Маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дар нимсолаи якумисоли 2023.

Дар Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 2827 корхона ва 12127 иншоотҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва иншоотҳои бақайдгирифташуда 117 назорати техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 100 назорати нақшавӣ ва17 назорати ғайринақшавӣ мебошад.

Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ нозирони Хадамот 902 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 117 санад-нишондод ва 7 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 166 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 890204,0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва иншоотҳои бақайд гирифташуда тибқи тартиби муқарраргардида 83 иҷозатномаи намудҳои фаъолият, 56 адад шаҳодатнома барои хариди маводи тарканда, 30 адад шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда ва 84 адад иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ дода шудааст.

Дар корхонаву иншоотҳои зериназоратии Хадамот дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳамагӣ 30 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 26 нафар ҳалок ва 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.

Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбати 5 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноӣ татбиқ карда шуда, инчунин нисбати 7 шахси ҳуқуқӣ, 27 шахси мансабдор ва 2 шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, яъне ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблаѓи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиқгардида 182240 сомониро ташкил додааст.

 

МАРКАЗИ МАТБУОТЇ

www.nazorat.tj

e-mail:info@nazorat.tj