ҷоу Шоу Ю ҷароҳат бадоштааст, рафтаанд. Ҳангоми ҳозир шудан мебинанд, ки Чен Пеншен дар зери сангпораҳо монадаст ва танҳо либосаш намоён будааст. Ин ҳолатро дида Се Ю Бин ва Юан Бияо зуд ба тоза кардани сагпораҳо шурӯъ намуда, ҷасади Чен Пеншенро аз дохили сангпораҳо баровардаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

-бинобар сабаби ноустувор будани нақб афтидани сангҳо;

– набудани китоби дастуру нишондодҳои геологиву маркшейдерӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговари гуруҳӣ, ки санаи 13 майии соли 2023 тақрибан соати 18-30 дақиқа дар насоси пойгоҳи ташнобкашии (КНС №2) КФД «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳри Панҷакент, бо роҳбари корхона Исломзода Баҳром Ҳасан, соли таваллудаш 1996, коргарон Мустафоев Ризо Эсоевич, соли таваллудаш 1958, Самадов Саидҷон Баҳодурович, соли таваллудаш 1996, Самадов Ҳамроқул Баҳодурович, соли таваллудаш 1995, Назиров Ҷамолиддин Сафарович, соли таваллудаш 1992, Мустафоев Ғайрат Ризоевич, соли таваллудаш 1984 ва Маҳмудҷонов Дилшод Давронович, соли таваллудаш 1980, рух додааст.

Маълумот дар бораи фавтидагон:

  1. Исломзода Баҳром Ҳасан, санаи таваллудаш 08. 04 соли 1996, маълумот – олӣ, вазифааш – директор, собиқаи кори умумӣ аз рӯйи варақаи шахсӣ 4 сол, аз рӯӣ касби директор дар КДФОК ш. Панҷакент  аз 13. 10 соли 2022, гузаронидани дастурҳиҳиҳо маълумот мавҷуд намебошад, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 2 фарзанд, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара, ҳамсараш Каримова Сарвиноз, санаи таваллудаш 25. 08 соли 2002, духтараш Ҳасанзода Ҳанифа Баҳром, санаи таваллудаш 05. 10 соли 2021 ва духтараш Ҳасанзода Табассум Баҳром, санаи таваллудаш 23. 02 соли 2023.
  2. Мустафоев Ризо Эсоевич, санаи таваллудаш 10. 05 соли 1958, маълумоташ миёнаи махсус, ихтисосаш техник-технолог оид ба обтаъминкунӣ ва канализатсия, вазифааш – сардори шуъбаи обтаъминкунӣ, собиқаи кори умумӣ 46 сол, аз рӯӣ касб дар КДФОК ш. Панҷакент аз 10. 10 соли 1977, гузаронидани дастурҳиҳиҳо маълумот мавҷуд намебошад, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 3 фарзанд, истиқоматкунандаи  шаҳри Панҷакент, кӯчаи Навобод, хонаи 1, ҳуҷраи 28.
  3. Самадов Саидҷон Баҳодурович, санаи таваллудаш 26. 09 соли 1996, маълумот: миёнаи махсус, вазифааш машинист-оператори КНС №2, собиқаи кори умумӣ аз 16. 01 соли 2023, аз рӯӣ касб дар КДФОК ш. Панҷакент аз 16. 01 соли 2023, гузаронидани дастурдиҳӣ: санаи 04.02.2023 гузаштааст, вазъи оилавӣ – муҷаррад, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, кӯчаи Навоӣ хонаи №28.
  4. Самадов Ҳамроқул Баҳодурович, санаи таваллудаш 10. 07 соли 1995, маълумоташ миёна, вазифааш машинист-оператори КНС №2, собиқаи кори умумӣ аз 16. 01 соли 2023, аз рӯи касб дар КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и ш. Панҷакент аз 16. 01 соли 2023, гузаронидани дастурдиҳӣ санаи 04. 02 соли 2023 гузаштааст, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 2 фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, кӯчаи Навоӣ №28, ҳамсараш Якубова Сабоҳат, санаи таваллудаш 07.10 соли1995, писараш Самадзода Насим Ҳамроқул, санаи таваллудаш 28. 09 соли2016 ва писараш Ёқубзода Иномҷон, санаи таваллудаш 15. 08 соли 2021.
  5. Мустафоев Ғайрат Ризоевич, санаи таваллудаш 24. 05 соли1984, маълумот миёна, вазифааш машинист-оператори КНС №2, собиқаи кори умумӣ аз 14. 04 соли 2023, аз рӯӣ касб дар КДФОК ш. Панҷакент аз 14. 04 соли 2023, гузаронидани дастурдиҳӣ санаи 04. 02 соли 2023, вазъи оилавӣ-оиладор, соҳиби 3 фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, кучаи Навобод, хонаи №1, хуҷраи №28, ҳамсараш Сангинова Зулайхо Мӯминовна, соли таваллудаш 1986, писараш Мустафоев Мақсудҷон Ғайратович, санаи таваллудаш 20. 09 соли 2008, писараш Мустафоев Бузургмеҳр Ғайратович, санаи таваллудаш 01. 01 соли 2011 ва писараш Мустафозода Самир Ғайратӣ, санаи таваллудаш 15. 08 соли 2016.
  6. Маҳмудҷонов Дилшод Давронович, санаи таваллудаш 28. 08 соли 1980, маълумоташ миёнаи махсус, вазифааш машинист – оператори КНС №2, собиқаи кори умумӣ аз 03. 05 соли 2023 сол, аз руи касб дар КДФОК ш. Панҷакент аз 03. 05 соли 2023, оиди гузаронидани дастурдиҳӣ маълумот мавҷуд нест, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 3 фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, кучаи Абурайҳонӣ Берунӣ №70, ҳамсараш Мутрибова Фирӯза Аминҷоновна, санаи таваллудаш 20. 05 соли 1985, писараш Маҳмудҷонов Эшонҷон Дилшодҷонович, санаи таваллудаш 02. 04 соли 2005, писараш Маҳмудҷонов Шамшодҷон Дилшодович, санаи таваллудаш 25. 09 соли 2007 ва духтараш Давронзода Маҳинбону Дилшод, соли таваллудаш 26. 04 соли 2022.
  7. Назиров Ҷамолиддин Сафарович, санаи таваллудаш 25. 02 соли 1992, маълумоташ олӣ, ихтисос технологияи мошинсозӣ, вазифааш мудири бахши назорати ҳисобкунакҳои обӣ, собиқаи кори умумӣ аз 01. 12 соли 2022, аз рӯӣ касб дар КДФОК ш. Панҷакент аз 01. 12 соли 2022, аз дастурдиҳӣ санаи 04. 02 соли 2023 гузаштааст, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 1 фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Муҳаммадиев, хонаи №14, ҳамсараш Ибодова Раъно, соли таваллудаш 2000, духтараш Сафарзода Закия Ҷамолиддин, санаи таваллудаш 20. 07 соли 2022.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти кормандони КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент» ва дигар шоҳидон бармеояд, ки санаи 13. 05 соли 2023 соати 17 00 дақиқа директори корхона Исломзода Б. ва сармуҳандис Мустафоев Р. аз корхона баромада рафтаанд. Ба куҷо рафтанашонро ба танзимгари корхона Одилов А. нагуфтаанд. Одилов А. аз ҳолати нақшаи кори онҳо хабар надоштааст. Аз ҳолати воқеаи рухдода, ронандаи раиси корхона Исмоилов М, соати 1910 дақиқа тариқи телефонӣ хабар додааст, ки 3-4 нафар кормандони КНС-2 ба таҳхонаи пойгоҳи ташнобкашӣ (КНС №2) афтидаанд, ба танзимгар Одилов А. гуфтаанд, ки ба ситоди оташхомӯшкунӣ хабар диҳад. Танзимгар ба ситоди оташхомушкунии шаҳри Панҷакент оиди хабари шунидааш хабар додааст.

