Ҳисоботи мухтассар оид ба фаъолияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024

Дар Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 3299 корхона ва 14275 иншоотҳо ба ќайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва иншоотҳои ба қайдгирифташуда 160 назорати техники гузаронида шуданд, ки аз инҷо 144 назорати наќшавӣ ва 16 назорати ѓайринаќшавӣ мебошад.
Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ нозирони Хадамот 2019 бандњои вайронкунињои санадњои меъёрии ҳуќуќиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 160 санад-нишондод ва 3 нишондод оид ба боздошти кор пешнињод гардид.
Дар давраи ҳисоботї 180 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воќеии корхонањои баќайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 792232.0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва иншоотҳои баќайдгирифташуда 77 иҷозатномаи намудҳои фаъолият дода шудааст.
Дар корхонаву иншоотҳои зериназоратии Хадамот дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳамагӣ 18 ҳодисаи нохуш ба ќайд гирифта шудааст, ки дар натиља 14 нафар њалок ва 6 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбати 7 нафар шахсони ҳуқуқӣ , 28 нафар шахси мансабдор ва 2 нафар шахсони воќеї аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиќ гардида, яъне ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблаѓи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиќгардида 141120.0 сомониро ташкил додааст.

МАРКАЗИ МАТБУОТЇ
www.nazorat.tj
e-mail:info@nazorat.tj