Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии бехатарии саноатии Ҷумҳурии Узбекистон
Тибқи розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12.06.2023, №19894 (29-3) намояндагони Хадамот – Мирзозода Ардашери Абдуғаффор – муовини якуми сардори Хадамот, Назриев Хурсанд Холович – сардори нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ ва Убайдуллозода Имоддуло – сардори нозироти давлатии назорати истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъзи замин бо мақсади иҷрои банди 6 Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии бехатарии саноатии Ҷумҳурии ӯзбекистон аз санаи 19 то 23 июни соли 2023 ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии ӯзбекистон сафар намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар моҳи декабри соли 2022 дар Ҷумҳурии Узбекистон реформаи байниидоравӣ гузаронида шуда, Кумитаи давлатии бехатарии саноатии Ҷумҳурии ӯзбекистон ба Нозирот оид ба назорати саноати кӯҳӣ-истихроҷи геологӣ ва бехатарии саноатӣ дар назди Вазорати саноати кӯҳӣ-истихроҷӣва геологияи Ҷумҳурии ӯзбекистон табдил дода шуд.
Дар рафти сафари корӣ намояндагони Хадамотро Гулямов Бахтиёр Вахабович – сардори Нозирот оид ба назорати саноати кӯҳӣ-истихроҷӣ, геологӣ ва бехатарии саноатӣ дар назди Вазорати саноати кӯҳӣ-истихроҷӣ ва геологияи Ҷумҳурии ӯзбекистон қабул намуда, оид ба пешравиҳо дар корхонаҳои саноатї, аз он ҷумла, саноати мошинсозӣ, соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургии Ҷумҳурии ӯзбекистон ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки аз ҷониби Нозироти мазкур масъалаи рақамикунонии ҳисоботҳои тавозунии шакли 5-кк, ҳамчунин пешбурди назорати ҳифзи қаъри замин бо усули моҳвораӣ (детальные спутниковые снимки) ба нақша гирифта шудааст, ки барои ошкор намудани қонуншиканӣ дар самти истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ мусоидат хоҳад кард. Нозироти мазкур аз моҳи майи соли 2021 бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнокро тариқи платформаи электронї (regtu.scis.uz) ба роҳ мондааст, ки дар он маълумот оиди ҷойгишавии иншоот, хусусиятҳои техникии таҷҳизот ва санаи муоинаи навбатии техникї гузошта мешавад. Таҷҳизотҳое, ки дар платформаи мазкур ба қайд гирифта мешаванд, ба онҳо замимаи QR-код дода мешавад, ки дар вақти зарурият ҳангоми аксгирии ин QR-код маълумоти пурра оиди ин таҷҳизот дастрас карда мешавад.
Сипас намояндагони Хадамот тибқи нақша дар якҷоягї бо ҳайати Нозирот оид ба назорати саноати кӯҳӣ-истихроҷӣ, геологӣ ва бехатарии саноатӣ дар назди Вазорати саноати кӯҳӣ-истихроҷӣ ва геологияи Ҷумҳурии ӯзбекистон ба ҶДММ “Заводи металлургии Тошканд”сафарбар шуданд. Заводи мазкур яке аз корхонаҳои азими саноатии кишвар ба ҳисоб рафта, дар он технологияи ҳозиразамони автоматикунонидашудаи истеҳсоли ширкати итолиёвии “Danieli” истифода бурда мешавад. Иқтидори истеҳсолии завод 500 ҳазор тонна дар як сол ташкил дода, ду намуд маҳсулот – прокати металии руҳ ва прокат бо руйпӯши полимерӣ истеҳсол карда мешавад. Зимни вохӯрӣ сармуҳандиси Ҷамъият – Дяконов А.А. вобаста ба таъмини бехатарии саноатӣ ҳангоми истифодабарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва дар маҷмуъ хатти технологии завод маълумоти муфассал дода, ба саволҳои намояндагони Хадамот посухҳои дақиқ дод.
Ҳамчунин зимни сафари корӣ намояндагони Хадамот ба Ҷамъияти Саҳомии «Комбинати кӯҳї-металлургии Олмалиқ» воқеъ дар шаҳри Олмалиқ сафар намуданд. Иқтидори истеҳсолии комбинат ба захираҳои конҳои мис, сурбу руҳ ва тиллову нуқра асос ёфтааст, ки дар вилоятҳои Тошканд, Ҷизах, Намангон ва Сурхандарё ҷойгир шудаанд. Ба ҳайати комбинат 6 корхонаи кӯҳӣ-истихроҷӣ, 5 фабрикаи бойгардонии маъдан, 2 заводи металлургӣ бо истеҳсоли кислотаи сулфат, иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣоид ба истеҳсоли металҳои нодир ва хӯлаҳои сахт, 2 заводи сементбарорӣ, заводи истеҳсоли қубур, заводи таъмирї-механикӣ, истеҳсоли оҳаксанг, раёсати саноати нақлиёти роҳи оҳан, раёсати нақлиёти автомобилӣ, ҳамчунин зиёда аз 20 сехҳои хизматрасонї ва лаборатория дохил мешаванд.
Зимни боздид аз Ҷамъияти мазкур намояндагони Хадамот аз конҳои кушоди Калмакир ва Ёршлик-1 дидан намуданд. Роҳбарияти техникӣ аз таърихи сохтмони ин конҳои кушод, усулҳои истихроҷ, интиқол ва дурнамои зиёд намудани ҳаҷми истихроҷ маълумот доданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки кони кушоди «Ёршлик-1» бо дигар конҳои кушоди амалкунанда пайваст шуда, яке аз калонтарин конҳои кушоди дунё мегардад.Дар маҷмуъ, вохӯрии намояндагони Хадамот бо ҳайати Ҷумҳурии ӯзбекистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, барои беҳтар намудани сатҳи корҳои назоратӣ дар соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ, аз ҷумла, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани усулҳои ҳозиразамони назоратӣ мусоидат менамояд.