Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ҷавононро дар шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон ифтитоҳ намуданд
29 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Обикиик бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебою замонавӣ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Маркази ҷавонон аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи беш аз 5 миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар асоси санъати хоси меъмории миллӣ сохта шудааст.
Бинои Маркази ҷавонон дар ноҳияи Хуросон аз 21 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ, маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст, толори компютерии пайваст бо шабакаи интернет бо 44 ҷой, ду толори китобхона, 4 ҳуҷраи техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Иншооти замонавӣ дар партави сиёсати давлатии ҷавонон бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ — 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бино соли 2018 бо ҷалби бинокорону мутахассисони маҳаллӣ оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллӣ ба анҷом расонида шудааст.
Фармоишгари иншоот — Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино барои ҷавонони сарбаланди ноҳияи Хуросон имкони васеъ дар самти забономӯзӣ, аз худ кардани нозукиҳои технологияи муосир, ҳунарҳои гуногун ва ташкилу баргузории маҳфилу чорабиниҳо фароҳам омад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо гирандагони стипендияи президентӣ дар толори барҳавои марказ ба истифода додани ин бинои замонавиро идомаи мантиқии дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба наврасону ҷавонон арзёбӣ карданд.