Вакилони палатаи поёнии Парлумон лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва қабул намуданд

????????????????????????????????????

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва қабул намуданд.

Зимни баррасии ин масъала масъулини соҳа — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Файзулло Машраб, Насиба Содиқӣ,  Сумангул Тағойзода, Амонулло Хайрулло, Рустам Латифзода, вакилони мардумӣ Саидҷаъфар Усмонзода, Рустам Қудратов иброз намуданд, ки лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи мазкур бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ва ба ин васила ба шакли ягонаи муттаҳидшудаи электронӣ ба ҳисоб гирифтани амалиёти аз ҷониби андозсупоранда анҷомдодашаванда, ки ба зиёд гардидани манбаъҳои андозбандӣ  мусоидат менамояд, инчунин сода ва оммафаҳм намудани муқаррароти он таҳия гардидааст.

Дар лоиҳа теъдоди умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.

Ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, инчунин таъмини шаффофият дар ин раванд, ҳадди даромади андозбандинашавандаи шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд.

Дар баробари ин, дар лоиҳа меъёри ягонаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои ҷои кори асосӣ 12 фоиз пешбинӣ карда шуд.

Инчунин бо мақсади коҳиш додани сарбории андоз нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ меъёри андози иҷтимоӣ 20 фоиз ва барои суғурташавандагони муассисаҳои буҷетӣ 25 фоиз пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи Кодекси мазкур меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 – 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 – 13 фоиз пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи Кодекси пешниҳодгардида аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат буда, дар он ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.

Мутобиқи лоиҳаи Кодекс теъдоди умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.

Дар иҷлосия ҳамчунин Оинномаи Созмони Исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ, Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон» оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодаи комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёддоштҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми иҷлосия вакилони мардумӣ аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.