САХӢ ДАР ҲАРДУ ОЛАМ САРБАЛАНД АСТ. Ба ниёзмандон дар арафаи иди саиди Фитр кумакҳо расонида шуданд
Дар арафаи иди саиди Фитр роҳбарияти вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо дастгирӣ аз дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кумак намудан ба шахсони ниёзманд ба қишри камбизоати ҷомеа-ятимон, маъюбон, пиронсолон, бепарасторон дасти мадад дароз менамоянд.
Аз ҷониби роњбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кўњкории назжи ХЧТ дар арафаи Иди Саиди Фитр бо дархости Муассисаи таълими-истехсолии нобиноёни шахри Душанбе ба 30 нафар шахсони маъюби гурухи 1 ва 2, ки дар муассисаи мазкур кор мекунанд кумакпулии яквактаина расонда шуд. Дар хамин замина ба ташкилоти чамъияти «Иттифоки маъюбони Чернобел»-и нохияи Дангара низ кумакпули аз суратхисоби Иттифоки касабаи Хадамоти мазкур низ расонда шуд.
Гайр аз ин ба як катор шахрвандон ва ниёзмандон аз дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кумаки моддии якдафъаина расонида шуд.
Барои расонидани кумаки моддӣ ба ин қишри ниёзманд ва аз аҳволашон пайваста хабардор шудан, ки танҳо нагузоштани онҳо зери таваҷҷуҳи падаронаи Сарвари давлат қарор дорад, роҳбарияти Хадамот бевосита бо ниёзмандон суҳбат карда, онҳоро бо Иди Рамазон табрик намуданд.