Аз баёноти ронандаи директори корхона Исмоилов М. бармеояд, ки раиси корхона ба ӯ занг зада гуфтааст, ки омада якҷоя ба назорати пойгоҳҳо раванд. ӯ ба корхона омада, раисро гирифта ҳамроҳ назорати пойгоҳҳоро аз пойгоҳи обкашии Зарафшон оғоз намудаанд. Баъдан ба пойгоҳи ташнобкашии (КНС №2) рафтаанд. Ҳангоми ба пойгоҳи ташнобкашии омадан кормандоне, ки барои таъмири КНС – №2 рафта буданд, ба назди раис баромада, муддате сӯҳбат намуда, баъдан вориди ҷои кориашон шудаанд. Дар ин вақт ҳама ҷо ором будааст. Раис дар назди нақлиёти хизматиаш истода, ронанда Исмоилов М. бошад аз тарафи ҳоҷатхона меомадааст. Дар ин вақт садое аз тарафи пойгоҳ баланд шудааст. Раис ба ронанда Исмоилов М. гуфтааст, ки рафта хабар гирад, шояд ба кормандон ягон асбобе лозим шуда бошад. Тахминан соати 18 55 дақиқа Исмоилов М. ҳангоми ворид гаштан ба бинои пойгоҳи ташнобкашӣ ба кормандон садо карда, ки чи гап шуд гӯён ба зинапоя наздик шуда дидааст, ки ду се зина поён Маҳмудҷонов Д. нишаста будааст. ӯро пурсидааст, аммо ӯ ҷавоб надодааст. Аз шиддати баланди газ чашмонаш ба сӯзиш омада ёрӣ расонида натавонистааст. Ронанда Исмоилов М. зуд ба қафо гашта ба саҳни ҳавлӣ баромада, ба раис Исломзода Б. гуфтааст, ки зуд ба ёрии таъҷилӣ занг занад, дар дохили КНС чи воқеае рух додааст. Раис Исломзода Б. зуд ба дохили бинои пойгоҳ даромадани шудааст, лекин ронада ба ӯ монеагӣ кардааст. Ронанда дар ин муддат ба мақомотҳои дахлдор ва ҳуқуқшиноси корхона Маҳмудзода З. тариқи телефонӣ занг зада, оиди ҳодиса хабардор кардааст. Раис бошад мардуми гирду атрофро ба ёрӣ даъват кардааст. Дар ин муддат ҳангоми ронанда бо тариқи телефонӣ ба хабар додани мақомотҳои дахлдор машғул мешавад, Исломов Б. бо ҳамроҳии шаҳрванд Бобокалонов Р. барои наҷотдиҳии коргарон ба дохили пойгоҳи ташнобкашӣ даромадаанд. Раис хостааст, ки Маҳмудҷонов Д.-ро бардошта ба берун барорад, лекин худаш аз бӯи газ аз ҳуш рафта афтидааст. Бобокалонов Рустам, ки дар ҳамсоягӣ зиндаги мекардааст аз қафои Исломзода Б. вориди таҳхонаи пойгоҳ шуда, ӯ ҳам аз ҳуш рафта афтидааст. Дар ин муддат барои ёрӣ додан Абдураҳмонзода Б. ва Назаров Ҷ. расида омадаанд. Онҳо хостаанд вориди пойгоҳ шаванд, аммо ронанда Исмоилов М. монеагӣ намудааст. Ба ин нигоҳ накарда маҷбуран Назаров Ҷ. ва Абдураҳмонзода Б. барои наҷот додани кормандон вориди пойгоҳ шудаанд. Онҳо ҳам аз бӯи газ аз ҳуш рафта ба болои раис афтидаанд. Ронанда Исмоилов М. ба ҳуқуқшинос Маҳмудзода З. такроран занг зада, аз ҳолати воқеа хабар дода гуфтааст, ки ба Ҳукумати шаҳр хабар диҳад. Худаш бошад барои дарёфти ниқоби зиддигазӣ ба МТМУ №71 рафтааст, ки дар он ҷо ягон нафар шахси масъулро наёфта, ба самти идораи оташхомӯшкунӣ равон шуда, ба онҳо оиди ҳодиса хабар додааст. Дар ҷавоб онҳо гуфтаанд, ки ба шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада истодаем, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шаванд. Аз он ҷо ронанда Исмоилов М. баромада ба пойгоҳ хозир шуда мебинад, ки мардуми зиёде ҷамъ шудааст.

