Тренинг дар Ҷумҳурии Узбекистон
Намояндагони Хадамот – Мирзозода Ардашер Абдуғафор – муовини якуми сардори Хадамот ва Назриев Хурсанд Холович – сардори нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ дар тренинг дар полоишгоҳи саноатии Комбинати куҳӣ-металлургии Алмалики Ҷумҳурии Ўзбекистон, ки санаи 24-26 сентябри соли 2024 баргузор гардид, иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар ҳамкорӣ бо Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ўзбекистон ва бо дастгирии молиявии Идораи федералии Швейтсария оид ба муҳити зист ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагон ва экспертҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, мақомотҳои масъули давлатии Ҷумҳурии Ўзбекистон, аз ҷумла, Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, Нозирот оид ба назорати кўҳӣ ва геологияи Вазорати саноати кўҳӣ ва геология, Вазорати захирањои об, Кумитаи ҳолатҳои фавќулодда, Академияи илмҳо, ҳамчунин роҳбарият ва шахсони масъули Раёсати маъдани Ангрени ҶС “Комбинати кўҳӣ-металлургии Алмалик” иштирок намуданд.
Санаи 24 сентябри соли 2024 дар шаҳри Тошканд ҷаласа оид ба омодагии назариявии тренинг баргузор гардида, экспертњои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар якҷоягӣ бо намояндагони Хадамот ба иштирокчиёни тренинг вобаста ба истифодабарии методологияи
полоишгоҳҳо, тартиби арзёбии бехатарӣ ва оид ба тартиби истифодаи рўйхати назоратии полоишгоҳҳо баромад намуданд.
Санаи 25 сентябри соли 2024 иштирокчиёни чорабинї ба полоишгоњи Раёсати маъдани Ангрени ҶС “Комбинати кўҳӣ-металлургии Алмалик” сафар намуда, методологияи Комиссияи иќтисодии СММ барои Аврупоро дар полоишгоҳ истифода намуданд. Зимни боздид аз полоишгоҳ ба иштирокчиён оид ба фаъолияти истењсолии корхона ва полоишгоҳи фабрикаи бойгардонӣ маълумот доданд. Сипас иштирокчиён њангоми назорати визуалї ва суҳбат бо намояндагони корхона саволњои рўйхати назоратиро пур намуданд. Фаъолияти Раёсати маъдани Ангрен ин истихроҷ ва коркарди маъданҳои кўҳӣ барои истеҳсоли консентрати бойгардонидашудаи тилло мебошад. Маъдани тилло аз конњои Коч-Булак, Ќизил-Олма ва Кайрагоч истихроҷ карда мешаванд.
Санаи 26 сентябри соли 2024 иштирокчиёни тренинг аз рўи натиҷаҳои назорати визуалӣ ва рўйхати назоратии методологияи Комиссияи иќтисодии СММ барои Аврупо дар шаҳри Тошканд баромад ва презентатсия намуданд. Дар фарљоми тренинг ба тамоми иштирокчиён сертификати Комиссияи иќтисодии СММ барои Аврупо супорида шуд.