Сафири Тоҷикистон бо Раиси вилояти Ҳурмузгони Эрон мулоқот намуд
3 ноябр дар Теҳрон Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси вилояти Ҳурмузгони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Дӯстӣ мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот роҳбарони мақомоти иқтисодиву тиҷоратии вилояти мазкур низ ҳузур доштанд.
Ҷонибҳо бо дарназардошти зарфияти бузурги транзитию нақлиётии вилояти Ҳурмузгон, масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, бавижа Бандараббосро дар тавсеаи ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар мулоқот ҷониби эронӣ иқтидорҳои иқтисодиву тиҷоратии вилояти Ҳурмузгонро муаррифӣ намуда, омодагиашро ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон баён кард.