Баъдан ҷабрдидагонро бо мушкилоти зиёд ба берун бавоварда, ба онҳо кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида шудааст, аммо бинобар заҳролуди шадид гардидан, онҳо аз олам дар гузаштаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

– заҳролуд шудани кормандон аз гази метан дар истгоҳи насосии канализатсионӣ ҳангоми корҳои таъмирӣ ва тозакунии клапани насос;

– таъмин накардани истгоҳи насосии канализатсионӣ бо системаи ҳаводиҳӣ;

– аз ҷониби корфармо таъмин накардани кормандон бо ниқобҳои зиддигазии оксигенӣ;

– таъмин накардани газоанализатор барои чен кардани ҳавои ҷойи корӣ;

– ҳангоми корҳои таъмирӣ аз ҷониби кормандон ба даври дахлдор махкам накардани ғалақаи қубури интиқодиҳанда (задвижка);

– ба таври дахлдор нагузаронидани дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 05 майи соли 2023, тахминан соати 16-30 дақиқа бо Хоҷаназаров Усуп –ронандаи нақлиёти боркаши тамғаи Белаз 6, дар партовгоҳи 2 кони кушоди Фархунда (Бургунда)-и ҶМТКММ «Апрелевка», рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Хоҷаназаров Усуп Қулиевич, санаи таваллудаш 30. 05 соли 1963, ронандаи нақлиёти боркаши тамғаи Белаз №6, собиқаи кори умумӣ 38 сол, собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур 3 солу 1 моҳу 20 рӯз, дастури мукаддимавӣ аз 15. 04 соли 2020, дастури навбати аз 3. 01 соли 2023, дастур дар ҷои кори аз 05. 05 соли 2023, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 4 фарзанд, ҳамсараш  Хоҷаназарова Лола, соли таваллудаш 1966, писараш Хоҷаназаров Убайдулло, соли таваллудаш 1990, писараш Хоҷаназаров Фирдавс, соли таваллудаш 1993, писараш Хоҷаназаров Охунҷон, соли таваллудаш 1995 ва духтараш Хоҷаназаров Зулола, соли таввалудаш 1998.

Ҳолати ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти Раҳмонзода Шарифалӣ бармеояд, ки санаи 05 майи соли 2023 соати 6-30 дақиқа сардори кони минтақаи Фархунда ба кормандони баст супориши корӣ ва дастур оид ба техникаи бехатарӣ гузаронида, дар дафтари қайди супориши кории ҳаррӯза қайд намуда, кормандонро ба ҷойҳои корӣ равон намудаанд. Ба ронандаи автомошинаи боркаш тамғаи Белаз №6 Хоҷаназаров У. оиди кашонидани ҷинсҳои кӯҳӣ аз кони Фархунда уфуқӣ 518 ва 533 ба партовгоҳи №2 ва барои тоза намудани партовгоҳҳо идоракунандаи булдозер Салиев Б. супориши корӣ додаанд. Кормандон баъди гирифтани супориши корӣ машғули кор шудаанд. Раҳмонзода Ш. ба минтақаи корӣ омада ҷойҳои кориро то соати 12-00 дақиқа аз назар гузаронида, бо ҳамроҳии кормандон барои хурдани хуроки нисфирузӣ ба ошхона рафтаанд. Идоракунандаи булдозер Салиев Б. партовгоҳи №2-ро тоза намуда, баъди хурдани хӯроки нисфирузӣ ба партовгоҳи №1 рафта барои тоза намудани чинсҳои кӯҳӣ машғули кор шуда соати 16 00 дақиқа корҳоро ба анҷом расонида, техникаро дар канори партовгоҳ гузошта ба поёни партовгоҳ, ки аз онҷо ҷуйбори об мегузаштаст, барои шустани дасту руяшро рафтааст. Дар ҳамин вақт нақлиёти боркаши №6 таҳти идораи Хоҷаназаров У. пур аз ҷинсҳои кӯҳӣ аз назди Салиев Б. гузашта ба партовгоҳи №2 рафтааст. Хоҷаназаров У. нақлиётро дар майдони партовгоҳ гардонида, ба самти оқиб ба самти ҷойи холи намудани партовгоҳ ҳаракат намуда, дар ҳудуди ҷойи холи кардани ҷинсҳои кӯҳӣ ҳаракат намуда аз баландии партовгоҳ ба тарафи поёни партовгоҳ 19 метра сарозер шудааст. Салиев Б. ин ҳолатро дида доду фарёд зада, сипас ба назди нақлиёти сарозершуда рафта дидааст, ки Хоҷаназаров У. тақрибан 50 см дуртар аз нақлиёт дар болои ҷинсҳои кӯҳӣ сару руяш пур аз хун дар ҳолати беҳуши хобида будааст. ӯ либоси худро аз танааш бароварда, сару руйи ҷабрдидар тоза намуда, дар зери сараш гузоштааст. Баъдан ӯ ба геологи минтақа занг зада оиди ҳодисаи нохуш хабар додааст. Аз ин ҳодиса сардори кон Раҳмонзода Ш. ва дигар кормандон хабардор шуда, ба ҷойи ҳодиса омада, ҷабрдидаро дарҳол ба автомашинаи рақами қайди давлатиаш 5454 ВТ02 бор намуда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бурда бистарӣ намудаанд, аммо Хоҷаназаров У. санаи 14. 05 соли 2023 дар шуъбаи эҳё фавтидааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

