Дар Лондон Клуби сафирони Созмони ҳамкории Шанхай таъсис ёфт
Дар доираи вохӯрии кории сафирони кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Лондон, ки таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон баргузор шуд, бо пешниҳоди Сафир Масуд Халифазода Клуби сафирони ин созмони бонуфуз таъсис ёфт.
Вохӯрии мазкур 14 сентябр доир гардида, зимни он Сафири Тоҷикистон Масуд Халифазода ба иштирокчиёни чорабинӣ маълумоти мухтассар дар бораи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон пешкаш намуд.
«Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин нишаст Сафири Тоҷикистон таъсиси Клуби сафирони ин созмон ва ба таври мунтазам баргузор намудани ҷаласаҳои минбаъдаи онро пешниҳод кард», — хабар доданд аз Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ.
Зимни вохӯрӣ инчунин мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 СОЛИ СҲШ: ҲАМКОРӢ БАҲРИ СУБОТ ВА ШУКУФОӢ», ки нахуст дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр ва аз ҷониби Сафорат ба шакли китоб чоп шудааст, ба иштирокчиён тақдим гардид. Клуби сафирони СҲШ майдони ғайрирасмии мубоҳисавӣ буда, ба дарёфти самтҳо, шаклҳо ва усулҳои нави ҳамкории бисёрсоҳавӣ дар доираи СҲШ нигаронида шудааст. Чунин клуб дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин низ таъсис ёфтааст.