Муовини Вазири молия ҳамкорӣ бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуд
27 октябр зимни вохӯрии муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва Роҳбари намояндагии Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Чо Ингю масъалаҳои маблағгузории Фонди мазкур ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ки фарогири шумораи зиёди баҳрагирандагон мебошанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Зикр шуд, ки Фонди мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Корея тааллуқ дошта, барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлатҳои шарик қарзи имтиёзнок пешниҳод менамояд. Инчунин бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони пешниҳоди кумаки техникӣ барои омодакунии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ (ТЭО) мавҷуд мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини Вазири молия ҳамкориро бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ибрози омодагӣ намуд.