– назорати суст аз ҷониби кормандони муҳандисию техникии ҷамъият ба таври дахлдор аз назар нагузаронидани партовгоҳ ва таъмин накардани деворчаи муҳофизати (наварди эҳтиётӣ) пеш аз оғози кор;

-дар роҳҳои технологии кон ва партовгоҳ набудани аломатҳои огоҳикунанда, аз ҷумла аломати нишондиҳандаи суръати ҳаракат, самти ҳаракат, фоизи баландию пастии роҳ;

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 14 майи соли 2023 тахминан соати 9-30 дақиқа бо Ҳе Ҷӣ Юнгангишткани ҶДММ «Анавак», соли таваллудаш 1964, дар нақби 1 штреки 1 (востающий) болобарандаи №3, 40-ум метри ПК+250, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Ҳе Ҷӣ Юнг соли таваллудаш – 07.03.1964, шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳаи Қаратоғ, деҳаи Ҳакимӣ, вазифаи ишғолнамуда – ангишткан, собиқаи кории умумӣ – 22 сол, аз рӯи касб дар ҶДММ «Анавак» аз 13. 03 соли 2023, гузаронидани дастури муқаддимавӣ санаи 20. 03 соли 2023, дастур дар ҷойи кор санаи 14. 05 соли 2023, вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби як фарзанд, ҳамсараш Ҷао Да Ёнг, соли таваллудаш 1966 ва духтараш – Хо Мин, соли таваллудаш 1987.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти коргари кӯҳӣ Муродов З. Т. бар меояд, ки пас аз наҳорӣ хӯрдан ва дар китоби супориши корӣ имзо гузоштан онҳо се нафар Муродов З., Сонг Ю Ҷун. ва Ҳе Ҷӣ Юнг. тақрибан соати 7-10 дақиқа дар нақби №1 штреки №1 (востающий) болобарандаи №3, 30-юм метри ПК+250 ҳозир гардидаанд. Муродов З. дар қисмати поёнии болобарандаи №3 қарор гирифта ангишти кандашударо бо ёрии каланд ба поён мекашидааст, Сонг Ю Ҷун ва Ҳе Ҷӣ Юнг. бошанд дар қисмати болоии болобарандаи №3 қарор доштаанду бо ёрии зоғнул ба кандани ангиштсанг машғул будаанд, ки ногаҳон сӯхтор ба амал омадаву ӯ ба ҳолати шок (бехудӣ) афтода ба сӯи даромадгоҳи нақб рафтааст то дигаронро огоҳ намояд.

Муҳандис Ван Ҷион Гуанг дар баёноти худ қайд менамояд, ки пас аз хурдани наҳорӣ соти 7-00 дақиқа бо ҳамроҳи Ҳе Ҷӣ Юнг, Сои Ю Ҷун, Зафар, Амин, Хушбахт ва Наврӯз ба нақб барои иҷрои кор рафтаанд. Тахминан аз соати 7-30 то 8-30 дақиқа ӯ дар дохили нақб буда, ҷойҳои гуногуни онро аз назар гузаронидааст ва бо асбоби ченкунандаи газ миқдори гази метанро чен намудааст, ки аз меъёр зиёд набудааст, дар давоми баёнот ӯ зикр менамояд, ки системаи ҳаводиҳӣ ҳам хуб кор мекардааст ва пасон ба беруни нақб рафта ба ронандаи борбардор Комил супориш додааст, ки майдони конро аз ангиштсанг тоза намояд. Тақрибан соати 9-30 дақиқа коргар Наврӯз ба ӯ хабар медиҳад, ки штреки №1 (востающий) болобарандаи №3 оташ гирифтааст. Ван Ҷион Гуанг бо шунидани хабар зуд ба тарафи нақб давида рафтааст, ки аз дохили нақб Зафар, Амон ва Хушбахт баромадаанду ба ӯ гуфтаанд, ки ҳанӯз Ҳе Ҷӣ Юнг ва Сонг Ю Ҷун дар дохили нақб ҳастанд. Онҳоро ба тарафи хобгоҳ равон намуда худаш ба дохили нақб ба ёрии ҷабрдидагон шитобидааст. Тақрибан дар масофаи 100 метр дохилтари нақб бо Ҳе Ҷӣ Юнг ва Сонг Ю Ҷун дучор омада, хостааст ба онҳо кӯмак кунад, аммо онҳо рад карда гуфтаанд, ки хуб ҳастанд ва метавонанд бекӯмак баберун бароянд. Ӯ ба Ҳе Ҷӣ Юнг нигоҳ карда мушоида намудааст, ки сару либос, дастҳо ва рӯи ӯ сӯхтааст, аз ӯ мепурсад, ки боз куҷои баданаш сӯхтааст. Ҳе Ҷӣ Юнг дар ҷавоб гуфтааст, ки танҳо сару либос, дастҳо ва рӯяш сӯхтаасту халос. Аз ӯ мепурсад, ки чигуна ин ҳодиса рух додааст, ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки ҳангоми кандани ангиштсан шарора баамал омадаву якбора ҳамаҷоро оташ гирифтааст. Пас аз расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ҷабрдидагонро тариқи автомашина ба беморхонаи Душанбе бистарӣ намудаанд ва санаи 16 майи соли 2023 ҷабрдида Ҳе Ҷӣ Юнг аз олам гузаштааст.

Cабабҳои ҳодисаи нохуш.

