Таҷлили Рўзи Ваҳдати милли дар ноҳияи Айнӣ

Санаи 27-уми июни соли 2023 дар толори калони бинои Қасри фарҳанги маркази ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти ӯнвони “Ваҳдат пояи устувори давлат аст” бо иштироки раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндагони Ҳӯкӯмати ҶТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Сӯғд, раисони ҷамоатҳои шаҳракӯ деҳот, роҳбаронӯ кормандони ташкилоту идораҳои давлатию ҷамъиятӣ ва дигар фаъолони ноҳия иштирок доштанд. Зимни баромад роҳбарияти ноҳияи Айнӣ зикр намӯданд, ки бешак ҳамаи ин дастовардҳо аз ҷӯмла ба туфайли Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст.

Мардуми соҳибмаърифати тоҷик ин санаи сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузори аз Истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд таҷлил менамоянд. Иброз гардид, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бӯзургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бӯзурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бӯзургии онро афзӯн гардонидаанд.

 

 

 

Дар рафти чорабини ҳамчӯнин намоядаи Ҳукумати ҶТ Мирзозода Ардашери Абдуғаффор муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҲҶТ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Сӯғд  Сафарзода Умедҷон -Сардори нозироти комплексии назорати бехетарии саноатӣ дар вилояти Сӯғд маърӯза намӯда, вобаста ба нақши Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сӯханронӣ намӯданд. Дар фарҷом аз ҷониби бахши фарҳанг барномаи рангини консертӣ намоиш дода шӯд.