Дар Теҳрон Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Дирӯз дар Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири адлияи Эрон Амин Ҳусайн Раҳимӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла пайгирии иҷрои санадҳои баимзорасида миёни мақомоти дахлдори ду кишвар ва такмили пояи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина таъкид шуд, ки ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар тӯли сӣ соли муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон заминаи устувори шартномавӣ-ҳуқуқӣ эҷод шудааст, ки ҳудуди 180 аҳдномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.