– аз меъёр зиёд ҷамъшавии газҳои метан СH4 ва CO2 дар нақби №1 штреки №1 (востающий) болобарандаи №3, 40-ум метри ПК+250.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 26 майи соли 2023, соати 23-30 дақиқа дар бинои сохтмонӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамова 13, ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе садамаи истеҳсолӣ бо ҷароҳатбардории корманд Мирзоев Пайрав соли таваллудаш 2002 ҳангоми истифодабарии крани маноравӣ рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Мирзоев Пайрав Шералиевич, санаи таваллудаш 13. 07 соли 2002, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, деҳаи Булёни Поён, собиқаи корӣ дар ташкилоти мазкур 1 (як) моҳу 23 (бистусе) рӯз, вазъи оилавӣ – муҷаррад.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти ҷабрдида Мирзоев П. Ш. – коргари ҶДММ «Сипар Ком» бар меояд, ки санаи 26 майи соли 2023 соати 18-00 дақиқа ба қитъаи корӣ ба ошёнаи 12 баромада бо ҳамроҳии корагон бо номи Сафаралӣ ва Бобоқул ба гирифтани сутунҳои бетонӣ машғул шудаанд. Дар ин ҳолат кран фаъолият мекардаасту ногаҳон садои баланд баромада ӯ афтидааст, аз ҷояш хеста сарашро ба даст қапидааст, ки сараш хун будааст. Баъдан бо ҳамроҳии коргарони болозикр ба поён фаромадаасу дигар ҳолатҳои минбаъаро ёд надоштааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

-истифодабарии крани маноравӣ бе экспертизаи бехатарии саноатӣ ва муоинаи навбатии техникӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 24 майи соли 2023 тахминан соати 19-30 дақиқа бо ёрдамчии коргари нақбкани уфуқӣ дар департаменти истихроҷи зеризаминии ҶСП «Талко Голд» Саидаҳрори Саидаброр санаи таваллудаш 19 феврали соли 1997, дар шифти нақби уфуқи 2456 метр хати 14, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Саидаҳрори Саидаброр, ёрдамчии коргари нақбкани уфуқӣ дар департаменти корҳои зеризаминии ҶСП «Талко Голд», собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур 5 моҳу 26 рӯз, аз рӯӣ касб дар корхонаи мазкур 5 моҳу 26 рӯз, вазъи оилавӣ -оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти Гуо Хунтси – сардори гуруҳи истихроҷи маъдан дар департаменти истихроҷи зеризаминӣ бар меояд, ки санаи 24 майи соли 2023 ба басти шабона ба Саидаҳрори С. ва Бобоев М. барои тоза намудани санговезаҳо дар нақби уфуқи шимолӣ 2456 м, хати 14 супориши корӣ додааст. Ҳангоми тоза намудани санговезаҳо ногаҳон аз қисмати шифти нақб резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омада, як адад сангпора ба пойи чапи Саидаҳрори С. бар хӯрдааст, ки дар натиҷа ӯ аз пойи чапаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Дар ин ҳолат Бобоев М. Н. ин ҳолатро дида ба Саидаҳрори С. ёрӣ расонида ба уфуқи 2476 м баромада ба Гуо Хунтси хабар расонидааст. Онҳо ҷабрдидаро савор намуда, барои расонидани ёрии тиббӣ ба бунгоҳи тиббӣ расонидаанд. Табиби корхона ба ҷабрдида ёрии аввалини тиббӣ расонида барои муайян намудани ташхису табобат ӯро ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон бурдаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

-пеш аз корҳои кӯҳӣ яъне тоза намудани санговезаҳо дар синакор бояд ҳолати мустаҳкамии девора ва шифти нақб санҷида шавад ва тоза намудани санговезаҳо аз масофаи бехатар гузаронида нашудааст.

-натиҷаи азназаргузаронӣ мустаҳкамкунӣ ва ҳолати нақбҳо дар Журнал қайд нашудааст.

-беэҳтиёти зоҳир намудан аз тарафи ҷабрдида.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳoлати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 31 майи соли 2023 тақрибан соати 02-30 дақиқа дар сатҳи 2065 метр кони кушоди Ҷилави ҶДММ КМ «Зарафшон» бо идоракунандаи дастгоҳи пармагарии тамғаи Сунвард 5, Бердиёров Ибодулло Элмуродович соли таваллудаш 1983, рух додааст.

Бердиёров Ибодулло Элмуродович, санаи таваллудаш 20 феврали соли 1983, идоргакунандаи дастгоҳи пармагарии ҶДММ КМ «Зарафшон», собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 10. 06 соли 2005, дастури муқаддимавӣ аз10. 06 соли 2005.

  1. Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуши чарохатбардори

Аз баёноти шоҳидони ҳодиса бар меояд, ки санаи 31. 05 соли 2023 баъди гирифтани супориши корӣ аз устои кӯҳӣ Зарипов М. ба ҷои кори сатҳи 2075 метр назди дастгоҳи пармагари Сунвард №5 рафта дастгоҳро аз назаргузаронида онро ба кор медароранд. Бердиёров И. ба ёрдамчии пармагар супориш дода гуфтааст, ки ноқилҳои дастгоҳро назорат кунад ва худаш дасгоҳи пармагариро ронда ба нуқтаи пармачоҳ бурда бо шиноснмаи пармагари шинос шуда, ба кор шуруъ намояд. Онҳо дар давоми кор 11 адад чоҳро бо чуқурии 12 метр парма намуда, ҳангоми ба нуқтаи дигар гузаштан хостаанд, ки штангаи якумро бардошта ба ҷояш гузоранд. Ҳангоми гузоштани штангаи мазкур қисми поёнии сепоратор ба ҷои даркори наомадааст. Баъд барои ҷой намудани штанга Бердиёров И. аз кабинаи дастгоҳи пармагарӣ фаромада ба ёрдамчии пармагар супориш додааст, ки ломро аз қисми қафои дастгоҳи пармагарӣ биёрад ва худаш бо дасташ аз зери штанга ба ҷои лозима тела додааст, ки дар ин ҳолат штанга аз ҷояш канда шуда дасти рости ӯро пахш намудааст. Баъдан ҷабрдидаро ба нақлёти боркаши тамғаи Тонгли №76 савор намуда ба бунгоҳи тиббии кон бурда ёрии аввалияи тибби расонида, сипас ӯро ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бурда бо ташхиси мунчаи ампутатсионӣ пас аз осебии ангуштони IV-V-уми кафи дасти рост дар қисми ниҳод, бистарӣ менамоянд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

