Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифро дар ноҳияи Хуросон ба истифода доданд
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд.
Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон иншооти ҷашнӣ буда, дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарзин-7” бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Масоҳати умумии замини иншоот 1493 метри мураббаъро дар бар гирифта, фармоишгари бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иншооти нави соҳаи маориф дар ноҳияи Хуросон 4-ошёна буда, аз 33 ҳуҷраи корӣ, толори васеи технологии пайваст бо шабакаи интернет, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ бо 75 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар ошёнаҳои 3-юм ва 4-юми бино ҳамчунин Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷойгир карда шудаанд.
Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар асоси талаботи имрӯза бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити фаъолият муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Китобхонаи шуъбаи маориф дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир буда, дорои қариб 10 ҳазор адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ мебошад, ки аз он баробари кормандон дигар дӯстдорони каломи бадеъ низ метавонанд ба таври васеъ истифода кунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар бино баҳо баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.
Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Хуросон барои кормандон шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.