Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири фаъолияти кормандон дар он шинос шуданд.
Иншоот дар масоҳати 7 садяк замин бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби бинокорону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дилафрӯз” — и шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, дар он шароити муосири фаъолият барои кормандон муҳайё гардидааст.
Иншооти навбунёд аз 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти хубу пурсамари минбаъдаи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист имконияти зарурӣ мавҷуд мебошад.
Дар ноҳияи Хуросон давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бунёду ба истифода додани иншооти муосири хизматрасонию маишӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати кору хизматрасонӣ ба сокинон биноҳои маъмурӣ ҳам бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ба ҳусни кӯчаву маҳаллаҳо зебоии хоса зам мек