-беаҳамиятии ҷабрдида ҳангоми кор бо олоти пармакунӣ (буровой снаряд) ба асбоби нигоҳдории олоти пармакунӣ (сепаратор);

-тартиб дода нашудани дастурамал оиди истифодабарии дастгоҳи пармагарии тамғаи SWDA165C.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 08 июни соли 2023 тақрибан соати 01-00 дақиқа бо ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман» рақами давлатиаш 005 В 384 – Юсуфзода Аброриддини Ҷамшед соли таваллудаш 1997 дар Филиали Ширкати «Хунан Роуд Энд Бридж Констракшн Груп Компании Лимитед» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Юсуфзода Аброриддини Ҷамшед, санаи тавалудаш 10 январи соли 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ҷ/д Деҳқонобод д. Содиқӣ, миллаташ тоҷик, тибқи фармоиши Филиали Ширкати «Хунан Роуд Энд Бридж Констракшн Груп Компании Лимитед» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №HNRB/TJ-281 аз санаи 25. 02 соли 2023 ба ҳайси ронандаи боркунак ба кор қабул гардидааст, собиқаи умумии корӣ дар ташкилоти мазкур 3 моҳу 11 рӯз, оиладор соҳиби 2 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёнотҳо шоҳидон ҳодисаи нохуш санаи 07. 06 соли 2023 тақрибан соати 23-15 дақиқа дар назди хобгоҳ ҷабрдида бо ҳамроҳии коргарон Самаридини Ф. ва Амиралиев А. суҳбат намуда истода будаанд, ки бригадири басти шабона Чэн Куй. омада ба Юсусуфзода А. супориш додааст, ки рафта аз заводи бетонбарорӣ маҳлули сементи гирифта ба нақби «Себ-Нок» баранд, Юсуфзода А. хеста ба Самаридини Ф., гуфтааст, ки биё бо ҳам равем ва онҳо ба автомашинаи боркаши тамғаи Шакман бо рақами қайди давлатӣ 005 В 384 нишаста ба заводи бетонбарорӣ рафта, маҳлули сементиро дастрас намуда ба тарафи нақби 2 ҳаракат намудаанд. Дар роҳ назди фазаи №1 тахминан наздикии 70-80 метр ба нақби №2 дидаанд, ки чашмаки сузишвории автомашина гирён шудааст ва дар онҷо таваққуф намуда, тахминан соати 00-30 дақиқа дар назди таҷҳизоти ҳаводиҳӣ ва барқдиҳӣ аз автомашина фаромада ба назди бригадири шабона Чэн Куй. рафта аз даруни нақб уро гирифта ба назди автомашина оварда ба ӯ бо тарзи ишора мефаҳмонанд, ки сузишвории дизелии автомашина тамом шудааст. Чэн Куй бо ишора ба Юсуфзода А., супориш додааст, ки аз зарфи нигоҳдории дизелии 5 тоннагии захираи дастгоҳи барқдиҳанда як миқдори сузишвории дизели гирифта ба автомашина резанд. Юсуфзода А. бордон автомашинаро бо мақсади рехтани сӯзишворӣ каме бардошта се маротиба бо зарфи 20 литраи пластикӣ ба автомашина сӯзишворӣ рехтааст. Юсуфзода А. хостааст ҳамон зарфи 20 литраи пластикиро ба зери бордони бардоштаи автомашина гузорад. Самаридини Ф. бо хаёле, ки Юсуфзода А., аз паси ӯ омада истодааст ба автомашина нишаста, дастаки идоракунии бордонро ба кор даровардааст, ки ногаҳон овози Чэн Куйро шунавида, бордонро бардошта, аз автомашина фаромада ба назди Чэн Куй омада дидааст, аҳволи Юсуфзода А., бад аст. Баъдан ӯ зуд ба назди хобгоҳи коргарон рафта гуффтааст, ки Юсуфзода А., зери бордони автомашина мондааст. Коргарон ба ҷои ҳодиса расида омада дидаанд, ки ҷабрдида алакай вафот кардааст

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

– аз ҷониби корфармо ва саркор бе асос, бе фармоиш ва шартномаи меҳнатӣ иҷозат додан ба шахси бегона – Самариддини Ф. ба идора кардани мошини боркаши тамғаи Шакман;

– аз ҷониби корфармо ва масъулини корхона оид ба шароити корӣ ва омилҳои хатарнок ба Самариддини Ф. нагузаронидани дастури техникаи бехатарӣ, омӯзиш ва бе имтиҳон ба кор роҳ додан;

– аз ҷониби корфармо ва масъулини корхона талаботи дастурамал оиди ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ барои ронандаи автомобили боркаш;

– ба кор ҷалб намудани Юсуфзода Аброриддин ва Самариддини Ф. бе муоинаи тиббӣ;

– аз ҷониби Самариддини Ф. талаботи банди 3.3 дастурамал оиди ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ барои ронандаи автомобили боркаш;

– аз ҷониби корфармо ва саркор ба идораи автомошини боркаш иҷозат додани шахси бегона – Самариддини Ф.

    Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бар асари ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи якуми соли 2023 рухдода 26 нафар ба ҳалокат расидааст, ки аз онҳо 21 нафар шахсони ба ҳалокат расида шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Дар таъминоти шахсони ба ҳалокатрасида 78 нафар аъзоёни оила буда ва аз онҳо, ки 32 нафар фарзандони ноболиғи то синни 18 соларо ташкил медиҳанд, бесаробон мондаанд. Масъулон бояд дарк намоянд, ки акнун барои 32 нафар фарзандони ноболиғи бесаробонмондаи нафарони бар асари ҳодисаҳои нохуш фавтида, дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бесаробон монданашон то ба синни 18 солагӣ расиданашон нафақа таъин менамояд, ки ин дар баробари дастгирии иҷтимоӣ зарари иқтисодӣ ба давлат низ мебошад. Корхонаҳо низ ба оилаҳои ҷабрдида, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳои моддӣ расонида, вобаста ба маъюбӣ ва фавти корманд ҷуброни зарарро пардохт менамоянд. Ҳамаи ин бинобар риоя накардани талаботҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарии корҳо буда, албатта дар баробари дастгирӣ зарар ба худи ин корхонаҳо низ мебошад.

Яъне ҳодисаҳои нохуш дар баробари зарари маънавӣ ба оилаҳои ҷабрдида, ба корхонаҳо ва давлат низ зарари иқтисодӣ меоварад. Инчунин шахсони масъули корхонаҳо ва дигар кормандон бинобар қонун ва қоидавайронкуниҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд, ки ба корхона зарари молиявӣ мерасонад. Агар роҳбарони корхонаҳо, масъулин ва кормандони корхонаҳо ба қоидаҳои бехатарона бурдани корҳо аҳамияти хосса дода ва талаботҳои ҳифзи меҳнатро риоя намоянд, чунин зарарҳо ба тарафҳои зикргардида ба миён наомада ва дигарон низ осеб намедиданд. Аз ин рӯ роҳбарон ва дигар масъулини корхонаҳоро зарур аст, ки барои ҷамъбасти фаъолиятҳои кории корхонаҳо бе рух додани ҳодисаҳои нохуш ва садамаи истеҳсолӣ ва бе фавти ба чунин ҳодисаҳои истеҳсолӣ алоқаманд, ҷиҳати риояи қоидаҳои бехатарона бурдани корҳо чораҳои доимӣ андешида, инчунин барои ба чунин натиҷаҳои хуби бе рухдиҳии ҳодисаҳои нохуш ва бе садамаи истеҳсолӣ пеш бурдани истеҳсолот масъулинро дар ҷамъбастҳои фаъолияти кории корхона ҳавасманд намоянд.

Фаъолияти комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохуши рухдода, аз тарафи 30 комиссияи Хадамот барои гузаронидани тафтишоти ин ҳодисаҳо ташкил карда шуда, чорабиниҳо иборат аз 425 банди умумӣ таҳия гардида, мӯҳлати иҷрои ҳар як банд ва иҷрокунандаи ҳар як банд муайян карда шудаанд, ки тибқи фармоиши сардори Хадамот дар асоси ваколатҳои муқарраргардида ва «Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014, № 462 тасдиқ шудааст, барои гузаронидани тафтишоти ҳодисаҳои нохуш ва садамаи рухдода, комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохуши рухдодаи ҳар як ҳодиса ва садамаи истеҳсолӣ сари вақт ташкил карда шудааст. Комиссияҳо дар асоси тартиби мазкур амал намуда, тафтишот бурда, ҳолат, сабабҳои асосии техникӣ ва рух додани ҳодисаҳо ва садамаро муайян намуда, инчунин дигар маълумотҳои зарурии алоқаманд ба ҳодисаҳои нохуш ва садамаро ҷамъ оварда, санадҳоро доир ба ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва парвандаҳои онҳоро тартиб дода, дар мӯҳлатҳои муайянгардида ба Хадамот, тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудаанд. Дар рафти тафтишотҳо нисбати шахсоне, ки бо амали худ беамалӣ зоҳир карданашон ба вайрон кардани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вайрон кардани талаботҳои бехатарии корҳо роҳ додаанд, тибқи Қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда чораҳои дахлдор, яъне ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст. Инчунин тибқи қонунҳои амалкунанда нисбати чунин кормандон муҷозоти интизомӣ низ татбиқ гардидааст. Барои иҷрои чорабиниҳои қабулнамудаи комиссияҳо корхонаҳо чораҳои бартараф намудани камбудиҳоро андешида, ба Хадамот тибқи талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маълумот пешниҳод намудаанд. Аз ин рӯ роҳбарияти ин корхонаҳо ва дигар масъулини бехатарии саноатии онҳоро зарур аст, ки иҷроиши бандҳои чорабиниҳо, ки ба онҳо мӯҳлати «доимӣ» ва ё «фавран» навишта шудааст, доимо зери назорат гирифта, ба такроршавии чунин ҳодисаҳои нохуш роҳ надода, саломатии кормандонашонро ҳифз намоянд. Ҳамчунин маводҳои ҷамъовардаи комиссияҳо дар асоси ваколатҳои Хадамот дар ҷаласаҳои ҳайати Мушовара мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардидааст. Хадамот ва мақомотҳои дахлдори он, инчунин кумитаҳои иттифоқҳои касабаи дахлдор парвандаҳои дахлдори ҳодисаҳои нохушро дар асоси ҳуқуқҳои муайянгардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудаанд.

Хадамот оиди ба истеҳсолот вобаста будани ҳодисаҳои нохуш ва дар бораи кори комиссияҳои тафтишотии ҳодисаҳои мазкур дар ҷаласаҳои ҳайати Мушовара қарорҳои дахлдор қабул намудааст, ки онҳо дар бюллетени ахборотӣ оварда шудааст. Комиссияҳо тавре дар боло қайд гардидааст, барои бартараф кардани сабабҳои сар задани ҳар як ҳодисаи нохуш ва ҷиҳати пешгирии такроран ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаҳо чорабиниҳо таҳия ва мӯхлатҳои иҷрои онҳоро муайян намуда, назорат бурдааст. Нозирони дахлдори Хадамотро зарур аст, ки иҷроиши бандҳои мӯҳлати иҷрояшон «доимо» муайянгардидаро назорати доимӣ баранд.

