Семинар-машварати техникӣ-дар вилояти Суғд

Дар ҷаҳони муосир пешрафту тараккиёти  ҷомеа ва ҳар як кишвар аз бунёди корхонаҳои саноатӣ вобастагии зич дорад. То кадом андоза бехатар ба роҳ мондани фаъолияти самтҳои саноат бошад устворӣ ва сифати маҳсулотро таъмин мекунад. Маҳз бо назардошти ин нукта тамоми бехатарии корҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кӯҳкории тамоми гӯшаву канори кишвар таҳти назорати катъи карор дорад.

Бо ин максад мутахассисони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати ҶТ, дар ҳама корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоливу хизматрасонӣ ва корхонаҳои кӯҳкорӣ семинар-машваратҳоро ба таври доимӣ гузаронида, барои дар амал татбик кардани Конуну коидаҳои бехатарӣ маслиҳатҳои муфид дода, мубодилаи таҷриба мекунанд. Маҳз ҳамин гуна семинар-машварат таҳти унвони риояи талаботҳои бехатарии саноатӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохӯш ва садамаҳои истеҳсолӣ дар нуктаҳои газпуркунӣ, базаҳои нигоҳдории гази моеъ ва корхонаҳое, ки бо гази табиӣ фаъолият карда истодаанд дар вилояти Суғд доир карда шуд.

Дар кори семинар-машварат кормандони муҳандисию техникии корхонаҳои нуктаҳои газпуркунӣ, базаҳои нигоҳдории гази моеъ ва корхонаҳои саноатие, ки бо гази табии фаъолият доранд,  иштирок доштанд.

Тавре иброз гардид, тибки бакайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ дар ҷумҳурӣ 962 нуктаи фуруши гази моеъ, 28 базаи нигоҳдории гази моеъ ба кайд гирифта шудааст, ки 5 ҳазору 625 иншоотро ташкил медиҳад.

Аз ин дар вилояти Суғд 286 нуктаи фуруши гази моеъ, 17 базаи нигоҳдории гази моеъ ба кайд гирифта шудааст, ки ҳамагӣ 1 ҳазору 14 иншоотро дар бар мегирад. Оид ба бехатарии саноатӣ ва низомноаи Хадамот дар дастгоҳи марказии Хадамот нозироти давлатии назорати газ фаъолият мекунад, ки максади асосии ин нозирот дар корхонаҳои бакайд гирифташуда, риояи талаботҳои бехатариро дар самти таъминоти гази моеъ ва гази табиӣ оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон, интиколи газ тарики лулаҳои газгузар, автомашинаҳо ва роҳи оҳан назорат мебаранд.

Таҳти унвони риоя намудани талаботҳои бехатарии саноатӣ ҳангоми нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, интикол ва безараргардонии моддаҳои заҳрноки кимиёвӣ ва истеҳсоли оксиген, маҳсулотҳои пластикӣ, сехҳои оҳангудозӣ, коркарди нафт ва нафтарборҳо семинар- машварат    баргузор шуд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ», яъне саноаткунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ ќабул гардидааст, сол то сол теъдоди корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ зиёд гардида истодааст.

Дар ин замина нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати ҶТ, тибки  супориши сардори Хадамот ва мактубҳои воридотии корхонаҳо ва макомотҳои дахлдор, санҷиш ва корҳои фаҳмондадиҳиро нисбати риояи талаботи бехатарии саноатӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои таҳти назорати онҳо буда, мегузаронанд.  Мутахассисони соҳа гузаронидани семинару омӯзишҳоро ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҳаёти одамон дар корхонаҳои саноатӣ рабт дода, метавонанд бо доир намудани чунин семинар-машваратҳо камбудиҳои техникиро саривакт бартараф намоянд.