Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид

4 ноябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ё Сонг Бэро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии тадорукотию мундариҷавии Форуми 14-уми вазирони корҳои хориҷии абзори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея дар соҳаҳои гуногун табодули афкор намуданд.