Ҷиҳати иштирок дар мусобикаи сатҳи байналмилалӣ ба варзишгарони маъюби Ассосиатсияи Арамспорти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҲҶТ кӯмаки молиявӣ расонда шуд
Варзиши дастхобонӣ, ки бо истилоҳи байналмилалӣ «армрестлинг» ба забон гирифта мешавад, барои мардуми тамоми сайёра каму беш шинос аст. Айёми бачагӣ ҳар яки мо аввал қуввати ҳамдигариро дар мусобиқаи дастхобонӣ санҷида, муайян мекардем. Аммо намедонистем, ки он қоидаву усулҳои хоси зӯрсанҷии худро дорад ва надонистани онҳо метавонад шахси ноогоҳро маъюб ҳам гардонад.
Авҷи мусобиқаҳои дастхобонӣ, дар ёд дорам, бештар дар мамолики Ғарб ба мушоҳида мерасид. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ дастхобонӣ солҳои 80-ум асри ХХ бо номи «рукоборцы» бештар дар қисмати аврупоии он паҳн мешуд.
Дар Тоҷикистони мо аз мавҷудияти ин навъи варзиш қариб, ки тавсаввуроте надоштем. Ҳатто варзишгарони собиқадори дигар намудҳои зӯрозмоӣ дастхобониро эътироф намекарданд.
Аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҲҶТ ба як қатор маъюбони Ассосиатсияи Арамспорти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ барои иштирок дар мусобиқаи сатҳи баланд оид ба дастхобонӣ, ки дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, расонда шуд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони маъюб тавонистанд бо маҳорати баланди хеш парчами Тоҷикистонро парафшон гардонанд.