Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле мулоқот намуд
9 ноябр дар шаҳри Париж дар ҳошияи иштирок дар иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле баргузор гардид.
Дар мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО таҳти роҳбарии хонум Одрӣ Азуле дар созмон баҳои баланд дода, ҳамзамон мавсуфро аз номи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби Мудири кулли ин созмон ба муҳлати дуюм бо изҳори дастёбӣ ба комёбиҳои нави касбӣ табрику таҳният гуфт.
Ҷониби Тоҷикистон ба Мудири кулл барои мусоидат дар баргузорӣ ва иштироки бевосита дар якҷоягӣ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (14 октябри 2021) арзи сипос намуда, баҳри расидан ба дастовардҳои нави ҳамкории Тоҷикистон дар кулли самтҳои салоҳияти созмон зимни ваколати навбатии хонум Одрӣ Азуле умеду боварӣ иброз кард.