Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО мулоқот намуд

10 ноябр дар шаҳри Париж дар чаҳорчӯби иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО Агапито Мба Мокуй баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО, роҳҳои нави густариши муносибатҳо ва дигар масъалаҳои   рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба роҳбари Шӯрои иҷроия барои мусоидат дар баргузории чорабинии бошукӯҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (14 октябри соли 2021) изҳори сипос намуд.