Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сатториён М.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Сатториён Матлубахон Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№712

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Давлатзода З.Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Давлатзода Зулфия Давлат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№713

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қодирзода С.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№714

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Арабии Миср озод намудани Қосимӣ Заробиддин

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қосимӣ Заробиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№715

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Муассисаи давлатии
«Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон» озод намудани Розиқзода А.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№716

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Президенти Академияи
илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
озод намудани Асозода Н.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Асозода Нуралӣ Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№717

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Леваканти вилояти Хатлон
озод намудани Файзиддинзода Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Файзиддинзода Бунафша бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№718

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мансурӣ Д.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Мансурӣ Дилрабо Сайдулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№719

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло

аз 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб шуд.

Соли таваллуд: 29 январи соли 1974           Ҷои таваллуд: шаҳри Хуҷанд

Миллат: тоҷик                                               Маълумот: олӣ

Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос:                                                          муҳандис-технолог

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:            русӣ, англисӣ

Унвони илмӣ:                                                доктори илмҳои техникӣ (2009) Узви вобастаи  АМИТ (2017)

Вакили халқ ҳаст ё не:                                  Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз

гардонида шудааст ё не:                                Ордени «Шараф дараҷаи 2», соли 2021

Мукофотҳои соҳавӣ:                                    Аълочии маорифи Тоҷикистон, соли 2010

Вазъи оилавӣ:                                                оиладор, соҳиби  2 фарзанд

Суроға:                                                           ш.Душанбе, кӯчаи Пушин 81, ҳуҷраи 6

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1991-1996

Донишҷӯи Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

05-09 соли 1997

Лаборанти калони кафедраи «Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

 

Солҳои 1997-2001

Ассистенти кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2001-2005

Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи  «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2005-2008

Мудири кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2008-2010

Дотсенти кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2010-2014

Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2014-2015

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Солҳои 2015-2020

Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия (даъвати панҷум)

Аз моҳи марти соли 2020
то 29 январи соли 2024

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум)

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сатториён М.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Сатториён Матлубахон Амонзода вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№720

САТТОРИЁН Матлубахон Амонзода  

аз 03 ноябри  соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад

Соли таваллуд  19 сентябри соли 1972  Ҷои таваллуд  ноҳияи Б.Ғафуров

Миллат   тоҷик                                          Маълумот          олӣ

Соли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст

Ихтисос    муаллими забон ва адабиёти тоҷик

Унвони илмӣ   номзади илмҳои филологӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, форсӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не  вакили Маҷлисҳои вакилони шаҳри Гулистон ва вилояти Суғд

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   — соли соли 2011 медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2017 Медали «Хизмати шоиста»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989-1994-

Донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Киров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1994-2002- Танзимгар, муаллима, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2002-2003- Муовини декан, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2003-2008- Сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илм, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2008-2011- Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  шаҳри Хуҷанд
01-08 соли 2011- Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошари вилояти Суғд
Солҳои 2011-2014- Раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд
Солҳои 2014-2018 Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд
Солҳои 2018-2020 Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд
аз ноябри соли 2020
то 29 январи соли 2024
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимзода С.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№721

РАҲИМЗОДА Султон Нурмаҳмадпур          

аз 28 сентябри соли 2020  дар вазифаи  Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал кор мекунад

Соли таваллуд   12 декабри соли 1974     Ҷои таваллуд   шаҳри Норак

Миллат   тоҷик                                           Маълумот         олӣ

соли 1996  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос     муҳандиси сохтмони иншоотҳои обӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, англисӣ, форсӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  — соли 2011  медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1991-1996

Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-1997

Электоромонтёри лабораторияи электортехникии Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак

Солҳои 1999-2000

Техники шӯъбаи истеҳсолӣ-техникии ҶСК «Норак НБОсоз»

Солҳои 2000-2002

Оператори мошинҳои электронии ҳисоббарори сехи иншоотҳои обии НБО-и Норак

Солҳои 2002-2003

Муҳандиси барномасози сехи иншоотҳои НБО-и Норак

Солҳои 2003-2004

Сармутахассиси бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал

Солҳои 2004-2005

Сардори бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал

Солҳои 2005-2009

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2010

Мудири Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2013

Муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2013-2019

Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2019-2020

Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон  ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва  дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка

аз сентябри соли 2020
то 29 январи соли 2024

Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Давлатзода С.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№722

 

ДАВЛАТЗОДА Сайфиддин Хайриддин

аз 24 январи соли 2020 дар вазифаи Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» кор мекунад

Соли таваллуд 25 сентябри соли 1970        Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

Миллат   тоҷик                                              Маълумот       олӣ

соли 1996 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос     химик-биолог

Унвони илмӣ  дотсент, доктори илмҳои биологӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, англисӣ (бо луғат)

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не- не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не –не

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

09-11 соли 1988

Борбардори Идораи савдои шаҳри Норак

Солҳои 1988-1990

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи советӣ

01-05 соли 1991

Сарпешоҳанги Мактаби миёнаи №51, ноҳияи Данғара

Солҳои 1991-1996

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон

Солҳои 1996-1998

Ассисенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1998-2000

Аспиранти шӯъбаи рӯзонаи институти ботаникаи АИҶТ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2006

Омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2006-2007

Дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2007-2009

Мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2010

Мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2014

Сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2015

Сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2018

Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2020

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз январи соли 2020
то 29 январи соли 2024

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Президенти Академияи
илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
таъин намудани Салимзода А.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Салимзода Амонулло Файзулло Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№723

 

САЛИМЗОДА Амонулло Файзулло

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд   30 майи соли 1967          Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

Миллат     тоҷик                                        Маълумот     олӣ

соли 1991 ва 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос    агрономи олим, иқитисодчӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не    нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2011 медали ҷашнии «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1984-1985

Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1985-1987

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ вилояти Амур

Солҳои 1987-1991

Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1991-1993

Лаборанти калони Институти илмӣ-тадқиқотии биотехнология, ноҳияи Рӯдакӣ

Солҳои 1993-1996

Ассистенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-1997

Аспиранти кафедраи «Физиологияи наботот ва биотехнология»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1997-2001

Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ», ҷонишини декани факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2004

Ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2004-2007

Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таҳсили ғоибона

Солҳои 2007-2008

Мудири шӯъбаи таҳсили ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2009

Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таҳсили ғоибона

Солҳои 2009-2013

Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таълим

Солҳои 2013-2020

Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

01-11 соли 2020

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то  29 январи соли 2024

Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон