Ҷаласаи 22-юми Шўрои байнидавлатӣ оид ба бехтарии саноатӣ дар ҶТ
Ҷаласаи 22-юми Шўрои байнидавлатӣ оид ба бехтарии саноатӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тайи рўзҳои 17 -18 – уми сентбяр баргузор мегардад. Дар расми ифтитоҳи ин ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Точикистон Усмоналӣ Усмонзода иштирокчиёниро ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз раванди ҳамкориҳои кишвари мо бо давлатҳои иштирокчӣ ёдовар шуданд. Дар ҷаласа намояндагони 11 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври ҳузурӣ ва намояндагони ҷумҳуриҳои Ќирѓизистон Қазоќистон ба таври онлайн иштирок доранд.
Намояндагони аъзои Шўро, давлатҳои ИДМ ва нозир тайи ду рўз масоили марбут ба бехтарии корҳо дар саноатро мавриди баррасӣ ќарор дода, табодули таҷриба хоҳанд кард. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои рушдкунанда дар соҳаи саноат ва кўҳкорӣ буда, ташкил ва баргузории ингуна ҳамоишҳо дар шаҳри Душанбе барои таҳкиму густариши ҳамкориҳо ва истифодаи пурсамар аз таҷрибаи якдигар мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи Ҷаласаи 22-юми Шўрои байнидавлатӣ оид ба бехтарии саноатӣ иштирокчиён атрофи мавзўъҳои гуногун маърўза намуда, ташкил ва баргузории ҳамоиши мазкурро қадами муҳим барои табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа ва коршиносони миллию байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ маънидод карданд.