Семинари минтақавӣ дар самти бехатарии полоишгоҳҳои саноатӣ дар шаҳри Душанбе
Санаи 25-26 майи соли 2023 дар меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе тибқи рӯзномаи кории тасдиқшуда семинари минтақавӣ дар самти бехатарии полоишгоҳҳои саноатї ва пешгирии ифлосшавии садамавии обҳо баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи муовинони вазир, аз ҷумла, Худобахш Шарифа – муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Латифзода Ҳотамшо – муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлодод Абдулқодир – муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пшембаев Мереке – муовини Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Танабаев Муса Турманович – муовини раиси Кумитаи бехатарии саноатии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ермек Умаров – муовини раиси Кумитаи назорати экологии Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони Туркманистон, Мулугета Зевди – резидент-координатори муваққатии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мартин Франс Лангер – намояндаи доимии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, экспертҳои байналмилалӣ ва намояндагоникорхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон намояндагони Ҷумҳурии ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи маҷозї (онлайн) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Семинари мазкур бо дастгирии Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо (UNECE), Агентии ҳамкории байналилалии Олмон (GIZ), Раёсати федералии Швейтсария оид ба ҳифзи муҳити зист, САҲА ва барномаи ҳамкориҳои техникии СММ ташкил карда шудааст. Дар семинари мазкур дастовардҳои солҳои охир ва нақши муҳими Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи бехатарии саноатӣ ва пешгирии ифлосшавии обҳо дар полоишгоҳҳои саноатӣ, ҳамчунин харитакунии полоишгоҳҳои саноатӣ ҳам дар сатҳи миллї ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ, таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба бехатарии полоишгоҳҳо ва пешгирии ифлосшавии садамавии обҳо баррасӣ карда шуданд.
Семинарро бо сухани ифтитоҳи Мизозода Ардашер – муовини якуми сардори Хадамот оғоз намуда, оиди ҳамкориҳои самарабахши Хадамот бо Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо (UNECE) дар самти баланд бардоштани сатҳи бехатарии полоишгоҳҳои саноатӣ маъруза намуд. Сипас, вобаста ба муҳиммияти мавзӯи бехатарии полоишгоҳҳои саноатї ва пешгирии ифлосшавии обҳо бо сухани ифтитоҳӣ Худобахш Ш.О. – муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Латифзода Ҳ. – муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлодод А. – муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пшембаев Мереке – муовини Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Мулугета Зевди – резидент-координатори муваққатии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мартин Франс Лангер – намояндаи доимии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Иштирокчиёни семинар доир ба мавзӯҳои хавфҳои калидии полоишгоҳҳо ва роҳҳои ҳалли Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо барои баланд бардоштани сатҳи бехатарии полоишгоҳҳои саноатӣ, муваффақиятҳои асосии кишварҳои Осиёи Марказї дар ин самт, таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ, тренинг ва семинарҳои баргузоргардида, харитакунии полоишгоҳҳои саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, усули Rio Tinto ҷиҳати идоракунии бехатаронаи полоишгоҳҳои саноатї, пешгирии ифлосшавии обҳо дар дарёҳои Дунай, Днестр ва Сирдарё, таҷрибаи Қазоқистон оиди татбиқи Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатї, афзалиётҳои шомилшавї ба Конвенсияи мазкур, дарсҳои омӯхташуда аз садамаҳои қаблї дар Руминия ва Венгрия, таҷрибаи ширкати Vale вобаста ба коркарди реги сохтмонї аз полоишгоҳҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани роҳҳои илмии кам кардани чангшавии полоишгоҳҳо намоишномаҳо (презентатсия) пешкаш карда шуданд.
Дар сессияи чоруми семинар аз ҷониби намояндагони идораҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ пешниҳод карда шуд, ки созмонҳои байналмилалї барои намояндагони корхонаҳои истифодабарандаи полоишгоҳҳои саноатӣ тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби экспертҳои байналмилалӣ ташкил намоянд.
Намояндагони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти бехатарии полоишгоҳҳои саноатӣ, қадамҳои Тоҷикистон барои шомил шудан ба Конвенсия ва таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии полоишгоҳҳои саноатї ва пешгирии ифлосшавии обҳо бо забони англисӣ баромад ва презентатсия намуданд.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба ҳолати партовгоҳҳои радиатсионї ва корҳои барқарорсозии заминҳо ба ҳолати аввала баромад намуданд.
Мақсади баргузории семинари минтақавӣ ин беҳтар намудани идоракунии хавфҳои полоишгоҳҳо дар Осиёи Марказӣ, ба намоиш гузоштани дастовардҳои охири Осиёи Марказӣ дар ин самт ва табодули таҷрибаи пешқадам дар сатҳи минтақавӣ мебошад. Дар маҷмуъ тамоми иштирокчиёни семинари минтақавӣ вобаста ба ташкил ва баргузории чорабинии зикргардида баҳои баланд доданд.