Роҳбарони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд дастрасии молиявӣ ва маблағгузории сабзро баррасӣ карданд
1-2 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо ташаббуси Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» ҳамоиши минтақавӣ доир гардид, ки дар он дар радифи роҳбарону намояндагони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ иштирок намуд.
Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамоиши минтақавӣ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» доир гардида, ҳадафаш таҳкими ҳамкории байнибонкӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди иқтисодиёт дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ҳамоиш намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» ва бонкҳои шарики Фонди мазкур дар мавзӯъҳои «Дастрасии молиявӣ», «Дастгирии соҳибкории хурду миёна: Таъсири омӯзиши соҳибкорон» ва «Маблағгузории сабз» маърӯза намуда, пешниҳодҳои судманд баён доштанд.Иштирокдорони ҳамоиш инчунин бо дастовардҳои дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» татбиқгардида шинос шуданд.