Маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023.

 Дар Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 3045 корхона ва 12819 объектҳо ба ќайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатии марказӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳ ои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва объектҳои баќайдгирифташуда 225 назоратҳои техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 197 назорати наќшавӣ ва 28 назорати ғйринаќшавӣ мебошад.

Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 2270 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуќуќиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани қоидавайронкуниҳо дар корхонаҳои зериназоратї 225 санад-нишондод ва 11 нишондод оид ба боздошти кор пешнињод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 328 нафар шахсони ҳуќуқӣ мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблаѓи умумии 1696284 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва объектҳои баќайдгирифташуда тибќи тартиби муќарраргардида 155 иҷозатномаи намудҳои фаъолият дода шудааст.

Дар корхонаву объектњои зериназоратии Хадамот дар соли 2023   52 ҳодисаи нохуш ба ќайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 36 нафар ҳалок ва 34 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҷодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатї дар рафти кор бо объекти истењсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.

Барои роҳ додан ба ќоидавайронкуниҳо нисбати 10 шахси ҳуќуќӣ, 45 шахси мансабдор ва 2 шахси воќеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиќ гардида, аримабандӣ карда шудаанд. Маблаѓи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиќгардида 248680,0 сомониро ташкил додааст.

Ба 70 нафар зарардидагон (аз ҷумла 36 нафар фавтидагон) аз тарафи корхонањо, иттифоќҳои касаба ва шахсони воќеӣ дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии якваќтаина, инчунин кумакҳои пулӣ ва молӣ ба маблаѓи 6723145,0 сомонӣ расонида шуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТӢ

www. nazorat.tj, e-mail: info@nazorat.tj