Ҷаласаи машваратии байнидавлатии минтақавӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои таъсириканданиҳои фоиданок ва идоракунии металҳо ба муҳитизист» аз санаи 15 то 16 июни соли 2023 дар шаҳри Бангкоки Тайланд
Корманди Ҳадамоти назорати давлатии беҳатарии корҳо дар саноат ва соҳаи к ҳкории назди ҲҶТ – Шарипов Фирдавс Субҳиевиҷ – сардори нозироти давлатии назорати ғеолоғї тибқи даъватномаи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) дар ҷаласаи машваратии байнидавлатии минтақавї дар мавзӯи «Ҷанбаҳои таъсириканданиҳои фоиданок ва идоракунии металҳо ба муҳитизист» аз санаи 15 то 16 июни соли 2023 дар шаҳри Бангкоки Тайланд иштирок намуд.
Мақсади машварати байнидавлатии минтақавӣ -ҷамъбасти фаъолият оиди ҷораҳои баанҷомрасонидашуда, инҷунин муайян кардани имкониятҳои нави ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади таҳияи пешниҳодҳои мушаҳҳас оид ба баланд бардоштани устувории экологии канданиҳои фоиданок ва металлҳо дар тӯли давраи пурраи онҳо мебошад. Намояндағони кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором пешниҳодҳои ҳудро барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтидор ва теҳнологӣ, теҳникӣ ва илмӣ дар баҳшҳои истиҳроҷи маъдан, баҳусус дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мубодилаи афкор намуданд. Илова бар ин, дар рафти машварат ду масъалаи диғар баррасӣ ғардиданд:
Истихроҷи регу шағал ва устувории он, баҳусус амалиёт ва сиёсати глобалӣ дар самти истиҳроҷ ва истифодаи самараноки он аз лиҳози таъсиррасонии он ба муҳити зист. Ин ҷаласаро UNEP/GRID-и Женева ташкил ва роҳбарӣ намудааст. Дар ҷаласаи мазкур иштирокҷиён ҷиҳати ҳалли мушкилоти таъсири манфии истиҳроҷи реғу шағғал пешниҳодҳои гуногунро манзур намуданд, аз ҷумла, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи оғоҳї, иттилоот, дониш, мубодилаи дарсҳои омӯҳташуда, мониторинғи доимии истиҳроҷи реғу шаѓал, кам кардани таъсири истиҳроҷи регу шағал ба муҳити зист бо роҳи манъи истиҳроҷи ғайриқонунӣ, ба расмият даровардани қоидаҳо ва меъёрҳои истиҳроҷи регу шағал аз маҷрои дарёҳо ва баҳрҳо,ба роҳ мондани истиҳроҷи регу шағал аз маъданҳои кӯҳӣ мавриди муҳокимаронӣ ва таҳлил қарор дода шуданд.
- Идоракунии партовғоҳҳои саноатӣ. Дар ҷаласаи мазкур мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он дар самти идоракунии партовғоҳҳои саноатӣ баррасӣ карда шуданд. Дар ҷаласаи мазкур яке аз роҳҳои ҳалли ин масъаларо дар қабул ва татбиқи Стандарти глобалии саноатї оид ба идоракунии партовғоҳҳои саноатї мувофиқи мақсад шумориданд. Ҳамҷунин дар ҷаласаи мазкур пешниҳодҳои мушаҳҳас аз қабили арзёбии ҳатари партовгоҳҳои саноатӣ бартараф кардани оқибатҳои таъсири фаромарзии онҳо, мониторинғи доимии партовгоҳҳои саноатӣ ва кам кардани таъсири онҳо ба муҳити зист, табодули таҷрибаи пешқадам, ба роҳ мондани коркарди такрории партовгоҳҳои саноатӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки машваратҳои минтақавӣ дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон баргузор ғардида, санаи 7-8 сентябри соли 2023 дар шаҳри Женеваи Швейтсария машварати глобалӣ баргузор гардида, дар он тамоми пешниҳодҳои машваратҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.