Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо аъзои гурӯҳи дӯстии Миллӣ Маҷлиси Озарбойҷон мулоқот намуд
Шоми дирӯз, 16 март ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагонро таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дар майдони ҳавоии байналмилалӣ раиси кумитаи илм ва маорифи Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Бахтиёр Алиев ва раиси гурӯҳи дӯстии Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Парлумони Тоҷикистон Айдин Мирзозода истиқбол карда, мулоқот намуданд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Маҳмадтоир Зокирзода зимни суҳбат оид ба Парлумони имрӯзаи Тоҷикистон, рушди парламентаризм дар ҷумҳурӣ ва нақши он дар рушди суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Раиси Парлумони касбии мамлакат бахусус аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлоли тоҷикон, бунёдгузори ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, бунёди Парлумон дар кишвар, инчунин дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Зимни мулоқот таҳкиму тақвият бахшидани алоқаҳои байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон махсус таъкид карда шуд.
Ҳамкории парлумонӣ миёни ду кишвар густариш ёфта, ҷонибҳо Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ташкил кардаанд, ки мунтазам вохӯриҳои корӣ доир менамояд.
Роҷеъ ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ибрози назар намуда, Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки «бинобар наздик будани фарҳангу тарзи зиндагии мардумони ду кишвар ҷонибҳо ба табодули фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Санъати мусиқии миллии ду кишвар, ба мисли мусиқии классикии тоҷик- «Шашмақом»-у «Фалак» ва озарӣ «Мугам» ё «Ашиг» хеле ба ҳам наздиканд».
Зикр гардид, ки бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд меёбад. Тоҷикистону Озарбойҷон дар арсаи байналмилалӣ дар чорчӯбаи созмонҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА ва ИДМ шарикони беҳамто мебошанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин фаъолияти пурмаҳсули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва саҳми шоёни онҳоро дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ миёни ҳарду давлат ба таври хоса таъкид намуданд.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустами Солӣ иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ҷиҳати иштирок дар конференсияи 3-юми генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор дорад