Семинар-машварат оид ба бехатарии корхонаҳои саноатии кишвар

Мавзӯъ: Тартиби риояи қоидаҳои бехетарӣ ҳангоми гузарондани корҳои омӯзиши геологӣ

Масъулину кормандони Хадамоти назорати  давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бехатарии корхонаҳои саноатии кишвар семинар машварат доир намуданд. Масъулин зимни суханронӣ баён доштанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошанд.

Дар фаъолияти соли 2021 дар соҳаи маъданҳои рангаи ҶТ нишондодҳои назаррас ба чашм мерасад. Дар ин давра ҳаҷми истихроҷи металлҳои қимматбаҳо, метталҳои ранга, нодир ва метталҳои сиёҳ назар ба давраи пеш аз истиқлолияти кишвар афзун гардидааст. Нозироти давлатии геологӣ дар корхонаҳое, ки фаъолияти гузарондани корҳои ҷустуҷӯи иктишофӣ  канданиҳои фоиданок машғуланд, новобаста аз шакли моликияташон назорат мебаранд. Иҷроиши талаботҳои лоиҳаҳои корҳои ҷустӯҷӯӣ ва иктишофи геологиро марҳила ба марҳила назорат мекунад.

Риояи тарзи дурусти истифодабарии қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунандаро дар соҳаи омӯзиши геологӣ, аз он ҷумла корҳои ҷустуҷӯӣ, иктишофӣ ҳангоми истихроҷ, арзёбӣ, иктишофӣ, ҷамъоварии коллексияҳои менералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ, назорати ташкили дурусти корҳои иктишофи ва саривақат пешниҳод намудани ҳисоботҳои корҳои геологӣ ва истифодаи дурусти захираҳоро таъмин менамояд.

Мавзӯъ: Риояи талаботи бехатарии саноатӣ дар корхонаҳои истихроҷкунандаи конҳои маъмули шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ

 

Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ-техникӣ ҳамчун воҳиди сохтори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ дар доираи ваколатҳои худ фаъолият менамояд. Назорат шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки  бо таъмини бехатарӣ дар давраи лоиҳакаши сохтмон, таъмири асосӣ мавриди истифодабарӣ ќарор додан, таҷдиду барќарорсозӣ, маҳфуз доштан ва барҳам додани иншооти корӣ алоқаман аст, назорат мебарад.

Тавре баён гардид, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз рӯи маълумоти нозироти давлати назорати кӯҳӣ-техникӣ 103 корхонаи истихроҷи регу шағал ва 42 корхонаи истихроҷи гилхок фаъолият менамояд. Ташкилу баргузор намудани чунин семинар машваратҳоро масъулин дар пешварии кор медонанд.

Масъулину кормандони нозироти  давлатии назорати кӯҳӣ-техникӣ дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо кормандону мутахассисони соҳаи саноат ҷиҳати риояи қоидаҳои техникаи бехетарӣ ҳамчун дастури кории ҳаррӯза дониста  барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ корбарӣ менамоянд.