ХУЛОСА:

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдодаи дар нимсолаи якуми соли 2023 нишон медиҳад, ки бинобар риоя накардани дастурамалҳои вазифавӣ ва дигар талаботҳои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ оиди бехатарии меҳнат роҳ додаанд. Дар баробари сабабҳои техникии рухдиҳии 30 ҳодисаи нохуш сабабгор шудаанд. Комиссияҳои тафтишотӣ ва маъмурияти корхонаҳо дар баробари кӯмаку дастгириҳо ба онҳо ҳамчун ҷабрдида, дар рафти бурдани тафтишот ҳангоми муайян кардани сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуш нисбати баъзеи онҳо тибқи талаботҳо чораҳои лозимӣ, яъне ҷазои маъмурӣ ва муҷозотҳои интизомӣ татбиқ намудааст. Бинобар ин комиссияҳои тафтишотӣ дар баробари фахмондадиҳии ҳуқуқҳои онҳо нисбати онҳо муҷозотҳои интизомӣ ва ҷазои маъмуриро низ сазовор донистааст. Дар баробари ин дар байни худи зарардидагон ба қоидавайронкуниҳо роҳ дода, баъзе шахсони бар асари ҳодисаҳои нохуш фавтида низ ба қоидавайронкуниҳо роҳ додаанд, ки ҳаёти худро зери хатар монда, боиси сар задании ҳодисаҳои нохуш гардидаанд. Ҳамин тариқ дар нимсолаи якуми соли 2023 нисбати шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст.

Ба 47 нафар зарардидагон (аз ҷумла 26 нафар фавтидагон) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеъӣ ба ҷабрдидагон, дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 36 моддаи 343, ҷуброни зарар кумакпулии яқвақта ва барои гузаронидани маросимҳои дафн, маъракаҳо барои ҷароҳатбардоштагон, барои гирифтани табобат кӯмакҳои пулӣ ба маблағи 5047973,0 сомонӣ, инчунин кӯмакҳои молӣ расонида шуд.

Ба 32 нафар фарзандони ноболиғи кормандони дар ин ҳодисаҳои нохуш ҳалокгардида давлат, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии барои то синни 18-солагӣ расиданашон муқаррар менамояд, ки ин дар баробари дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар ба буҷаи давлат низ мебошад.

Агар масъулин қоидаҳои техникаи бехатариро худ риоя мекарданд ва риоя кардани онҳоро аз нафарони ҳалокгардида талаб мекарданд ва фаҳмондадиҳиро дар байни онҳо пурзӯр мекарданд ва барои риояи бехатарии саноатӣ чораҳои зарурии саривақтӣ меандешиданд, чунин ҳодисаҳои нохуш рух намедод, зарарҳои моддӣ ба тарафҳои зикргардида намешуд ва боиси зарари маънавӣ оилаҳои нафарони зарардида низ намегардид. Ҳатто баъзе корхонаҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи риояи бехатарии саноатӣ, талаботҳои ҳифзи меҳнат ва барои ҳифзи меҳнат набудани маблағро пеш меоранд. Ҳол он ки маблағгузории ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо бояд, ки мувофиқи талаботҳои моддаи 24 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад. Дар урфият низ мегӯянд, ки «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ».

Аз ин рӯ роҳбарон ва масъулини бехатарии саноатии корхонаҳо ва тамоми кормандони онҳоро зарур аст, ки баҳри ҳифзи саломатиашон дар истеҳсолот қоидаҳои бехатарии меҳнатро бояд доимо риоя намоянд, зеро бехатарӣ дар истеҳсолот ин кори ҳамаи иштирокчиёни истеҳсолот аст. Техникаи бехатарӣ бошад ин олоти пешгирии ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор бо воситаҳои техникӣ мебошад.

Иҷроиши бандҳои чорабиниҳои таҳиянамудаи комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохушро, ки мӯҳлати иҷрои онҳо ба таври «доимо» ё «ҳар сол» нишон дода шудаанд, роҳбарону масъулини корхонаву ташкилотҳои дахлдор бояд ба таври доимӣ зери назорат гиранд, то ки чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар корхонаҳои зериназоратии Хадамот ҳодисаҳои нохуши рухдода ва нафарони ҳалокшудаю ҷароҳат бардошта ба қайдгирифта шуда, барои солҳои оянда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ барои пешгирии ин ҳодисаҳои нохуш пурзӯр намудан зарур шуморида шавад.

Нозиротҳои давлатии Хадамотро низ зарур аст, ки назорати давлатии бехатарона бурдани корҳои саноатиро дар корхонаҳои зериназоратӣ пурзӯр намоянд.

Роҳбарону масъулини корхонаву иншоотҳои зериназоратӣ ва дигар корҳои зери назорати Хадамот қарордоштаро зарур аст, ки дастуру нишондодҳои нозирон ва дастуру супоришҳое, ки дар семинар машваратҳои техники аз тарафи Хадамот баргузоршаванда ҷиҳати риояи бехатарии саноатӣ ва доир ба ҳифзи меҳнат дода мешаванд, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш сари вақт иҷро намуда, саломатии худ ва дигар кормандонро дар истеҳсолот эҳтиёт намоянд. Фаромӯш низ набояд сохт, ки ҳамаи кормандонро дар хона аҳли оила ва бахусус фарзандон интизоранд.

 

Ба матбаа 18. 07 соли 2023 супорида шуд.

Ба чопаш 21. 07 соли 2023 имзо шуд.

Андозаи 60х84 1/16. Ҷузъи чопӣ 9.

Адади нашр 120. Супориши №……….

 

734018, ш. Душанбе, хиёбони

Саъдии Шерозӣ, 16.

Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.